Пайвандҳои дастрасӣ

Борис Немтсовро ба хок супурданд (ВИДЕО ва 12 АКС)


Борис Немтсов, раҳбари мухолифини Русияро, ки шаби 27 феврал дар рӯбарӯи Кремл кушта шуд, рӯзи 3 март дар Маскав ба хок супурданд.

Борис Немтсов, раҳбари мухолифини Русия, ки шаби 27 ба 28 феврал дар маркази шаҳри Маскав, дар рӯбарӯи Кремл бар асари як сӯъиқасд кушта шуд, рӯзи 3 март дар оромгоҳи Троекуровское дар пойтахти Русия ба хок супурда мешавад.

Тобути Борис Немтсовро барои видоъ дар Маркази Андрей Сахаров дар пойтахти Русия гузоштаанд. Наздикони ӯ дар назди ин тобут либосҳои сиёҳит мотам дар тан рост истодаанд ва садҳо нафар низ либосҳои мотам дар тан барои охирин бор бо ин сиёсатмадори барҷастаи арсаи сиёсии 25 соли охири Русия видоъ мекунанд.

Борис Немтсов, муовини собиқи сарвазири Русия ва яке аз мунтақидони шадиди сиёсати раиси кунунии ин ҷумҳурӣ Владимир Путин, шаби 27 ба 28 феврал, дар рӯи пули Василевский жар рӯбари Кремл дар маркази Маскав ҳадафи сӯъиқасд қарор гирифт.

Қотил ё қотилон аз дохили як мошин ба тарафи ин сиёсатмадор 8 тир андохтанд, ки 4 тираш ба бадани ӯ расида, боиси ҳалокаташ дар ҷои ҳодиса шуд. Ҳамроҳи ӯ – модели 23-солаи украинӣ Анна Дуритская осеб надидааст ва ҳоло ҳамчун шоҳид таҳти пурсуҷӯ қарор дорад.

Муруре ба роҳи зиндагии Борис Немтсов дар ин видео ба забони русӣ:

Мақомоти Русия мегӯянд, онҳо дар таҳқиқи ин парванда аз ҷумла фарзияи изи ҷангиёни исломиро дар ин куштор меомӯзанд, чунки Немтсов решаҳои яҳудӣ дошт. Фарзияи дигари матраҳи мақомот сӯиистифодаи нирӯҳои манфиатдор, аз ҷумла дар миёни мухолифин, аз қатли Немтсов барои бадном кардани раисиҷумҳур Путин будааст.

Аммо ёрони Немтсов мӯътақиданд, ки ӯ қурбони фошгӯиҳояш дар бораи фасоди густарда дар доираҳои ҳокими Русия шудааст. Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина гуфт, Немтсов гузориши муфассалеро дар бораи дахолатҳои Русия дар низои шарқи Украина омода мекард ва шояд қурбони онҳое шудааст, ки мехостанд аз нашри ин гузориш ҷилавгирӣ кунанд.

"Душманони Русия"-ро ба маросими дафн роҳ надоданд

Чандин сиёсатмадори аврупоӣ, аз ҷмлаи раиси Сенати Полша(Лаҳистон) Богдан Борусевич гуфтанд, ки Русия монеи сафари онҳо ба Маскав ба хотири ширкат дар маросими дафни Борис Немтсов шудааст. Богдан Борусевич, дигарандеши собиқадор аз ҷунбиши овозадори “Солидарност” гуфт: “Ман танҳо мехостам эҳтироми шодравон Борис Немтсов ва тамоми русҳоеро, ки мисли ӯ фикр мекунанд, ба ҷои биорам.”

Вакили парлумони Латвия Сандра Калниейте ба Франс Пресс гуфт, ки ӯро ҳатто аз фурудгоҳи Шереметевои шаҳри Маскав пас гардондаанд. Хонум Калниейте, ки бо Немтсов ҳангоми сафари ӯ ба парлумони Аврупо мулоқот доштааст, гуфт: “Ман имрӯз аз ин ки душмани Русия эътироф шудам, дар воқеъ ифтихор мекунам. Русия дар шароити кунуниаш дӯсти зиёде надорад.”

Бо ин вуҷуд, як идда аз мақомоти хориҷӣ, бо шумули вазири хориҷаи Литва Линас Линкевичус дар маросими дафни раҳбари мухолифини Русия ширкат мекунанд.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин, ки қатли раҳбари мухолифинашро “иғво” номид ва ба модари ӯ ваъдаи ба ҷавобгарӣ кашондани қотилони Немтсовро додааст, дар маросими дафн ширкат намекунад. Ӯ намояндааш дар парлумон Гарри Минхро ба ин маросим фиристодааст.

Раҳбари дигари мухолифин Алексей Навалний, ки ба 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шудааст, барои ширкат дар маросими дафни ҳамсангараш дар оромгоҳи Троекуровское як рӯз аз зиндон иҷозат хоста буд, вале додгоҳи Маскав ин дархости ӯро рад кардааст.

Хабарнигори дар соли 2006 кушташудаи “Новая газета” Анна Политковская низ дар ҳамин оромгоҳи Троекуровское дафн шудааст.

Маркази Андрей Сахаров – макони маросими видоъ бо Борис Немтсов – тибқи қонунҳои Русия “агенти хориҷӣ” эълон шудааст ва дар ин авохир таҳти фишори афзояндаи мақомот ва фаъотлони тарафдори ҳукумати Русия қарор дошт.

Фарзияҳо: Аз изи исломӣ то...

Анна Дуритская

Анна Дуритская

Анна Дуритская, зане, ки дар он шаби сӯъиқасд ҳамроҳи Борис Немтсов сайругашт мекард, гуфтааст, ки ӯ қотилро надидааст. Ба ин модели 23-сола шоми 2 март иҷозат доданд, ки Русияро ба қасди зодгоҳаш – Украина – тарк кунад.

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров рӯзи 2 март гуфт, қатли Немтсов набояд ба хотири “аҳдофи сиёсӣ” сӯиистифода шавад. Ӯ дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева гуфт, Владимир Путин билофосила ҷиҳати таҳқиқи ин қазия тамоми дастурҳои лозимро дод ва назорати вижа бар ҷараёни таҳқиқотро замонат додааст.

Муфаттишон мегӯянд, чанд фарзия, аз ҷумла талоши ба ҳам задани вазъи Русия, изи ифротгароёни исломӣ, низоъи Украина ва ҳаёти шахсии ӯро таҳқиқ мекунанд. Аммо бисёре аз мунтақидони Путин, аз ҷумла қаҳрамони собиқи шоҳмоти ҷаҳон Гарри Каспаров, масъулияти ин кушторро ба дӯши худи Владимир Путин мегузоранд ва мегӯянд, маҳз дар аҳди раҳбарии ӯ муҳитеро сабзонданд, ки даст ба ҷиноятҳо задани қавмгароён, шиорҳои зидди Ғарб ва сиёҳ кардани мухолифонро ташвиқ ва ҳатто тақдир мекунад.

Рӯзи 1 март дар раҳпаймоӣ ба ёди Борис Немтсов дар Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия даҳҳо ҳазор назар ширкат карданд.

Немтсов ҳамагӣ чанд соат қабл аз кушта шуданаш дар мусоҳиба бо радиои “Эхо Москви” “сиёсати ҷангҷӯёна ва аблаҳона”-и Путин дар Украинаро башиддат танқид карда буд.

Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керри аз Русия хостори таҳқиқи фарогир, шаффоф ва мӯътамади қазияи қатли Борис Немтсов шудааст. Сухангӯи Кохи Сафед Ҷош Эрнест рӯзи 2 март Немтсовро “ҳомии хастагинопазири кишвари худ, мухолифи фасод ва ҳомии ҳуқуқи башар ва шаффофият” номид. Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, гуфт, куштори Немтсов баёнгари фазои дохили Русия аст, ки дар он ҷомеъаи шаҳрвандӣ, хабарнигорони мустақил ва афроди аз тариқи интернет муошираткунанда ҳарчӣ бештар ба таҳдиду маҳдудиятҳо рӯбарӯ мешаванд.

Валиаҳде ки ҷояшро Путин гирифт

Путин ва Немтсов. Акс аз соли 2000

Путин ва Немтсов. Акс аз соли 2000

Борис Немтсов дар миёни раҳбарони мухолифини Русия нахустин касе нест, ки тавассути сӯъиқасд кушта мешавад. Дар соли 1998 Галина Старовойтова дар Петербург ва дар соли 2003 Сергей Юшенков дар Маскав ва ҳамин тавр, чандин фаъоли ҳуқуқи башару хабарнигори мунтақид, бо шумули Станислав Маркелов, Анна Политковская, Пол Хлебников ва Юрий Шекочихин низ қурбони сӯъиқасд шуданд.

Борис Немтсов соли 1959 таваллуд шуда, соли 1989, вақте ҳамагӣ 30 сол дошт, вакили Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шуд. Соли 1991, дар синни 32 ӯ волии вилояти Нижний Новгород интихоб шуд. Соли 1997 муовини сарвазир ва як муддат ҳамзамон вазири энержии Русия буд. Ӯро як муддат ҳатто вориси эҳтимолии тахти раисиҷумҳури вақти Русия Борис Елтсин ҳам ном мебурданд. Аммо дар натиҷаи “тавтиаҳои дарборӣ” Елтсин дар соли 1999 дар ниҳоят Владимир Путинро вориси худ интихоб кард, на Немтсовро. Немтсов дар интихоботи соли 2000 аз Путин пуштибонӣ кард, вале хеле зуд ба тарафи мухолифини ӯ гузашт.

Камера куҷоро нигоҳ мекард?

Акс аз камераҳои назоратии пули Василевский

Акс аз камераҳои назоратии пули Василевский

Рӯзномаи “Коммерсант”-и чопи Маскав рӯзи 2 март аз қавли манобеаш дар вазорати корҳои дохилии Русия хабар дод, ки кадом видеои лаҳзаи қатли сиёсатмадори мухолиф вуҷуд надорад, чунки ҳамон шаб камераҳои атрофи пули Василевский дар ҳамагӣ чандсадметрии Кремл кор намекарданд. Аммо Елена Новикова, сухангӯи департаменти фанновариҳои шаҳрдории Маскав, ки масъулияти камераҳои назоратии пойтахти Русияро дар ихтиёр дорад, гуфт, камераҳои шаҳр дар соати қатли Немтсов кор мекарданд. Ӯ ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гуфт, мақомоти федеролӣ дар атрофи Кремл камераҳои дигари назоратӣ ҳам доранд, ки берун аз ихтиёри идораи онҳост.

Мунтақидони Кремл аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ як навори видеоӣ аз моҳи августи соли 2014-ро нашр кардаанд, ки дар он як гурӯҳи фаъолон дар ҳамин пули Василевский ба нишони ҳимоят аз Киев дар низои шарқи Украина парчамаи он кишварро насб мекунанд ва нирӯҳои вижаи пулис – ОМОН- дар зарфи ҳамагӣ 32 сония ба инҷо расида, он парчамро мекананд. Ин мунтақидон бо нашри ин навор суол мегузоранд, ки оё кӣ бовар мекунад, ки шаби 27 ба 28 феврал, ягон қотил битавонад бо чунин дили пур дар ҳамагӣ чандсадметрии Кремл ба сӯи раҳбари мухолифин 8 тир биандозад ва баҳузур фирор кунад?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG