Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Ӯзбекистон дар зодгоҳаш "Масҷиди сафед" месозад


Масҷиде, ки Мирзиёев дар зодгоҳаш месозад
Масҷиде, ки Мирзиёев дар зодгоҳаш месозад

Дар маркази ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззах - зодгоҳи президенти тозаинтихоби Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев - масҷиди боҳашамате месозанд. Масҷиди нав, ки аз сӯи сокинон аллакай номи "Масҷиди сафед"-ро гирифтааст, дар ҷои масҷиди ба номи "Холид ибни Валид" бунёд мешавад. Масҷиди "Холид ибни Валид" таърихи 1300-сола дошта, ба маҷмааи таърихии "Хоҷа Аҳрори Валӣ" шомил аст. Сокинони ноҳияи Зомин бовар доранд, ки масҷиди нав бо дастури президенти Ӯзбекистон сохта мешавад. Ба иттилои мақомоти он кишвар, сохтмони масҷид ибтидои моҳи январ шуруъ шуда, то 21 март ба анҷом хоҳад расид. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар рӯзҳои истироҳат низ идома доранд. Масҷиди нав ду манора, як гунбаз, толори васеъ ва саҳни калон хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG