Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заҳролудшавӣ аз консерви дастисохт дар иди Наврӯз


Чаҳор нафари заҳролудшуда аз истеъмоли консерви худсохт дар ноҳияи Ашт дар ҳоли вазнин қарор дошта, вазъи дигар нафарони гирифтор ба ботулизм беҳтар шудааст.

Умед Ғиёсов, раҳбари маркази беҳдоштиву вогиршиносии вилояти Суғд дар ин бора рӯзи 27-уми март ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир 4 нафар бемори ботулизм, 3 кӯдак ва як зан дар шӯъбаи эҳёи беморхонаи марказии ноҳияи Ашт таҳти муроқибати табибон қарор доранд. Вай афзуд, ки ҳамчунин 3 сокин дар ҳолати миёна ва 26 сокини дигар дар ҳолати сабук дар бемористон бистариянд.

Ба гуфтаи вай, рӯзи гузашта, 26-уми март як гурӯҳи вижаи табибони мутахассис аз вазорати тандурустӣ ба аёдати беморон рафтаанд. Як гурӯҳи кории вижа иборат аз табибони беҳдоштӣ ва вогиршиносии ҷумҳуриявию вилоятӣ таъсис шуда, барномаву тадбирҳои пешгирӣ аз бемории ботулизм ва ба аҳолӣ фаҳмондани роҳҳои ҷилавгирӣ аз ин маризиро дар ноҳияи Ашт рӯи даст гирифтаанд.

Ба гуфтаи табибон, рӯзи 23–юми март ҳангоми таҷлили ҷашни Наврӯз дар манзили яке аз сокинони деҳаи Қаҳрамони ҷамоати Шодобаи ноҳияи Ашт ҳудуди 50 сокин аз истеъмоли консерви дастисохти помидору бодиринг заҳролуд шудаанд. Ба думбол табибон саривақт онҳоро ба бемористон бурдаанд ва ин боиси ҷилавгирӣ аз марги онҳо шудааст.
33 сокини Ашт аз истеъмоли консерв заҳролуд шудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:54 0:00
Линки мустақим

Яке аз шоҳидони ҳол, ки марди ҳамсояи беморашро ба бемористон интиқол додааст, бидуни зикри номаш гуфт, ки “вай аз дарди шикам шикоят мекард, чашмонаш каҷ шуда, нафаскашиаш душвор буд, мегуфт, ки гӯё касе гулӯяшро хафа карда истода бошад.”

Абдухолиқ Абдувоҳидов, табиби вогиршинос аз бемористони вогиршиносии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, заҳролудшавии одамон аз истеъмоли консерв дар ноҳияи Ашт ягона чунин ҳодиса дар минтақа нест. Чаҳор сокини ноҳияи Масчо ва ду сокин аз ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Табошар низ бо нишонаҳшои бемории ботулизм баъди истеъмоли консерви помидору бодиринг ба ин бемористон муроҷиат карда, баъд аз шустушӯи меъдаашон ва табобат сиҳат ёфтаанд. Ба таъкиди ин табиби вогиршинос, шарти аввал ва асосии гирифтор нашудан ба бемории ботулизм худдорӣ аз истеъмоли консервҳоест, ки ранги оби онҳо хира гашта, таъми меваю сабзавот талх шудааст.

Аммо бо ин вуҷуд касоне, ки аз хӯрдани консерв дар худ заҳролудшавиро мебинанд, чӣ бояд кунанд? Дар посух ба ин саволи Озодӣ ҷаноби Абдувоҳидов гуфт: “Якум, бемор бояд меъдаи худро бо роҳи қайкунӣ бишӯяд ва ҳатман ба табиб муроҷиат кунад. Табибон бо ошкор кардани аввалин нишонаи ботулизм ба бадани бемор зардоби махсуси алайҳи ботулизм мефиристанд ва ба табобат сар мекунанд.”

Дар Тоҷикистон бештари сокинон тирамоҳу тобистон барои худ консервҳои меваю сабзавот тайёр ва барои зимистону аввали баҳор захира мекунанд. Биноан дар ин фаслҳо заҳролудшавии одамон аз консерв зиёд рух медиҳад.

Табиби вогиршинос - Абдухолиқ Абдувоҳидов мегӯяд, шарти муҳими пешгирӣ аз заҳролуд шудани консерв ҳангоми омода кардани он тоза шустани меваю сабзавот, асбобу зарфҳо аст, то ки ангезандаи заҳролудкунандаи консерв дар фазои маҳкам ба зарф роҳ наёбад.

Ин гуна ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории хатарноки ботулизм ё худ заҳролудшавӣ пеш низ аз истеъмоли консервҳои дастисохт дар Тоҷикистон рух дода буд. Чунончи тирамоҳи соли 2012 аз истеъмоли консерви помидору бодиринг дар Зафарбод як нафар фавтидаву 26 нафари дигар дар ҳолати вазнин ва миёна дар бемористони марказии ин маҳал шифо ёфта буданд.
XS
SM
MD
LG