Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар Бориспол дармондаанд


Фурудгоҳи "Бориспол"-и Киев, маркази Украина, ин шабу рӯз ба хобгоҳи муваққатии даҳҳо муҳоҷири тоҷик табдил ёфтааст. Муҳоҷироне, ки барои тамдиди муҳлати будубошашон дар Русия марзи ин кишварро бо Украина гузашта, вале дубора натавонистаанд ба маҳалли кору зиндагии худ баргарданд, ҳоло ошёнаи дувуми ин фурудгоҳро макони хоби худ ихтиёр кардаанд.

Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Украина гуфтанд, ки ҳатман аз ҳоли ин муҳоҷирон хабар гирифта ва дертар хулосаҳои худро бо Радиои Озодӣ дар миён хоҳанд гузошт.

Дар шиносномаи ин муҳоҷирон муҳри махсус зада шудааст, ки дар муддати 72 соат бояд хоки Украинаро тарк кунанд. Илова ба ин, дар муҳр ишора карда шудааст, ки муҳоҷир танҳо тариқи фурудгоҳи "Бориспол" метавонад Украинаро тарк кунад ва ба ҷуз аз ватани худ ба кишвари дигар ҳаққи сафар надорад. Ин омил боис ба пойбанд шудани муҳоҷирон ба ин фурудгоҳ шудааст.

“ПУЛИСИ УКРАИНА НОНУ СИГОР МЕДИҲАД”

Онҳо баробари рӯз шудан худро ба берун мекашанд, чун дар Русия дар зеҳнашон ҷой шудааст, ки ба чашми маъмурони пулис наафтанд. Вале баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, муносибати маъмурони пулиси Укриана дар муқоиса бо милисаҳои рус хуб аст ва танҳо хоҳише, ки аз онҳо шудааст риояи тозагӣ ва оромист.

Муҳоҷире, ки ӯро ҳамроҳонаш "Доктор" ном мебаранд, дар суҳбат бо мо гуфт, ҳатто баъзе аз маъмурони пулису кормандони фурудгоҳ ба онҳо нону сигор оварда медиҳанд. "Чунин рафтори украиниҳо моро ба ҳайрат овардааст. Чун дар Русия пулис муҳоҷиронро одам ҳам ҳисоб намекунад," – афзуд ӯ. Ба қавли “Доктор”, ӯро ба Украина ду ҳафта пеш марзбонҳои рус фиристодаанд. Қиссаи "саёҳати" ӯ аз марзи Русия то фурудгоҳи “Бориспол” бо муҳоҷирони ҳамроҳаш тақрибан якхела аст. Онҳо бо нияти тамдиди муҳлати будубоши қонунӣ дар Русия аз марзи Украина гузаштанд, вале дар роҳи бозгашт ба хоки Русия ба онҳо иҷозаи вуруд дода нашуд.

"ХУШКУ ТАР МЕСӮЗАД..."

Далели манъи вуруди ин гуруҳи муҳоҷирон ба чанд сабаб будааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи худи муҳоҷирон, бархе аз онҳо ба сабаб надоштани патент, ё пардохт накардани ҷарима ва ё мунқоиша бо корфармо натавонситаанд аз Украина дубора ба Русия баргарданд. Вале дар ин миён афроди бегуноҳ низ будаанд, ки шомили “рӯйхати сиёҳ”-и Русия шудаанд.

Саттор, як муҳоҷири тоҷик аз Душанбе, гуфт, "дар як ширкати сохтмонии туркҳо кор мекардам. Тамоми ҳуҷҷатҳо қонунӣ буд. Патент дорам, ҳар моҳ 4200 рубл пардохт мекардам ва қарордоди корӣ низ буд. Барои будубоши қонунӣ ҳар се моҳ сарҳадро убур карда, муҳлати будубошам дар Русияро дароз мекардам. Аммо бо вуҷуди ин маро нагузоштанд, ки дубора ба Русия баргардам."

Ҳамарӯза танҳо дар гузаргоҳи Погар, дари Русия ба рӯи ҳадди ақалл 5-8 шаҳрванди Тоҷикистон баста мешавад. Муҳоҷирон мегӯянд, ин усул ба як шакли нави “депортатсия” табдил ёфтааст, ки барои ҳукумати Русия бе харҷ анҷом мешавад.

МУҲРҲОИ ҚАЛБАКӢ

Дар "Бориспол" бархе аз муҳоҷиронро бар замми фикри бозгашт ба ватан, мушкили дигар домангир шудааст. Муҳрҳои қалбакии гузаргоҳҳои Украина дар шиносномаи муҳоҷирон суолҳои ҷиддиро аз тарафи мақомоти маҳаллӣ ба миён овардааст. Ҷамшед, муҳоҷири тоҷик аз Кӯлоб гуфт, аз 22 июн боз дар фурудгоҳ хоб аст. “Ба Погар барои гузаштани сарҳад омадам, аз онҷо маро ба Украина пеш карданд. Барои гирифтани ҳуҷҷати бозгашт ба ватан (справка о возврещении на родину) ба сафорат рафтам. Дар онҷо гуфтанд, ки дар ин 20 рӯз куҷо будӣ? Гуфтам пул надоштам барои билет харидан ва хоҳиш кардам, ки “справка” диҳанд. Онҷо гуфтанд, ки аввал аз пулиси маҳаллӣ ҳуҷҷат биёрам, ки шиносномаамро гум кардаам.”

Ҷамшед мегӯяд, дар шиносномааш муҳри гузаргоҳи марзии Харков буд ва мақомоти Украина онро қалбакӣ дониста ва шиносномаашро гирифтаанд. “Ман дидам, ки шиносномаи се муҳоҷири узбакро низ мусодира кардаанд ва онҳо се моҳ боз инҷо нишастаанд. Ман шароит надорам, ки инҷо 3 моҳ биистам,” - гуфт ӯ.

Дар миёни муҳоҷирони фурудгоҳи “Бориспол” занони тоҷик низ ҳастанд. Вазъи руҳии занон назар ба мардон хеле бадтар буд. Аниса, як модари ҷавони тоҷик мегӯяд, ӯ дар Украина мондаасту шавҳар ва ду фарзанди хурдсолаш дар Русия.

500 $ БАРОИ УБУРИ МАРЗ

Дар ин талотум бозори роҳбаладони ғайриқонунӣ гарм шудааст. Дар шаҳракҳои наздисарҳадии Украина, ки муҳоҷиронро ба онҷо аз гузаргоҳҳои сарҳадӣ равон мекунанд, хизматрасонии нав ба вуҷуд омадааст.

Як муҳоҷир бо номи Ғафур гуфт, ки дар шаҳри Шостка (75-километрии гузаргоҳи Погар) баъзе роҳбаладон бо арзиши 500 доллар убури ғайриқонунии сарҳадро пешниҳод мекунанд. Дар он шаҳрак "роҳбалад" манзилеро иҷора гирифтааст ва мизоҷони худро то рӯзи убури марз дар онҷо нигоҳ медорад.

Муҳоҷирони тоҷик ҳақ доранд дар Русия ҳамагӣ се моҳ биистанд ва баъд аз анҷоми ин муҳлат маҷбуранд, ки марзи ин кишварро гузашта ва барои идомаи кору зиндагӣ дубора ворид шаванд. Бархе аз муҳоҷирон дар ин гуна ҳолат Қазоқистон, Абхозистон ва ё Украинаро интихоб мекунанд. Дар гузашта ҳолатҳое низ будааст, ки муҳоҷирони тоҷик дар Абхозистон барои муддатҳои тӯлонӣ дармондаанд.

XS
SM
MD
LG