Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фурудгоҳи Бодканд рақиби ширкатҳои “ТоҷикЭйр” ва “СомонЭйр”?


Сокинони Тоҷикистон ба зудӣ имкони парвоз ба дигар кишварҳо аз тариқи фурудгоҳи шаҳри Бодканди Қирғизистонро пайдо хоҳанд кард.

Баъд аз анҷоми таъмиру навсозӣ ба ин фурудгоҳ мақоми фурудгоҳи байнулмиллалӣ дода мешавад. Нурлан Мамиров, муовини раиси фурудгоҳи байнулмиллалии Манас, ки фурудгоҳи Бодканд ба ҳайати он шомил аст, ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, соли 2014 бозсозии пурраи хатти парвоз оғоз меёбад ва қарор аст, ки тули он 400 метр бештар шуда ба 2200 метр расад. Айни ҳол фурудгоҳ тавони фақат рӯзона қабул кардани ҳавопаймоҳои вазнашон то 22 тоннаро дорад. Хатсайри Бодканд-Бишкек худкифоятарин хатсайри дохилӣ дар ин кишвар маҳсуб мешавад.

Нурлан Мамиров гуфт, ки бозсозии фурудгоҳи Бодканд дар чаҳорчӯби стратегияи эҳёи фурудгоҳҳои маҳаллии Қирғизистон роҳандозӣ мешавад. Ӯ афзуд, ки “таҳияи аснод аллакай шурӯъ шудааст. Баҳори соли оянда мо аз ҳукумат хостори он мешавем, ки ба фурудгоҳ мақоми байнулмилалӣ диҳад. Ин мақом имкон медиҳад, ки парвоз хоҳ ба Сургут, хоҳ ба Маскав ваё ба ягон шаҳру кишвари дигар мустақиман аз Бодканд сурат бигирад”.

Ба иттилои расмӣ, айни ҳол 60 дар сади мусофироне, ки аз фурудгоҳи Бодканд ба Бишкек парвоз мекунанд, шаҳрвандони Тоҷикистонанд. Гуфта мешавад, ки бахши аъзами онҳо муҳоҷирони кориянд ва аз Бишкек ба шаҳрҳои гуногуни Русия ва ҳатто Украина парвоз мекунанд, зеро қимати билет назар ба билети ҳавопаймоҳое, ки аз Душанбеву Хуҷанд ба Русия парвоз мекунанд, арзонтар аст. Барои қиёс парвоз аз фурудгоҳи Манас ба Маскав 210 доллар қимат дорад, аммо барои парвоз аз Хуҷанд то Маскав мусофир бояд 462 доллар пардозад. Айни ҳол ҳатто дар сурати тавассути Бодканд ба Бишкек ва аз он ҷо ба Маскав парвоз намудан шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамагӣ 275 доллар сарф мекунанд.

Саидҷон Содиров, як сокини шаҳри Душанбе, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки худи ӯ боре бо тавсияи як дӯсташ аз Душанбе тавассути мошин ба Бодканд рафт ва аз он ҷо ба Бишкеку сипас ба шаҳри Новосибирск парвоз кард ва дар маҷмӯъ камтар аз 200 доллар сарф намуд, зеро қимати билет аз фурудгоҳи Манас то ин шаҳри Русия ҳамагӣ 75 доллар қиммат дорад. Ба гуфтаи ӯ, барои парвоз аз Душанбе то Новосибирск мусофир бояд беш аз 400 доллар пардохт кунад. Онҳое, ки аз Хуҷанд тавассути ҳавопаймо ба Новосибирск мераванд, бояд бо қимати 391 доллар билет бихаранд.

Мақомоти бахши ҳавопаймоии Қирғизистон мегӯянд, сокинони вилояти Суғди Тоҷикистон, ба вижа, тоҷирон моҳҳои ахир ба парвоз аз тариқи фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Ӯш, ки ба қарибӣ бозсозӣ шудааст, бартарӣ медиҳанд - парвоз аз Ӯш, бигирем, то шаҳри Истамбули Туркия ҳамагӣ 250 доллар аст, аммо билети хатсайри Хуҷанд-Истамбул 1108 доллар қимат дорад.

Коршиносон ҳадс мезананд, ки баъд аз шурӯи парвозҳо ба дигар кишварҳо аз Бодканд теъдоди боз ҳам бештари шаҳрвандони Тоҷикистон ба парвоз аз тариқи фурудгоҳи ин шаҳр бартарӣ хоҳанд дод. Он гоҳ ширкатҳои “ТоҷикАйр” ва “СомонАйр” ва ҳамчунин ширкатҳои ҳавопаймоии русие, ки вориди бозори Тоҷикистон шудаанд, ба ҷуз пойин бурдани қимати билетҳои худ илоҷе нахоҳанд дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG