Пайвандҳои дастрасӣ

Модари Осия: "Ӯро куштаанд"


Сабоҳат Диловарова (Осия)-и панҷсола

Сабоҳат Диловарова (Осия)-и панҷсола

Ҷасади Осияи панҷсоларо, ки рӯзи 8 август дар маҳаллаи “Садбарг”-и шаҳри Душанбе нопадид шуда буд, баъди 5 ҳафта аз ҷӯйборе дар рустои Шӯроби поёни ноҳияи Ҳисор пайдо кардаанд.

Наздикони Осияи 5-сола мегӯянд, ҷасади ӯро рӯзи 13 сентябр, билофосила баъди гирифтан аз дасти мақомот ба хок супурдаанд, чунки ба қавли онҳо, ҷасади ӯ муддати тӯлонӣ дар зери об вайрон шуда буд.

Назира Диловарова, модари Сабоҳат (Осия)-и 5-сола мегӯяд, ҷасади духтараш дар ҳолати ваҳшатнок қарор дошт ва ӯро фақат аз рӯи сару либос ва нишонаҳои хосаш шинохтаанд. Ҷасади ин кӯдаки панҷсола, ки аввали моҳи август аз маҳаллаи “Садбарг”-и шаҳри Душанбе нопадид шуда буд, аз дохили як ҷӯйбор дар ноҳияи Ҳисор “бо аломатҳои марги маҷбурӣ” пайдо шудааст.

Модари Осия рӯзи 14 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, то лаҳзаи охирин ба зинда пайдо шудани духтараш бовар дошт. Ӯ мегӯяд, гум шудани Осия сахт дилшикастааш карда буд ва танҳо ба хотире, ки ӯро рӯзе солим пайдо мекунад, зиндагӣ мекард. Модари Осия, ки дар як ҳолати маъюсӣ ва ғамгинӣ бо мо сӯҳбат мекард, гуфт, дигар бо пайдо шудани ҷасади ӯ зиндагӣ маънояшро гум кардааст.

Ӯ дар идома аз кори мақомот интиқод кард ва афзуд, агар духтарашро ҷиддӣ ҷустуҷӯ мекарданд, эҳтимоли зиёди зинда пайдо карданаш вуҷуд дошт: “Сад бор гуфтам, ки кишлоқҳоро кобед, аммо накофтанд. Худам ба пои худ ҳама ҷоро кофтам, аммо касе маро ҳамроҳӣ намекард. Гуфтам, дар даруни шаҳр кӯдакро дуздон нигоҳ намедоранд ва сад бор гуфтам, тарафи Ҳисорро бикобанд. Мекобем, гуфтанду вале касе накофт.”

Дар мавриди ин ки эҳтимол кӯдак ғарқ шуда бошад, хонум Назира гуфт: “Чӣ тавр кӯдак то Ҳисор рафта, баъд дар он ҷо ғарқ мешавад? Ӯро дуздида бурда ва куштаанд.”

Фарзияи ғарқ шудани ин духтари панҷсоларо мақомот низ рад мекунанд ва масъулони пулиси ноҳияи Ҳисор бар ин назаранд, ки эҳтимол ин ҷасад пас аз кушта шуданаш ба об партофта шуда бошад. Сорбонҷон Аҳмадов, як масъули шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳисор, мегӯяд, воқеан, дар бадани ҷасаде, ки пайдо кардаанд, осори марги маҷбурӣ намоён буд: “Соати 10-и рӯзи 13 сентябр аз ҷӯйбори обгузари деҳаи Шӯроби поёни ҷамоати Сомони ноҳияи Ҳисор ҷасади духтарчаи ноболиғи синну солаш тахминан аз 5-сола боло дар ҳолати вайроншавӣ пайдо шуд. Қадаш 1 метру 3 сантиметр ва дар гарданаш лентаи ранги сурх дошт. Дар баданаш аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо гардидааст. Ҳоло тафтиш дар ин маврид идома дорад.”

Мақомот мегӯянд, натиҷаҳои муқаддамотии ташхиси ҷасади Осия шояд то як ё ду рӯзи дигар маълум шавад. Маҳаллае, ки дар он наздикони Осия зиндагӣ мекунад, ба ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дохил мешавад.

Ислом Шоимов, як масъули шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур гуфт, онҳо дар ҳамкорӣ бо дигар ҳамкасбонашон аз дигар шаҳру навоҳӣ дар ҷустуҷӯи Осия қарор доштанд. Ин масъули милисаи Шоҳмансур гуфт, гурӯҳе аз кормандонашон ба ноҳияи Ҳисор сафар кардаанд ва ба шоҳидон сӯҳбат мекунанд.

Осия

Осия

Осия ягона духтари Назира Диловарова аст, ки дар танҳоӣ духтарашро ба воя мерасонд, зеро ҳанӯз қабл аз таваллуди ӯ аз шавҳараш ҷудо шудааст. Назираи 29-сола дар яке аз ороишгоҳҳои пойтахт кор мекунад. Осия, ки дар санадҳои расмиаш бо номи Сабоҳат Диловарова сабт шудааст, рӯзи 8 августи соли ҷорӣ аз назди хонаашон дар кӯчаи Айнӣ 32/1, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, гум шуд. Ҷое, ки Малика ва Сабинаи 5-сола низ 25 марти соли 2013 гум шуда, то ҳол аз онҳо дараке нест.

Гум шудани Осия ва он ҳам дар ҳамон маҳаллае, ки соле пеш ду кӯдаки дигар гум шуданду то ҳол дараконшро наёфтаанд, боиси сарусадоҳои зиёде дар байни мардум шуда буд. Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар посух ба ин сарусадоҳо гуфта буданд, барои пайдо кардани Осияи 5-сола гурӯҳи махсус таъсис шудааст ва тафтишот тамоми фарзияҳои мавҷударо таҳқиқ мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG