Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эълони хуруҷи Британияи Кабир аз узвияти Иттиҳоди Аврупо дар пайи як ҳамапурсӣ, ояндаи кӯмакҳои ин иттиҳодия ба Тоҷикистонро норӯшан кардааст.

Иттиҳодияи Аврупо дар баробари сармоягузорӣ ба Тоҷикистон, ҳамасола ба ин кишвар ба маблағи 35 миллион евро кӯмаки бебозгашт ба хотири поин рафтани сатҳи фақр мекард. Ба ҷуз, ин соли 2014 ин иттиҳодия бар асоси як қарордод ваъда супурд, ки ба Тоҷикистон то соли 2020 беш аз 250 миллион евро ёрӣ мерасонад.

Ин Иттиҳодия ҳамчунин тавассути "Бонки аврупоии сармоягузорӣ", "Бонки аврупоии таҷдид ва рушд" ва дигар кишварҳои аъзои Иттиҳодия Аврупо наздики 25 дарсади тарҳи "КАСА -1000"-ро сармоягузорӣ карданист. Бар асоси оморҳои расмӣ, саҳми Британияи Кабир ҳамчун узви Иттиҳодияи Аврупо дар кӯмакҳо ба Тоҷикистон аз ҳама бештар буд.

Собир Вазиров, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, берун рафтани Британияи Кабир аз узвияти Иттиҳоди Аврупо ба будҷаи ин Иттиҳодия зиён мерасонад ва бо эҳтимоли зиёд тарҳҳои дар ҳоли амали шудан дар Тоҷикистон, гирифтори мушкил шаванд. Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, Иттиҳоди Аврупо бо хориҷ шудани як узваш ҳатман дар тарҳҳояш дар хориҷ аз кишвар таҷдиди назар мекунад.

Cобир Вазиров. Акс аз бойгонӣ.

Cобир Вазиров. Акс аз бойгонӣ.

Ӯ гуфт: “Барномаҳои қарзии Иттиҳодияи Аврупо, ки саҳми Британия низ зиёд аст, фикр мекунам, таҷдиди назар мешавад. Дар барномаҳои дар ҳоли амалӣ шудан ҳам аз лиҳози расмиёт мушкилиҳо пеш меояд. Ин созишномаҳо ҳам аз сари нав бояд таҷдиди назар шаванд, ки он вақт мегирад ва амали шудани барномаҳоро каме ба дарозо мекашад. Маблағгузориҳое, ки қисм ба қисм ва сол ба сол буд, он ҳам мушкил мешавад. Зеро бо хориҷ шудани Британия саҳми он низ берун мешавад. Агар Иттиҳодияи Аврупо аз дигар ҳисоб ҷои сармояҳои Британияро комил накунад, он гоҳ бархе барномаҳо эҳтимолан татбиқ нашаванд.”

Иқтисоддонҳои тоҷик мегӯянд, бо хориҷ шудани як кишвари қавӣ аз лиҳози иқтисодӣ аз Иттиҳоди Аврупо, ҳатман ин созмон гирифтори мушкил мешавад. Таъсири берунрафти Британияи Кабир дар тарҳҳое, ки дар Тоҷикистон ин иттиҳод барои поин кардани сатҳи камбизоатӣ ва мустаҳкам кардани марзҳо роҳандозӣ мекунад, мушоҳида хоҳад шуд. Зеро ба андешаи Собир Вазиров, Британияи Кабир дар алоҳидагӣ ҷои он кӯмакҳоеро, ки ҳамроҳ бо Иттиҳодияи Аврупо мекард, пур нахоҳад кард. Ҳарчанд, ин кишвар солҳост тариқи созмони DID (Department for International Development) ва Oxfam тарҳои ҷудогонаро дар Тоҷикистон амалӣ мекунад ва гумон намеравад бо берунрафт аз Иттиҳодияи Аврупо, кӯмакҳояшро ба Тоҷикистон бештар кунад.

Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ

Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ

Аммо Рашид Ғанӣ Абдулло, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, берун шудани Баритания аз Иттиҳодияи Аврупо аз нигоҳи сиёсӣ таъсири ҷиддие ба Тоҷикистон надорад. Ӯ гуфт: “Вақте Бритониё дар ҳайати Иттиҳодияи Аврупо буд, ҳамеша лозим меомад, дар муносибат бо ин иттиҳодия Тоҷикистон омилҳои марбут ба Бритониёро ба назар бигирад. Ҳоло ҳамин як мушкили мо танҳо кам шуд. Яъне вақте Тоҷикистон Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, дигар Бритониёро дар назар надорад ва ё Бритониё гӯяд, дигар як кишвари узви ин созмонро дар назар надорад. Вале ба сурати умум, дар муносибати мо бо Бритониё чизи ҷиддие рух намедиҳад. Муносибати ин кишвар чорсад сол боз як ранг аст ва дигар нашудааст. ”

Иттиҳодияи Аврупо, ки ҳамроҳ бо Британия Кабир 28 кишварро дар бар мегирифт, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама бештар ба Тоҷикистон кӯмаки молӣ мекунад. Британияи Кабир аз соли 2010 то соли 2014 ҳамасола ба бдуҷаи Иттиҳоди Аврупо 7.1 миллиард фунт ($10.5 миллиард доллар) ворид мекард ва дар солҳои ахир ин маблағ бештар шуда буд.

Ба назари коршиносон, Иттиҳодияи Аврупо бо аз даст додани як узви нерӯманд дар сармоягузориҳояш ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳо, таҷдиди назар хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG