Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия баъд аз Немтсов. "Ҷин" аз "кӯза" берун шудааст...


Таҳлилгарони рус ҳадс мезананд, ки баъд аз сари Борис Немтсов мухолифини давлати Русияро рӯзҳои сангине дар интизор хоҳанд буд

Бархе аз дурбинҳои назоратӣ дар гирду атрофи маҳали куштори сиёсатмадори рус Борис Немтсов фаъол набуданд. Нашрияи "Коммерсант", чопи Маскав, рӯзи 2 март, навишт, ки ин дурбинҳо ё видеокамераҳоро шоми 27 феврал, замони сӯиқасд ба ҷони Борис Немтсов ба хотири «таъмир» қатъ карда буданд.

Борис Немтсов, сиёсатмадори маъруфи рус, шоми 27 феврал дар канори Кремл дар ҳоле кушта шуд, ки ҳамроҳ бо модели украинӣ Анна Дуритская тарафи манзилаш мерафт. Куштори Борис Немтсов дар маҳале сурат гирифт, ки «қалби Маскав» маҳсуб мешавад ва он ҷо садҳо дурбини назоратӣ гузошта шудааст. Аммо то имрӯз сабти фақат як дурбини назоратӣ нашр шудааст, ки бино бар он, лаҳзаи рӯй додани ҳодиса аз хиёбон «тасодуфан» мошини барфрӯб убур мекунад ва саҳнаи қатл пушти он пинҳон мемонад. Зимнан, ин навор хело хира аст ва дар он касеро наметавон шинохт.

Бино ба нақшае, ки хабарнигорони «Комерсант» таҳия кардаанд, наздиктарин дурбини назоратӣ дар манораи Беклемишевскии Кремл лаҳзаи рӯй додани ҳодиса дар «таъмир» буд – хабарнигорон муқаррар карданд, ки ин дурбин тарафи ҷойи ҳодиса равона шуда буд.

Маҳалли куштори Борис Немтсов
Маҳалли куштори Борис Немтсов

Хабарнигорони «Коммерсант» билофосила пайдо накардани ҷинояткорон аз сӯи кормандони ҳифзи тартиботро бо он омил ҳам марбут мекунанд, ки шоҳиди асосии ҳодиса ва ҳамсафари Немтсов – модели украинӣ Анна Дуритская дар аввал ҳатто тамғаи мошини қотилонро ба ёд оварда натавонист, зеро, ба гуфтаи худаш, дар ҳоли шок қарор дошт.

Нашрияи русӣ менависад, ки ҷинояткорон муддати тулонӣ ҳар қадами Борис Немтсовро мепоиданд ва қатли ӯ дар канори Кремл – яке аз шартҳои фармоишгари куштор буд. Хабарнигорон ба он нукта ҳам ишора мекунанд, ки куштори Борис Немтсов бо куштори хабарнигори маъруф Анна Политковская шабоҳати зиёд дорад – Политковская ҳам аз зарби чаҳор тир ва дар канори манзилаш кушта шуда буд. Анна Политковская 7 октябр – дар зодрӯзи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба қатл расид, куштори Немтсов дар арафаи раҳпаймоии мухолифин дар мавзеи

Раҳпаймоии ёдбуди Немтсов
Раҳпаймоии ёдбуди Немтсов

Мариинои Маскав сурат гирифт. Баъд аз куштори Немтсов раҳпаймоии зиддиҳукуматӣ лағв шуд ва ба ҷойи он дар маркази Маскав раҳпаймоӣ ба ёди Борис Немтсов баргузор шуд, ки дар он ба иттилои расмӣ, 21 ҳазор нафар, аммо аз рӯи маълумоти мухолифин, аз 53 то 56 ҳазор нафар ширкат доштанд.

ҚАТЛИ НЕМТСОВ ИҒВОСТ? Ё КОРИ ДАСТИ ИСЛОМГАРОҲО?

Ҳоло таҳлилгарон сабабҳои куштори Борис Немтсовро таҳқиқ карда, сари фарзияҳои он андеша мекунанд. Муфаттишон мегӯянд, онҳо чанд фарзия, аз ҷумла эҳтимоли аз сӯи тундравҳои исломгаро кушта шудани Немтсовро, ки яҳудиасл буд, таҳқиқ мекунанд. Фарзияи дигари матраҳ, ба гуфтаи масъулини Кумитаи тафтишоти Русия, эҳтимоли бо дасти худи мухолифин кушта шудани ӯ бо ҳадафи бадном кардани раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аст. Худи Путин қатли Немтсовро “иғво” номида, ба модари ӯ ваъда додааст, ки қотилонропайдо карда ва ба ҷавобгарӣ хоҳанд кашонд.

Александр Верховский
Александр Верховский

Александр Верховский, раиси маркази таҳлилии «Сова» дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, як чиз мусаллам аст, ки ин куштор ангезаи сиёсӣ дорад. Аммо дар бораи он ки онро киҳо ё кадом гурӯҳҳо созмон додаанд, чизе гуфтан душвор аст.«Аз нигоҳи ман, фарзияи даст доштани гурӯҳҳои русгарои Украина ва онҳое, ки дар Русия аз ин гурӯҳҳо пуштибонӣ мекунанд, воқеитар ба чашм мерасад.Аммо дар ин бора далеле нест ва касе ҳам изҳороте нашр накардааст»

Аммо ҳамсафони Немтсов дар ҷабҳаи мухолифин мегӯянд, ӯ қурбони фошгӯиҳояш дар бораи фасодзадагии ҳокимони кунунии Русия шудааст ва куштор - ҳушдоре ба боқӣ тарафдорони мухолифин аст, ки интиқод аз Кремл барояшон чӣ паёмади дошта метавонад. Худи Борис Немтсов дар мусоҳибаҳояш мегуфт, ӯ метарсад, ки Путин ба далели фошгӯиҳояш дар бораи нақши Русия дар низои Украина шояд марги ӯро бихоҳад.

Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко рӯзи 28 феврал гуфт, ки Немтсов ду ҳафта қабл ба ӯ гуфтааст, ки мехоҳад шаҳодатҳо дар бораи дахолати Русия дар исёни ҷудоиталабон дар шарқи Украинаро нашр кунад. “Касе аз ин кор хеле метарсид... Ӯро ҳамонҳо куштанд,” – гуфт Порошенко дар як сӯҳбат ботелевизиони Украина. Зимнан, Борис Немтсов ҳамагӣ чанд соат қабл аз куштор дар мусоҳиба бо радиои “Эхо Москви” аз сиёсати “баду ҷангҷӯёна”-и Путин шадидан интиқод карда буд.

МУХОЛИФИНРО ФАРДОИ НОРӮШАНЕ ИНТИЗОР АСТ?

Гаррӣ Каспаров
Гаррӣ Каспаров

Гаррӣ Каспаров, яке аз дӯстони Немсов, ки ҳоло дар Амрико ба сар мебарад, дар сӯҳбат бо хабаргузории Рейтер гуфт, ки куштори сиёсатмадори мухолифи ҳукумат ҳама умедҳо дар мавриди гузариши мусолиматомези сиёсӣ аз диктатураи Путин ба давлати демократиро аз байн мебарад. Ба гуфтаи ӯ, мухолифини Русияро фардои тирае дар пеш аст. Гаррӣ Каспаров афзудааст, "қатли Немтсов – паём ба ҳама мухолифини давлати Русия аст, ки акнун ҳукуматдорон вақти худро сарфи таъқиби онҳо намекунанд ва бо «риояи қонун» онҳоро як-як нобуд месозанд"

Дпр посух ба суол дар бораи ягон стратегияи сиёсиии ояндааш дар Русия, Каспаров гуфтааст, ки ягон хел стратегия надороад, зеро «ин бозии шоҳмот нест, ки он ҷо қоидаҳо риоя шаванд». Ӯ мутмаин аст, ки мухолифини Русия ягон шонс барои таҳияи стратегияро надоранд, зеро акнун рӯшан шуд, ки ҳар як фаъоли сиёсиро метавонанд кушанд».

Олег Орлов
Олег Орлов

Олег Орлов, раиси маркази “Мемориал” дар Маскав мегӯяд, на фақат оппозитсиюни “дастӣ”-ро, ки вакилонаш дар Думаи давлатӣ соҳиби курсиянд, балки мухолифини воқеъӣ, аз ҷумла, либралҳоро рӯзҳои сангине дар пешанд. “Аз нигоҳи ман, на фақат мухолифини сиёсӣ. балки ҳама гуна дигарандешӣ, ҳама ниҳодҳои мустақилро ояндаи мубҳам ва душворе интизор аст. Агар ба шарте, ки мӯъҷизае рӯй надиҳад ва самти фаъолияти режими феълӣ куллан тағйир нахӯрад... Аммо, агар ин сиёсат ҳам тағйир ёбад ва бигирем Путин бигӯяд, ки “ман мухолифинро эҳтиром мекунам, ман дигар вожаи “ҷосуси хориҷӣ” дар баробари ҳомиёни ҳуқуқи башарро истифода нахоҳад бурд”, ӯ нерӯҳои аҳриманиеро дар кишвар аз хоб бедор кардааст ё ба истилоҳи дигар ҷинеро аз кӯза берун кардааст, ки ба ҳар кор дар баробари дигарандешон омодаанд. Аммо мақомот намедонанд, ки ҷини аз кӯза берункардаи Путин ба ҷони худи режим ҳам таҳдид мекунад”, гуфт ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

Аммо Александр Верховский мегӯяд, ки ҳарчанд Немтсов чеҳраи маъруфтарин миёни мухолифини ҳукумат буд, аммо наметавон мавҷудияти оппозитсиюнро бо ин ё он чеҳраи сиёсӣ пайванд дод. Ӯ меафзояд, «ҳарчанд ман ба фардои мухолифин хушбин нестам, ин ҳодиса метавонад чархише сӯи фишору таъқибу бештари мунаққидони давлат шавад ё баръакс, таъсире ба сарнавишти мухолифин, аз ҷумла, либералҳо надошта бошад». Аз нигоҳи Александр Верховский, гумон аст, ки марги Немтсов таконе барои «ҳаводиси бузургтар» ё инқилобе дар Русия шавад.

Зимнан, Гаррӣ Каспаров дар як мусоҳибаи дигар гуфтааст, Владимир Путин дар Русия фазоеро фароҳам кардааст, ки куштори сиёсӣ дар кишвар мумкин шудааст. Ба гуфтаи ӯ, куштори Немтсов собит мекунад, ки ҳама мақомоти Русия на ба таъмини амнияти кишвар ва шаҳрвандон, балки ба ҳифзи режими Путин ва атрофиёни ӯ машғуланд.

XS
SM
MD
LG