Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ноҳияи Ҳамадонӣ ду дидбонгоҳ ба ихтиёри марзбонони тоҷик супурда шуд, ки бо кӯмаки молии сафорати Амрико бунёд шудаанд.

Ин ду дидбонгоҳи марзӣ бо маблағи беш аз 4 миллион доллари амрикоӣ сохта шуданд.

Раиси КДАМ Саидмуъмин Ятимов дар маросими ифтитоҳи ин ду дидбонгоҳ гуфт, ин дидбонгоҳҳо барои ҳифзи сарҳад, ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир нақши муҳим хоҳанд дошт.

Ба гуфтаи ҷаноби Ятимов, марзи ноҳияи ҲамадонӢ бо Афғонистон яке аз қитъаҳои осебпазири марзӣ дониста мешавад. Дар нӯҳ моҳи гузаштаи соли равон, ҳашт ҳодисаи зудӯхӯрди марзбонон бо қочоқчиёни рух додаст, ки дар пайи он панҷ қочоқбар боздошт ва се тани дигар кушта шуданд. Инчунин беш аз 340 килограм маводи мухадир мусодира шудааст.

Ҷаноби Ятимов афзуд, давоми соли равон бо кӯмаки давлату созмонҳои мададрасон, дувоздаҳ иншооти сарҳадӣ дар Тоҷикистон сохта шудааст, ки барои ҳифзи марзҳои давлатӣ хизмат хоҳанд кард.

Сюзан Эллиот, сафири Амрико дар Тоҷикистон гуфт, бо ҳукумати Тоҷикистон дар самти ҳифзи сарҳадот, пешгирии қочоқи маводи мухаддир, ҷилавгирӣ аз вуруди ифротгароён, ҳадафҳои муштарак доранд.

Ӯ аз ҷумла гуфт: «Нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон ҷузъи касбӣ ва содиқи низоми амнияти Тоҷикистон мебошанд. Ман ифтихор дорам, ки муборизаи шуҷоатноки марзбононро зидди қочоқи маводи мухаддир ва баҳри таҳкими марзҳои худ, дастгирӣ мекунам."

Ин ду дидбонгоҳ дар мавзеи Рибхол ва Сайёди ноҳияи Ҳамадонӣ сохта шудаанд ва дар як километрии марз қарор доранд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG