Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигорон Созмони Милалро ба ҳимояти худ даъват карданд


Логои Хабарнигорони Бидуни Марз
Логои Хабарнигорони Бидуни Марз

Созмони "Хабарнигорони бидуни марз" ва Кумитаи ҳимояи ҳуқуқи рӯзноманигорон аз Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Антониу Гутериш даъват карданд, ки барои таъмини амнияти журналистҳо тадбир андешад.

Раҳбарони ин ду созмон - Кристофер Делуар ва Ҷоэл Саймон ибтикори тайини намояндаи вежа дар умури амнияти рӯзноманигоронро рӯзи панҷшанбе бо Дабири кулл матраҳ карданд.

Дар тамоми ҷаҳон хабарнигорон дар фазои таҳдиди рӯзафзуни ҷисмонӣ ва фишори сиёсӣ кор мекунанд, гуфт Ҷоэл Саймон.

Дар баёнияи матбуотӣ, ки Кумитаи ҳимояи рӯзноманигорон нашр кард, гуфта мешавад, ҳадафи маъракаи тоза бо номи "Журналистонро ҳимоя кунед" эҷоди механизми таъсирбахшест, ки ки тавонад бо истифода аз қонунҳои байналмилалӣ хатари ҳалокати хабарнигоронро ҳангоми иҷрои вазифа ва рисолаташон коҳиш диҳад.

Ба маълумоти "Хабарнигорони бидуни марз", танҳо соли гузашта 78 хабарнигор ба ҳалокат расид ва беҷазо мондани ин гуна ҷиноятҳо меъёр шудааст. Бинобар пажуҳиши Кумитаи ҳимояи рӯзноманигорон, дар тӯли 10 соли ахир танҳо 3 дар сади ҷиноятҳои алайҳи хабарнигорон таҳқиқ ва ҷинояткорон мурофиа шудаанд.

Беш аз 120 созмон, бо шумули иттиҳодияҳои журналистӣ, ҷумбишҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон ва чеҳраҳои маъруфи ҷамъиятӣ аз ибтикори эҷоди мақоми ҳимоятгари байналмилалии хабарнигорон пуштибонӣ карданд.

XS
SM
MD
LG