Пайвандҳои дастрасӣ

Баста шудани сарҳади Қирғизистон бархе донишҷӯёни тоҷикро, ки дар донишгоҳи Бодканд таҳсил мекунанд, дар фикри идомаи таҳсил дар Тоҷикистон андохтаааст.

Донишҷӯёни донишгоҳи давлатии Бодканд аз шаҳри Исфара баъди баста шудани сарҳади Қирғизистон то ҳол наметавонанд ба ҷойи таҳсии худ ҳозир шаванд.

Соҳиба номи шартии як духтар аз ноҳияи Исфара аст, ки дар соли чоруми донишгоҳи Бодканд таҳсил мекунад. Соҳиба дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вай муҳассили бахши ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Бодканд аст, аммо тайи камтар аз як моҳи баъди баста шудани марз алоқааш бо Донишгоҳи Бодканд қатъ шудааст: “Ба диплом гирифтанам 1 соли дигар монд. Аммо баъди соли нав дигар маълум нест, ки пештара барин бемамониат Бодканд рафтан метавонам ё не. Агар хонданро дар Қирғизистон давом додан нашавад, ба Донишгоҳи Хуҷанд мегузарам. Аммо ба ин иҷозат надиҳанд, маҷбурам таҳсиламро дар Тоҷикистон аз сар гирам.”

Аз гуфтаи мусоҳибам бармеояд, ки намехоҳад таҳсилашро қатъ кунад. Дар ноҳияи Исфара, ки ҷомеааш умдатан мазҳабист, кам волидайн мегузоранд, то духтарашон дар мактаби олӣ таҳсил кунад. Соҳиба аз камшумор духтарони ин ноҳия аст, ки волидонаш иҷозати таҳсил дар донишгоҳ додаанд ва ба хотири наздикии масофа Бодкандро интихоб кардаанд.

Аз шӯъбаи маорифи шаҳри Исфара ба Озодӣ гуфтанд, ки мисли Соҳиба боз 2 донишҷӯи донишгоҳи Бодканд бо дархости интиқоли онҳо ба Донишгоҳи Хуҷанд муроҷиат кардаанд.

Яке аз муаллимони донишгоҳи Бодканд, ки нахост аз вай ном бурда шавад, ба Озодӣ гуфт, баста шудани гузаргоҳи марзии Исфараву Бодканд донишҷӯёнро дар вазъи душворе гузоштааст: “Дар бахши рӯзонаи донишгоҳи давлатии Бодканд тахминан 30 нафар ҷавонони Исфара таҳсил мекунанд, ки аксари онҳо қирғиз ҳастанд ва баъзе тоҷик. Баста шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ онҳоро дар ду тараф гузошт. Як қисмашон дар Исфара монданд ва ба дарс омадан наметавонанд, гурӯҳи дигар назди хешонашон дар Бодканд монданд ва таҳсилро идома медиҳанд. Аммо қариб як моҳ боз ба Исфара назди волидайни худ рафтан наметавонанд. Мушкил ҳозир шуданашон ба донишгоҳ ҳаст, вагарна барои ҳозиршудагон дари донишгоҳ ҳама вақт кушода аст. Аммо сарҳадбонҳо “ба бехатарии шумо кафолат намедиҳем” гуфта гузаштан намонда истодаанд.”

Ба гуфтаи ин омӯзгор, дар ин донишгоҳ 4 шаҳванди Тоҷикистон аз ноҳияи Исфара ба ҳайси устод кор мекунанд. Ва даҳҳо ҷавонони Исфара донишҷӯёни умдатан дар бахши ғоибонаи он ҳастанд. Ҳамчунин дар бахши Донишгоҳи нави Русия (РОСНОУ), ки соли 2008 аз Хуҷанд бинобар дарёфт накардани иҷозаномаи вазорати маориф ба маҳали Аркаи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон, ҳаммарз бо ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон кӯч баста буд, даҳҳо ҷавонони тоҷик аз гӯшаву канори Суғд таҳсил доранд.

Ҳамин тавр, даҳҳо ҷавон аз Бодканд дар донишгоҳҳои Хуҷанд мехонанд ва баста шудани марзҳои Қирғизистон таҳсили ояндаи онҳоро низ зери савол бурдааст.

Навбаҳор Тӯйчиева, муҳассили соли сеюми донишгоҳи Хуҷанд мегӯяд, аз замони нооромӣ дар марзу баста шудани гузаргоҳҳо қариб як моҳ боз ба дидори аҳли оилааш ба шаҳри Исфанаи Бодканд нарафтааст: “Чунки як ҳамсабақам, як ҷавон, ки аз Бодканд буд, гашта ба Хуҷанд омада натавонист. Вай ба дидори аҳли оилааш рафта буд, вале вақти бозгашт сарҳадбонҳои қирғиз гузаштан намондаанд. Акнун ман пойида нишастаам, ки кай раҳро мекушоянд. Метарсам, ки агар Бодканд равам, дигар гашта омадан намемонанд.”

Дар ҳоле ки ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои сода кардани вазъ дар хатти сарҳад ва кушодани гузаргоҳҳо бо ҳам гуфтушунидҳову баҳсҳо доранд, ба гуфтаи ин толибилмон, аз ҳолу мушкили донишҷӯёни тоҷику қирғизи дар ду сӯи марз дармонда касе намепурсад.

Тоҷикистону Қирғизистон дипломи донишгоҳҳои ҳамдигарро қабул доранд, байни ин ду кишвар низоми раводид нест ва қаблан равуои сокинони наздимарзии ин кишварҳо озодона сурат мегирифт. Дар ҳоли ҳозир, дар донишгоҳҳои Суғду Бодканд даҳҳо ҷавонони тоҷику қирғиз, умдатан дар бахшҳои русӣ таҳсил мекунанд. Бино ба маълумоти манобеъи мухталиф, танҳо дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҳудуди 35 нафар ҷавонон аз Қирғизистон мехонанд.

Аммо идомаи таҳсили онҳо ба ҳалли мушкилоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон ва роҳро боз кардану мисли пештара ба равуои шаҳрвандони ҳамдигар озод гузоштани он бастагӣ дорад. Мусоҳиби авваламон, муаллими Донишгоҳи давлатии Бодканд мегӯяд: “Худо хоҳад, ҳамааш нағз мешавад. Чунки халқи Бодканд ҳам - тарафдори ҳар чӣ тезтар кушодани роҳ.”

Равобити Тоҷикистону Қирғизистон баъди муноқишаи рӯзи 11 январ дар марзи Исфараву Бодканд байни марзбонҳои тоҷику қирғиз бар сари сохтмони роҳи Кӯктош – Оқсой – Тамдиқ ба сардӣ гароид. Дар ин муноқиша ду марзбони тоҷик ва 5 марзбону як милисаи қирғиз захмӣ шуданд. Қирғизистон баъди ин тирпарронӣ марзҳояш бо Тоҷикистонро баст, сафирашро барои машварат аз Душанбе фаро хонд ва 4 маротиба ба Душанбе нота фиристод.
XS
SM
MD
LG