Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди Инқилоби Октябрро танҳо коммунистон ҷашн гирифтанд (ВИДЕО)


Инқилоби октябр, ки ба як рӯзи баъд аз солгарди Сарқонуни Тоҷикистон рост меояд, тақрибан аз ёдҳо рафтааст ва ҳоло танҳо аз сӯйи комунистони тоҷик ҷашн гирифта мешавад.

Таҷлили 97- умин солгарди ғалабаи Октябрро имсол коммунистони Тоҷикистон ҳанӯз аз санаи 6- уми ноябр бо гулгузорӣ бар пояи беш аз 60 муҷассамаву нимпайкараҳо Ленин, ки дар бархе аз марказҳои навоҳии кишвар ҳамчунин побарҷост, шурӯъ карданд. Аммо масъулони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар ин рӯз бо дареғ мегӯянд, наметавонанд дар чунин идҳои муҳими худ, зери пояи муҷассамаи барқаду аслии Ленин, ки қаблан дар дар Боғи фарҳангу фароғатии шаҳр қомат афрохта буд, гул гузоранд. Зеро онҳо то ҳанӯз бо ҳукумат бар сари макони навбати ин муҷассама ба созиш нарасидаанд. Ин муҷассамаро, коммунистҳои кишвар муҷассамаи рақами як ном мебаранд ва он ҳангоми навсозии боғ бардошта шуда, феълан дар осорхона аст.

Исмоил Талбаков
Исмоил Талбаков

Аммо бо ин ҳама Исмоил Талбаков муовини раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон мегӯяд, ҷашни "инқилоби октябр" барои намояндагони ин ҳизб, ки имрӯз шуморашон дар кишвар беш аз 40 ҳазор нафар аст, яке аз муҳимтарин идҳост ва онҳо ҳамасола 7 ноябрро дар миёни аъзоёни худ дар саросари кившар таҷлил мекунанд. “Ин сана воқеаест, ки адолати иҷтимоӣ ба ноадолатиҳои дунё ғалаба кард ва дар харитаи дунё давлати советӣ пайдо шуд ва истиқлолияти Тоҷикистон ҳам аз он ҷо маншаъ мегиранд. Ғалабаи октябр дар таърихи халқҳои мазлум махсусан кившарҳои Осиёи Миёна ва умуман собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ воқеае буд, ки орзуву омоли ҳазорсолаҳои мардуми азхаҳматкаш рӯйи кор омад. Дар замони шӯравӣ яке аз ҷашнҳои беҳтарин ба ҳисоб мерафт. Ҳарчанд ин давлат ҳам пароканда шуд, аммо 7 ноябр аз дили мардум пароканда нашудааст ва яке аз ҷашнҳои муҳим аст.”

Дар бораи 7 уми октябр ва ҷашни инқилоби октябр сокинони дигари Тоҷикистон ғолибан бузургтар хотироте дорад, насли миёна ва ҷавонҳо ин санаро на ёд доранд ва на ҷашн мегиранд. Гулрухсор Сабзалиеваи 50-сола, ки ин ҷашн барои ӯ ёде аз рӯзгори орому осоишта дорад, мегӯяд: “Мо аз ҳамон кӯдакӣ ёд дорем, ки хеле бошукӯҳ ҷашн мегирифтем. Ва дар ин рӯз меҳнаткашон тамоми дастовардҳои худро ба намоиш мегузоштанд, кормнадони тамоми соҳаҳо дар майдон ҷамъ мешуданд. Мисле, ки имрӯз ҷашни истиқлолро таҷлил мекунем, он солҳо мо инқилоби октябр ҳамин тур ҷашн гирифта мешуд.”

Хотироти сокинон аз ҷашни пирӯзии Инқилоби Октябр
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00

Инқилоби Октябр дар соли 1917 ҳукумати муваққатӣ баъд аз истеъфои подшоҳи Русия рӯи кор омадаро барканор кард ва давлати шӯравиро ба раҳбарии Владимир Илич Ленинро бақудрат нишонд. Ҷавонон аз ин, ки дар ин рӯзҳо дар замони шӯравӣ чӣ иттифоқе рух додааст, изҳори беиттилоӣ мекунанд. Музаффар, як донишҷӯи тоҷик, мегӯяд, дар бораи ҳукумати Шӯравӣ дар дарси таърих барояшон каму беш маълумот медиҳанд, аммо дар хотир надоранд, ки дар мактаб ё донишгоҳ дар бораи инқилоби октябр чизе гуфта бошанд.

Аммо Мунаввара Салимова омӯзгори таърих дар мактаби рақами 10 уми пойтахт мегӯяд: “Мо дар дарсҳои дигар вақте дар бораи бунёди Иттиҳоди Шуравӣ сухан меронем, дар бораи инқилоби октябр маълумот медиҳем. Мегуем, ки давраи ба дасти халқ гузаштани ҳокимият ва ба шарофати он аз зулму истимор халос шудани халқ аст. Мегӯем, ки дар натиҷаи ин инқилоб мо ҳам оозодиро ба даст овард. Вале албатта он ба соли 1991 ки баъди 1000 сол мо истиқлолият ба даст овардем баробар шуда наметавонад.”

Дар донишгоҳҳои кишвар мавзӯи инқилоби октябр дар доираи таърихи Русия ва дигар халқҳо ба таври умумӣ омӯзонида мешавад ва танҳо дар факултаҳои таърих дар доираи 3- 4 дарс дар бораи иттиҳоди Шӯравӣ ва инқилоби октябр маълумот дода мешавад. Аз барномаҳои таълимӣ бардошта шудани ин ҳодиса дар замони истиқлол ва ноогоҳии насли ҷавон аз ҳаводиси таърихӣ дар ҳолест, ки ба гуфтаи Ҳайдаршо Пируншоев, таърихнигори тоҷик инқилоб октябр дар тақдири халқи тоҷик нақши ҳалкунанда доштааст ва эҳёи давлатдории Тоҷикистон ба ин инқилоб вобастааст: “Аз қаъри феодализм моро ба давраи баланди ҷомеаи тараққикарда расонд. Албатта, дареғ ки имрӯз ба ин чиз кам таваҷҷуҳ мешавад. Он давра бояд ба ҷавонон хуб фаҳмонда шавда, ҷавонон қобилияти дарки онро донранд ва ин аз мо вобастааст. Ин ҷо албатта фикрҳои гуногунанд ва ҷавонон бояд омӯзанду худ хулосабардорӣ карда тавонанд. Ҳама гардишҳои сиёсӣ бояд насли ҷавонро бохабар кард.”

Аммо Исмоил Талбаков муовини раиси ҳизби Комунистии Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳолат на танҳо дар Тоҷикистон балки дар аксар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам мушоҳида мешавад. Дар таърихи аксари ин давлатҳо ҳоло барои насли ҷавон дар бораи 70 соли давраи шӯравӣ иттилои кофӣ дода намешавад.

XS
SM
MD
LG