Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даргузашти Борис Наматиев - муассиси театри тоҷикӣ дар Байтулмуқаддас


Борис Наматиев

Борис Наматиев

Борис Наматиев, ҳунарманди маъруфи театри тоҷик ва овозхони “Шашмақом”, рӯзи 19 январ дар шаҳри Байтулмуқаддас дар синни 86 аз олам даргузашт.

Борис Наматиев, аз ҳунармандони маъруфи театри тоҷик ва овозхони “Шашмақом”, баъд аз зӯҳри 19 январ дар шаҳри Байтулмуқаддас аз олам чашм пӯшид. Стелла Наматиева, набераи ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷанозаи Борис Наматиевро ҳамин рӯз дар оромгоҳи Байтулмуқаддас ба хок месупоранд.

Стелла Наматиева гуфт, “бобоям ба синни 86 расида буд ва моҳҳои охир сахт мариз буд. Имрӯз соати дуи баъд аз зӯҳр моро тарк гуфт.”

Ба гуфтаи наберааш, маросими видоъ ва дафни ин ҳунарманди маъруф дар Байтулмуқаддас бо ширкати ҷамъияти яҳудиёни бухороии сокини Исроил, аз ҷумла ҳампешаҳои низ мисли Борис Наматиев маъруфаш доир хоҳад шуд.

Борис Наматиев дар канори Барно Исҳоқова, Шоиста Муллоҷонова, Аъло Аълоев, Малика Қаландарова, аз зумраи намояндагони барҷастаи яҳудиёни Бухорост, ки дар асри 20 дар пешбурди фарҳанги тоҷикӣ хидмати зиёд доштаанд.

Борис Наматиев соли 1930 дар шаҳри Бухоро ба дунё омада, ҳанӯз дар синни 14-солагӣ ба ҳунарнамоӣ дар театри тамошобини ҷавони Бухоро ба кор шурӯъ кард. Дар соли 1948, вақте ҳамагӣ 18 сол дошт, Наматиевро ба театри Лоҳутии шаҳри Душанбе даъват карданд. Ӯ ибтидо дар ин театр ҳамчун доирадаст кор мекард, вале як рӯз иттифоқан, вақте иҷрокунандаи нақши асосии намоишномаи “Шаби ҳафтум” (бар асоси қиссаҳои “Ҳазору як шаб”) бемор шуд, ин нақшро ба Наматиев супурданд. Ва ӯ дар тӯли 44 сол – аз соли 1948 то 1992, ки ӯ аз ба далели оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба Исроил кӯчид, аз ситораҳои рақами яки театри академии Лоҳутӣ буд.

Ортиқи Қодир, ҳунарпешаи маъруфи тоҷик, ки дар театри Лоҳутӣ солҳо бо Борис Наматиев кор кардааст, мегӯяд: “Устод Борис Наматиев ва Маҳмуд Тоҳирӣ бо шӯхиву зарофатҳояшон ҳамеша гули сари сабади маҳфилҳои мо буданд. Маро додар мегуфт ва ман ӯро – ако. Ҳаққи устодӣ дошт барои ман ҳам. Борис Наматиев дар иҷрои нақшҳо ҳамто надошт. Бахусус дар намоишномаи “Шамшер ва сухан” ман дидам, ки Борис Наматиев чигуна бомаҳорат бозӣ мекунад ва мардум чӣ қадар бозии ӯро бо ваҷд қабул мекунанд.”

Борис Наматиев соли 1970 унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон ва соли 1989 баъди намоишномаи “Шамшер ва сухан” унвони Ҳунарманди мардумии кишварро ба даст овард.

Борис Наматиев ҳамин тавр, аз хонандаҳои эътирофшудаи “Шашмақом" буд ва дар соли 1988 албоми таронаҳояшро бо номи “Зулфи парешон” ва дар соли 1990 албоми дувумашро нашр кард.

Ҷӯрабеки Мурод, Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ ва аз дӯстони наздики Борис Наматиев, даргузашти ӯро талафоти беҳад бузург ҳам барои фарҳанги мардуми тоҷик ва ҳам барои фарҳанги мардуми яҳудӣ унвон кард: “Борис Наматиев дар пешрафти фарҳанги мардуми тоҷик нақши бузурге дорад. На фақат дар Тоҷикистон, балки дар таблиғи фарҳанги мо дар берун. Бубинед, ӯ ҳатто вақте ба Исроил кӯчид, боз ҳам аз фарҳанги мо дил наканд, балки театри тоҷикӣ сохт ва то поёни умраш шеъру фарҳанги моро таблиғ мекард. Ӯ сафири фарҳанги мо дар Исроил буд. Ҳайф, ки чунин марди бузургро аз даст додем.”

Ортиқи Қодир низ “Театри Борис Наматиев”-ро, ки ӯ дар Исроил таъсис дод, як намунаи дилбастагии ин ҳунарманд ба фарҳанги тоҷикӣ ном мебарад ва мегӯяд: “Вақте як намоиши “Театри Наматиев”-ро аз телевизиони “Сафина” намоиш доданд, ман тақризе ҳам навиштам ва дар он гуфтам, ки бубинед, аҳли Бухоро забони тоҷикиро гум карданд, вале яҳудиёни Бухоро ҳатто дар Исроил ин забонро ҳифз кардаанд ва ба тоҷикӣ театру рӯзномаву ҳатто телевизион сохтаанд. Яке аз сутунҳои ҳифзи забони тоҷикӣ дар Исроил ҳамин Борис Наматиев буд.”

Борис Наматиев ҳамеша ба дӯстонаш мегуфт, ки то ҳол Душанберо ёд мекунад ва афсӯс мехӯрд, ки вазъи саломатиаш дигар иҷозат намедиҳад, ки ӯ як бори дигар ба Тоҷикистон баргардад ва дар кӯчаҳои ҷавонии худ қадам занад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG