Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сели беисти "фирори мағзҳо" аз Тоҷикистон


Мақомоти тоҷик аз рафтори ҷавонҳое, ки бо пули давлат дар хориҷ таҳсил кардаанд вале ҳоло намехоҳанд ба ватан баргарданд, шиква мекунанд, аммо ҷавонон мегӯянд, мақомот ба бозгашти онҳо ҳавасменд нестанд.

Марҳабо Мирзоева 5 сол қабл аз Тоҷикистон бо квота ё бурсияи давлат барои таҳсил ба донишгоҳи тибии Маскав рафт. Ҳоло ӯ шаҳрванди Русия аст ва дар яке аз бемористонҳои кӯдаконаи ин кишвар коромузӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, дар ҷарроҳиҳо ширкат мекунад ва барои "сабзиданаш" ҳамчун як пизишки ҳирфаӣ, тамоми шароит фароҳам шудааст.

Марҳабо мегӯяд, ин беморхона ба ӯ даъвати кор додааст ва агарчӣ ӯ мехост дар Душанбе дар назди дӯстону наздиконаш бошад, аммо феълан чунин имконро надорад. Марҳабо мегӯяд, дар Русия барои мутахасиси ҷавон ҷойи кор бисёр аст ва ҳоло чанд бемористон ӯро ба кор даъват кардаанд. "Мутаасифона, дар Тоҷикистон шароити кор нест, ман ин ҷо мемонам, таҷриба мегирам, то табиби ҳирфаӣ шавам"- мегӯяд Марҳабо Мирзоева.

Шамшод, яке аз дигар хатмкардаҳои донишгоҳҳои Русия, ки тибқи квотаи президентии «Дурахшандагон» чанд сол қабл, ба гуфтаи худаш, дар cоҳаи энержӣ, соҳаи барои Тоҷикистон муҳим таҳсил кардааст, пас аз хатми донишгоҳ бо дили пур аз умеду зеҳни пур аз нақшаҳои бузург ба Тоҷикистон баргашт, аммо бо вуҷуди талошу ҷустуҷӯҳои зиёд натавонист ҷойгоҳи худ ё кори муносибе пайдо кунад.

Донишҷӯёни тоҷик дар Астрахани Русия. Акс аз бойгонӣ.
Донишҷӯёни тоҷик дар Астрахани Русия. Акс аз бойгонӣ.

Ба қавли Шамшод, онҳо ба «одамони зиёдатӣ» табдил ёфтаанд. Шамшод мегӯяд, имрӯз ҷавонони арзандаву тавонои зиёдеро медонад, ки аз Русияву кишварҳои дигар бо донишҳои замонавӣ ба ватан бармегарданд, аммо аксараш пас аз як мӯҳлати кӯтоҳ дубора рахти сафар мебанданд.

Шамшод мегӯяд, таҳсилкардаҳои донишгоҳҳои хориҷӣ бо ваъдаҳои зиёд ба ватан бармегарданд, аммо ба онҳо 300-400 сомон пешниҳод мешавад, ки бисёр дилсардкунанда аст. «Масалан, ман вақте ба Тоҷикистон бармегаштам, фикр мекардам, ки давлат барои ман маблағи зиёд сарф кардааст ва ҳатман, ки бе ҷойи кор намемонам. Аммо бо вуҷуди муроҷиату талошҳои зиёд дар чандин ниҳоду муассисаҳо натавонистам аз рӯйи ихтисоси худ кори муносибе пайдо кунам. Ҳоло ҳама ҳамон аризаву муроҷиатҳои бенатиҷаам дар дастам хотира мондааст»- мегӯяд Шамшод.

Мисли Марҳабо ва Шамшод ҳамасола бар асоси шартномаи давлат ва барномаи «Дурахшандагон» беш аз 2 ҳазор донишҷӯ барои таҳсил ба зиёда аз 20 кишвари хориҷи кишвар равон мешаванд. Дар маҷмӯъ, имрӯз 11 ҳазор донишҷӯи тоҷик расман дар хориҷ аз кишвар таҳсил мекунад. Масъулини маориф мегӯянд, оморе рӯйи даст надоранд, ки ҳамасола чӣ теъдод аз ҷавонон баъди хатм ба кишвар бармегарданду, чӣ теъдоди онҳо бо ҷойи кор таъмин мешаванд.

Аммо Самариддин Афғонов, раҳбари барномаҳои байналмилаллии вазорати маориф мегӯяд, бозгашти ҳамаи ин ҷавонон ҳатмӣ нест ва танҳо давлат барои баргардонидани онҳое талош мекунад, ки ба ихтисосашон зарурат дорад:"Тибқи шартнома онҳое, ки бо барномаи "Дурахшандагон" дар хориҷ дар ихтисосҳои мавриди ниёзи кишвар таҳсил кардаанд, бояд ба ватан баргашта панҷ сол фаъолият кунад. Вале дигарон агар омаданд, хуб, агар не, он ҷо ҳам ки истод, ба оилааш ва ба ватан таъсираш хоҳад расид.»

Ин сиёсати вазорати маориф, ки бо гардонидани “мағзҳои тоза” ҳавасманд нест, ақидаеро дар ҷомеа ба вуҷуд овардааст, ки намояндагони “мактаби кӯҳна” барои рақобат бо насли нав, махсусан онҳое, ки дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил кардаанд, омода нест ва бинобар ин намехоҳад онҳо бозгарданд.

Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни тоҷик дар Амрико. Акс аз бойгонӣ.
Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни тоҷик дар Амрико. Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти тоҷик танҳо ба бозгашти гурӯҳҳои алоҳидаи донишҷӯён ҳавасманд ҳастанд. Ба бозгашти онҳое ки кишвар ба дониши онҳо оҷилан ниёз дорад, мисли соҳаи гидроэнергетика. Ахиран нашрияи Foreign Policy дар як раддабандӣ Тоҷикистонро дар садри кишварҳое қарор дод, ки мағзҳояш ба шиддат фирор мекунанд. Таҳлилгарон мегӯянд, Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки барои нигаҳдории ин раванд коре накардааст.

То ҳол дар сатҳи ҳукумат аз фирори мағзҳо ба унвони як мушкили миллӣ ҳарф назадаанд ва иқдоми ҷиддие ҳам рӯйи даст гирифта нашудааст, фақат ахиран аз донишмандони ҷавони тоҷик дар хориҷ аз кишвар даъват шуд, ки аз донишу нерӯи худ барои рушди Тоҷикистон ҳам истифода баранд.

Ҷамшед Қуддусов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, як омили камтаваҷҷӯҳии Тоҷикистон барои бозгашти донишмандони ҷавон аз хориҷ дар он аст, ки ин кишвар қудрати таъмини сокинонаш бо ҷойи корро надорад. Ҷаноби Қудусов мегӯяд: «Вақте қувваи корӣ дар давлат хеле зиёд аст, таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳам нишон медиҳад, ки дигар нерӯи корӣ ҳам беқадр мешавад. Фикр мекунем, ки ин боигарии мо аст ва чӣ қадаре хоҳед аҳолӣ афзоиш ёфта истодааст ва мо метавонем ҳар вақте, ки лозим шуд онро истифода барем. Вале воқеият ин аст, ки нерӯи корӣ аз нерӯи корӣ фарқ дорад, қувваи корие ҳаст, ки дар иқтисодиёт аз он аслан истифода бурда намешавад, яъне бесавод аст. Вақте давлат барои омода кардани як мутахассис маблағгузорӣ мекунад, бояд дақиқ донад, ки ин мутахассисро дар куҷо ва чӣ тавр истифода бурда метавонад.»

Ҷамшед Қудусов мегӯяд, беқадрии мағзҳо ва бетаваҷҷуҳӣ ба масъалаи фирори онҳо, барои иқтисоди Тоҷикистон, ки бе ин ҳам мелангад, паёмади ногуворе хоҳад дошт. Ба қавли ӯ, аз ҳоло нишонаҳои ин раванд дар бархе аз соҳоти кишвар, ки бо камбуди мутахассисон рӯ ба рӯянд, мушоҳида мешавад.

Барои омода кардани як мутахассис дар хориҷ аз кишвар, тибқи стипендияи президентии «Дурахшандагон», Тоҷикистон вобаста ба ҷои таҳсил аз 10 то 20 ҳазор доллар масраф мекардааст. Аммо донишҷӯ, ки ба қавли намояндаи вазорати маориф аз дур ҳам метавонад ба кишвараш фоида расонад, таҷрибаи худро дар давлатҳое сарф мекунад, ки барои таҳсили ӯ як танга ҳам сарф накардаанд.

XS
SM
MD
LG