Пайвандҳои дастрасӣ

Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева ба даври ниманиҳоии қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни занон, ки дар Чин ҷараён дорад, роҳ ёфтанд.

Муштзанҳои тоҷик Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева ба даври ниманиҳоии қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни занон, ки дар шаҳри Уланчаби Чин ҷараён дорад, роҳ ёфтанд. Ҳарду муштзани тоҷик, ки барои худаллакай медалҳои биринҷиро таъмин намуданд, дар даври ниманиҳоӣ барои роҳ ёфтан ба финал мубориза мебаранд.

Мавзуна Чориева, барандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон ва чемпионати ҷаҳон, қаҳрамони Осиё дар соли 2010, дар рақобатҳо дар вазни зери 60 кило баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Шри-Ланка ва Узбакистон ба нимфинал баромад. Дар қувваозмоии ниманиҳоӣ Мавзуна бо муштзани Кореяи Шимолӣ рақобат мекунад.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Шоира Зулқарнаева бошад, дар вазни зери 64 кило, ки рақиби муғулашро шикаст дод, дар даври ниманиҳоӣ бо варзишгардухтари Чин вориди рақобат мешавад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон чаҳор варзишгар - Дилафрӯз Зафарова (48 кг), Рухшона Раҳмонзода (54 кг), Мавзуна Чориева (60 кг), Шоира Зулқарнаева (64 кг) ва мураббиён Ҷамшед Султонов ва Мирзо Шамсиев шомиланд. Зафарова ва Раҳмонзода, ки дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.

Ба ин тартиб, аз Чин 8 нафар, аз Ҳиндустон 6 нафар, аз Кореяи Шимолӣ 5 нафар, аз Қазоқистону Узбакистон дунафарӣ, аз Кореяи Ҷанубӣ 3 нафар, аз Муғулистон, Тайланд ва Тоҷикистон дунафарӣ, аз Тайван, Ҷопон, Филиппин ва Ветнам якнафарӣ ба нимфинал баромаданд.

Даври ниманиҳоӣ рӯзи 12 август ва қувваозмоиҳои ниҳоӣ 13 август баргузор мешаванд.

Ин мусобиқаи қитъавӣ барои муштзанҳои Осиё имтиҳонест пеш аз мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни занон, ки моҳи феврали соли 2016 дар шаҳри Алматии Қазоқистон барпо мегардад.

Хабарнигори Радиои Озодӣ бо Мавзуна Чориева пеш аз сафараш ба Чин ҳамсуҳбат шуд, ки ин ҷо мешунавед:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG