Пайвандҳои дастрасӣ

Бисёре аз китобу достонҳое, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар бораи фармондеҳон эҷод шуда буданд, якбора аз рафи китобфурӯшиҳо дар Хатлон "ғайб" задаанд.

Китоби шеъру мадҳия ва достонҳои қаҳрамонӣ ба ифтихори ҷангсолорони замони даргириҳои дохилӣ аз рафи китобфурӯшиҳо дар вилояти Хатлон нопадид шуданд. Ин китобҳоро нависандагони маҳаллӣ солҳои 90-уми асри гузашта дар ҳоле навишта буданд, ки дар кишвар ҷанг ҷараён дошт ва ҷангсолорҳо дар он вақт барои минтақаҳои таҳти нуфузашон ҳам шоҳ буданд ва ҳам - худо.

Бо гузашти 17 сол аз имзои созишномаи сулҳ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин, ки ба ҷанги панҷсола дар кишвар хотима гузошт, аз садҳо шеъру достон ва китобҳои хурду бузурги мадҳу санои қаҳрамонҳо, ба ҷуз ду-се китоби хурд, ки ҳоло дар зери чангу ғубори рафҳои китобфурӯшиҳо хобидаанд, чизе боқӣ намондааст. Соҳибони дӯконҳои китобфурӯшӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, макони даргириҳои

Пайкараи Файзалӣ Саидов, аз сарони Фронти халқӣ.

Пайкараи Файзалӣ Саидов, аз сарони Фронти халқӣ.

шадид дар авоили солҳои 1990, мегӯянд, китобҳои маъруфи он давра "Тӯфони Сангаки Сафар ва Файзалӣ Саид", "Номус", "Марди майдон" ва бархе китобҳои дигар буданд, ки ҳамагӣ қаҳрамониҳои ҷангсолорони Фронти Халқиро васф мекарданд. Бархе аз ин шеърҳоро овозхонҳои номдори кишвар низ ба шакли тарона месуруданд.

Дар шаҳру навоҳии ҷануби кишвар ҳайкалтарошҳо барои ҷангсолорон муҷассамаҳо сохтанд ва чандин деҳкадаву ноҳияву мактабу клуб ба хотири ҷангсолорон номи онҳоро бо худ доранд. Дар ибтидои солҳои 2000-ум муҷассамаҳои “командирҳо” сарнагун шуданд ва ё ба гӯшаҳои аз назарҳо пинҳон кӯч бастанд. Аммо номи онҳоро аз колхозу совхозҳо ва мактабу клубҳо берун накардаанд. Нозирони маҳаллӣ мегӯянд, ки ҳукумат инро ҳам ислоҳ хоҳад кард, зеро ба гуфтаи онҳо он ҷанги нангин набояд қаҳрамон дошта бошад.

Рӯшанфикрони хатлонӣ мегӯянд, бо гузашти солҳо шоирону нависандаҳои маҳаллӣ, ки барои “командирҳо” мадҳу сано ва китобу достон навишта буданд, назари худро ба ҷанг ва, инчунин, сабабҳои сар задани ҷанг дигар карданд ва ҳоло шояд аз тавсифи қаҳрамонҳои як

Тоҳири Розиқ.

Тоҳири Розиқ.

тарафи ин ҷанги бародаркуш шарм медоранд. Тоҳири Розиқ, хабарнигори радиои “Тоҷикистон”, ки адабиёти солҳои ҷанги шаҳрвандиро мутолиа кардааст, мегӯяд, он солҳо шоирону нависандагон аз тарси ҷон барои ҷангсолорҳо шеъру қасида менавиштанд.

“Он шабу рӯзҳо аҳли ҳунар барои ҷон ба саломат бурдан шеър менавиштанд. Агар он шеърҳо таъсирбахш мебуданд, ҳоло гум намешудаанд. Ман аз соли 1992 барои барномаи “Хоки ватан” зиндагии сангини мардуми Вахшонзаминро дар радио гузориш мекардам ва хуб медонам, ки мардум ин қасидаҳоро чӣ гуна қабул мекарданд,” – нақл кард ӯ.

Дар ҳоле ки аксари фармондеҳони ҷанг мардуми аз ҳунару шеъру адаб дур буданд, аммо мадҳу санои шоиронро меписандиданд ва бисёре аз китобҳоро худашон сармоягузорӣ мекарданд. Аксари шоирону нависандагони замони ҷанг, ки маҷмӯаи шеърияшон дар васфи яке аз тарафҳои даргир суруда шудаанд, ҳоло аз суҳбат худдорӣ мекунанд. Абдувалии Истаравшанӣ, сокини Қӯрғонтеппа ва яке аз муаллифони китоби “Тӯфони Сангак Сафар ва Файзалӣ Саид” дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, он замон сари эҳсос ва ғазаб ин китобро навиштааст.

“Намедонам, ки ин китоб ҳоло чигуна қабул мешавад, вале мо он замон ки эҳсоси зиёд доштем, ҳар қадаре ки тавонистем сиёҳ кардем. Инро пинҳон намекунам, барои онки он шабу рӯз ғазаб доштем, падарам дар он ҷанг ваҳшиёна кушта шуд. Аммо ҳоло ман дигар кина надорам ва бояд чизи хубе нависем, ки созанда бошад,” -- мегӯяд Абдувалии Истаравшанӣ. Китоби “Тӯфони Сангаки Сафар ва Файзалӣ Саид” охири соли 1992 аз чоп баромадааст.

Зариф Ибод

Зариф Ибод

Аммо Зарифи Ибод, шоир ва нависандаи 72-сола дар Хатлон, муалифи 20 китоби назму наср, ки якеашро бо номи “Номус” ба Файзалӣ Саидов, яке аз ҷангсолорони Фронти Халқӣ бахшидааст, мегӯяд, навиштаҳои ӯ ҳоло ҳам метавонанд насли наврасро дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбия кунанд. Зарифи Ибод дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо гузашти солҳо назари ӯ ба ин даргириҳо ва Файзалию Сангак дигар нашудааст ва онҳоро қаҳрамон медонад. “Ба андешаи ман Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов, ҳарчанд Сангак доғи судӣ дошт, вале қаҳрамон буданд ва қаҳрамонӣ карданд. Ба онҳо унвон надодаанд, вале нақши онҳо дар сулҳи тоҷикон бузург буд,” – гуфт ӯ.

Маҷмӯаи шеърҳои Зарифи Ибод бо хоҳиши дӯстони Файзалӣ Саидов дар вақти зинда будани ӯ фармоиш дода шудааст ва шоир ӯро аз наздик дида ва баъдан ба навиштани китоб оғоз кардааст. Баъди кушта шудани Файзалӣ Саидов рӯзи 30-марти соли 1993 ӯ китоби “Номус”-ро аз чоп баровард, ки низ ба ҳамин ҷангсолор бахшида шудааст.

Нишонаи ҷангсолорон дар муқоиса бо навоҳии дигар бештар дар совхозу колхозу клубу мактаби водии Вахш ба мушоҳида мерасад. Дар минтақаи Кӯлоб, ки баъзе ҷангсорон аз онҷо буданд, на аксе дида мешавад ва на ҳайкале ба назар мерасад.

Аввалин даргириҳо дар водии Вахш, шаҳри Қӯрғонтеппа шурӯъ ва танҳо аз як маҳаллаи Ломоносови ин шаҳр дар чанд рӯзи аввал ҳудуди 100 нафар кушта шудаанд. Дар тӯли панҷ соли ҷанг даҳҳо ҳазор нафар кушта ва беш аз 100 ҳазор нафар паноҳанда шуданд.

Нимпайкараҳои Файзалӣ Сайдов, Сангак Сафаров ва Лангарӣ Лангариев, се тан аз ҷангсолорони Фронти Халқӣ баъди марги онҳо дар Қӯрғонтеппа гузошта шуд, ки макони шаҳидон ном дорад. Вале насли нав, ки синнаш акнун ба 20 расидааст, дар бораи ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ танҳо аз телевизион ва дар бораи ҷаррории ҷангсолорон аз қиссаҳои забони мардум огоҳ шудаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG