Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду нафари гумонбар дар қатли Борис Немтсов


Александр Бортников, сардори Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ эълон кард, ки ду гумонбар дар қатли Борис Немтсовро боздошт кардаанд.

Александр Бортников, сардори Хадамоти федеролии амнияти Русия ва ё ФСБ грӯзи 7 март дар Шабакаи авввали телевизиони ин кишвар гуфт, Анзор Кубашев ва Заур Дадаев бо гумони “содир кардани ин ҷиноят” дастгир шудаанд. Ба қавли ӯ, ҳарду нафар сокинони Қафқоз ҳатстанд ва раиси ҷумҳури Русия Владимир Путинро дар бораи боздошти гумонбарон огаҳ кардаанд. Қарор аст, додгоҳи Маскав рӯзи 8 март ҳукми боздошти муттаҳамонро содир кунад.

Михаил Фёдоров, раиси Шӯрои ҳуқуқи башари Русия ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, бисёр муҳим аст, ки тарҳрезон ва фармоишгарон ва онҳое, ки ҷиноятро содир карданд, ҷазои амалашонро бигиранд.

Иля Яшин, яке аз мухолифони давлат ва ҳампаймонҳои Борис Немтсов ба Интерфакс гуфтааст, умедвор аст, “боздоштшудагон дар воқеъ ба куштор” рабте дошта бошанд, вале ба қавли вай ҳоло дар бораи воқеият доштани ин иддаҳо сухан гуфтан барвақт аст. Иля Яшин гуфт, мақомоти ҳампаймонҳои сиёсии Немтсовро аз боздошти муттаҳамон огаҳ накардаанд.

Вадим Прохоров, вакили дифои Борис Немтсов низ ба хабарнигорон гуфт, ба ӯ ҳам дар бораи боздошт чизе нагуфтаанд, вале хабар дар ин бора “хабари хуб” аст. Хабаргузории Интерфакс аз қавли Анна Дуритская, ки ҳамроҳи Борис Немтсов буд, навиштааст, мумкин аст, баъди ин боздоштҳо ӯро барои бозпурсӣ аз Украина ба Маскав даъват кунанд.

Дар видео: Кушторҳои сиёсӣ дар Русия

Муаммоҳои нокушодаи қатлҳои сиёсии Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00

Борис Немтсов, муовини собиқи нахуствазири Русия ва аз мунтақидони ҳукумати Владимир Путин ва мухолифони ҷанг дар Украина буд. Ӯро шаби 27-уми феврал дар назди Кохи Кремл бо зарби тир куштанд.

Ба эътиқоди мухолифони давлат, Борис Немтсовро барои фаъолиятҳои сиёсиаш куштаанд, вале мақомоти интизомии Русия чанд фарзияи қатли ӯро баррасӣ мекунанд.

Владимир Путин
Владимир Путин

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи 4-уми март гуфт, бояд Русияро аз “шармандагиву фоҷиа” ба мисли қатли Борис Немтсов халос кунанд ва мухолифони давлату “тундравонро” ба он муттаҳам кард, ки дар ҷомеи Русия тухми хусумат мекоранд. Вай гуфт: "Мо ба кӯшишҳои истифода аз технологияҳои ба истилоҳ ранга, сар аз ташкили тазоҳуроти ғайриқонунӣ дар кӯчаҳо то ба тарғиботи хусумат дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шудаем."

Аммо мунтақидони ҳукумати Русия мегӯяд, ин худи ҳукумат аст, ки бо истифода аз расонаҳои тарафдори давлат дар миёни ҷомеа тухми нафрату адоват мекорад. Аз ҷумла Дмитрий Муратов, муҳаррири рӯзномаи мустақили “Новая Газета” ба хабаргузории Франс-Пресс рӯзи 6 март гуфтааст, “фазои пархошҷӯёнае, ки телевизиони давлатӣ дар ҷомеа офаридааст”, чунин аломат медиҳад, ки шумо метавонед, ба афроде, ки назари дигар доранд, ҳар кор, ки дилатон мехоҳад, бикунед.”

XS
SM
MD
LG