Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади мушовири пешини Путинро аз як меҳмонхона ёфтанд


Михаил Лесин.
Михаил Лесин.

Ҷасади Михаил Лесин, яке аз шахсиятҳои муҳими таъсиргузор дар матбуоти Русия ва вазири пешини матбуот, телевизион ва радиои ин кишварро дар меҳмонсарои “Дюпон”-и Вашингтон пайдо карданд.

Дар меҳмонсарои "Дюпон"-и Вошингтон ҷасади Михаил Лесин, яке аз шахсиятҳои муҳими таъсиргузор дар матбуоти Русия ва вазири пешини матбуот, телевизион ва радиои ин кишварро пайдо карданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии АВС-и Амрико хабар додааст.

Аъзои хонаводааш гуфтаанд, ки Лесин рӯзи панҷшанбе бар асари сактаи қалбӣ даргузаштааст. Михаил Лесин 57 сол дошт ва ҳоло пулиси Вошингтон ба сабабҳои аслии марги вай расидагӣ мекунад. То ҳол ба таври расмӣ дар бораи сабаб ва шароити даргузашти вай хабар надодаанд.

Шабакаи телевизионии АВС гуфтааст, ки ҳадафҳои сафари Михаил Лесин ба Амрико маълум нест. Дар бораи марги вай ба сафорати Русия дар Вашингтон хабар додаанд ва ҳоло мақомоти расмии Русия якҷо бо пулиси Амрико расидагиро идома медиҳанд.

Лесин муддатҳои тӯлонӣ яке аз шахсиятҳои бонуфуз дар бозори матбуотии Русия ба шумор мерафт ва ҳамеша вайро дар долонҳои ҳукуматӣ низ дидан мумкин буд. Вай муассиси ширкати “Видео интернешенл” буд ва шабакаи телевизионии «Russia Today” ба забони англисӣ бо ташаббуси вай ташкил шуда буд.

Ин шахс, ки яке аз атрофиёни наздики Владимир Путин буд, дар солҳои 1999-2004 дар давраи аввали раёсати ҷумҳурии Путин вазири матбуот ва радио телевизион буд ва панҷ соли дигар мақоми мушовири раёсати ҷумҳуриро бар ӯҳда дошт.

Владимир Гусинский, молики пешини шабакаи телевизионии НТВ баъд аз тарки Русия гуфта буд, ки дар соли 2000 вазири матбуот Лесин протоколи махфии шумораи 6-ро имзо карда буд ва бар асоси ин протокол, парвандаи ҷиноятӣ ба зидди Гусинский қатъ карда шуд. Қатъи парванда ба он рабт дошт, ки бояд Гусинский саҳмияҳои матбуотии “Газпром”-ро дар ихтиёри Лесин мегузошт.

Вале дар давраи раёсати ҷумҳурии Дмитрий Медведев дар соли 2009 Лесин аз мақоми мушовир барканор гардид ва он вақт эълон карданд, ки гӯё вай бо ихтиёри худ аз мақомаш истеъфо додааст.

Бо вуҷуди ин, хабаргузориҳо аз қавли баъзе манобеи худ дар дафтари раёсати ҷумҳурӣ навиштанд, ки Лесин барои риоят накардани қонунҳои хадамоти давлатӣ ва рафтораш аз мақом барканор шудааст. Дар ин миён коршиносон ҳам гуфтанд, ки манофеи молӣ ва соҳибкории Лесин баъд аз истеъфояш низ муноқишабарангез будааст.

Вале баъд аз дубора ба раёсати ҷумҳурӣ омадан Путин дубора ба суроғи дӯсташ рафт ва номи Лесин дубора сари забонҳо омад. Вай аз моҳи октябри соли 2013 то 12 январи соли 2015 раиси умумии "Газпром-медиа холдинг» буд. Ба ин ҳолдинг ширкатҳои телевизионии НТВ, ТНТ, ширкати телевизионии моҳвораии "НТВ-Плюс", радиои "Эхо Москвы", "Cити-FM", Relax-FM ва нашриёти "Семь дней" дохил мешаванд.

Як сол пеш байни Михаил Лесин ва радиои "Эхо Москвы" моҷаро сар зад. Вай мехост, як рӯзноманигорро аз кор ронад. Вале сардабири радио ба ҳимояти корманди худ бархест. Вале дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ корманди радио фақат барои чанд моҳаз таҳияи барномаҳо барканор шуд.

Баъд аз барканорӣ аз мақоми раиси умумии медиа ҳолдинг Михаил Лесин соли 2014 дар Лос-Анҷелес бо арзиши 28 миллион доллар хонае харид, ки мақомоти додгоҳии Амрикоро дар тааҷҷуб гузошт ва сенатори аёлати Миссисипӣ аз вазорати адлия хост, ки сарчашмаи молии хариди ин ин хона тафтиш карда шавад.

XS
SM
MD
LG