Пайвандҳои дастрасӣ

Мавзуна Чориева - муштзани маъруфи тоҷик - дар сабқати қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон дар Остона шонси охиринашро барои дарёфти роҳхати Бозиҳои олимпӣ истифода хоҳад кард.

Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқайнарова - ду муштзани тоҷик - муборизаро барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии 2016 дар сабқати қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон дар Остона идома хоҳанд дод. Ин мусобиқа аз 19 то 27 май дар маҷмааи варзишии “Барис - Арена”-и пойтахти Қазоқистон баргузор шуда, дар он беш аз 320 варзишгар аз 73 кишвари ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.

Бобоҷон Маҳмадрасулов, дабири кулли Федератсияи бокси Тоҷикистон, рӯзи 18 май ба Озодӣ гуфт, ки Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 2012 дар Лондон, дар вазни то 60 кило ва Шоира Зулқайнарова, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, дар вазни то 75 кило рақобат мекунанд. Ӯ гуфт, ки ин баромади Мавзуна ва Шоира "шонси охиринашон барои дарёфти роҳхати Бозиҳои тобистонаи олимпист".

"Варзишгарон ба ҷуз унвони қаҳрамонӣ ва медалҳо, инчунин, дар се вазн (-51, -60 ва -75 кило) барои 12 роҳхат ба Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мубориза мебаранд. Яъне, муштзанҳое, ки мақомҳои ифтихориро ишғол мекунанд, соҳибони роҳхатҳои олимпӣ мешаванд. Ин охирин имконоти ба даст овардани роҳхатҳои олимпӣ барои бонувони муштзан маҳсуб мешавад," – гуфт ӯ.

Ба иттилои Бобоҷон Маҳмадрасулов дар даври муқаддамотӣ Мавзуна Чориева бегоҳи 19 май бо варзишгари Тайван Вен-Линг Чен вориди рақобат мешавад. Дар рақобатҳо дар вазни то 60 кило ҳамагӣ 47 муштзан иштирок мекунанд.

Шоира Зулқайнарова баъд аз зуҳри 19 май дар нахустин даври мусобиқа бо Сараҳ Шеурих аз Олмон қувваозмоӣ хоҳад кард. Дар рақобатҳо дар вазни то 75 кило ҳамагӣ 34 муштзан ширкат меварзад.

Маросими ифтитоҳи ботантанаи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар маҷмааи “Барис – Арена”-и Остона бегоҳи 19 май баргузор хоҳад шуд.

Ба назари коршиносон дар байни муддаиёни аслии медалҳои тиллои қаҳрамонии ҷаҳон муштзанҳои маъруф, ба монанди Кэти Тэйлор (Ирландия), Мэри Ком (Ҳиндустон), Кларисса Шилдс (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), қаҳрамони олимпӣ Никола Адамс (Британия) ва Жэн Тзантзан (Чин) ҳастанд.

Намояндагони Урдун, Мозамбик ва Серра-Леоне барои аввалин бор дар чунин мусобиқа иштирок мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир аз Тоҷикистон танҳо Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии 2016 дар Рио де-Жанейро аст. Гуштигири шинохта Комроншоҳи Устопириён низ имтиёзҳои зарурӣ барои дарёфти роҳхати олимпиро ба даст овардааст, вале ширкаткунандагони олимпиадаи Рио дар риштаи ҷудо (Judo) 10 июн эълон хоҳанд шуд.

Дар олимпиадаи соли 2012 дар Лондон Тоҷикистонро 16 варзишгар намояндагӣ карда, аз миёнашон фақат Мавзуна Чориева бо медали биринҷӣ баргашта буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG