Пайвандҳои дастрасӣ

О. Бобоназарова: "Дахолати милиса ба интихобот чӣ маънӣ дорад?"


Ойниҳол Бобоназарова, номзади интихоботи президентии Тоҷикистон аз амалкарди мақомоти давлатӣ, ба хусус ниҳодҳои интизомӣ барои дахолат ба раванди интихобот шадидан интиқод кард.

Хонум Бобоназарова рӯзи ҷумъаи 27 сентябр зимни нишасти матбуотӣ бо ширкати хабарнигорону намояндагони Куммиссиюни интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) ва созмонҳои байналмилалӣ аз ҳодисаи боздошти ҳудуди 10 тан аз афроде, ки ба тарафдории вай дар ноҳияи Фирдавсӣ имзо ҷамъоварӣ мекарданд, нигаронӣ карда гуфт, "милитсия чӣ ҳуқуқ дорад, ки ба интихобот дахолат мекунад?".

Дар ҳоле ки, ба гуфтаи хонум Бобоназарова, пас аз боздошти ин афрод, ки 9 нафарашонро занон ташкил медоданд, раиси ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ тасдиқ кардааст, ки ба варақҳои ҷамъоварии имзоҳо имзои вай гузошта шудааст.

Номзад ба мақоми президентӣ аз дигар мавриде низ ёдовар шуд, ки афроде, ки ба тарафдории вай имзо ҷамъоварӣ мекунанд, дар роҳу хиёбонҳо тавассути кормандони милитсия боздошт ва таъқиб мешаванд.

Вай гуфт, дар ҳоле, ки то поёни раванди ҷамъоварии имзоҳо 10 рӯзи дигар боқӣ мондааст, ситоди вай танҳо 21 ҳазор имзо ҷамъоварӣ кардааст.


Намояндаи КМИРТ: "Мо ба ҳалли мушкилоти интихоботӣ манфиатдорем"

Дар ҳамин ҳол Абдуманнон Додоев, раҳбари дастгоҳи КМИРТ нисбати изҳороти Ойниҳол Бобоназарова гуфт, ки ин ниҳоди интихоботӣ манфиатдори ҳалли ҳама масоил ва мушкилоти марбут ба интихобот аст.

Вай баъди садо додани изҳороти хонум Бобоназарова гуфт, "ман бидуни даъват ба ин нишаст омадам ва ҳадаф низ он аст, ки ҳар мушкилоте, ки вуҷуд дорад барои рафъи он кумаку мусоидати худро расонем".

Ҷаноби Додоев, дар мавриди боздошти 9 хонуме, ки ба ҷамъоварии имзоҳо машғул буданд, гуфт, пас аз он ки ин хабар ба КМИРТ расонда шуд, билофосила бо раиси ноҳияи Фирдавсӣ ва мақомоти милитсия дар тамос шудем ва ин масъала дар муддати 40-45 дақиқа ҳалли худро пайдо кард.

Раҳбари дастгоҳи КМИРТ дар мавриди сарпечии бархе аз ҳукуматҳои маҳаллӣ барои имзо ба варақҳои ҷамъоварӣ ба тарафдории номзад Ойниҳол Бобоназарова гуфт, "дар ин замина низ ҳар мушкиле, ки пеш меояд, мо талош дороем сари вақт ҳал шавад".

Вай гуфт, дар баъзе ҳолат хабарҳо зиддунақиз ҳастанд, чун, ба гуфтаи вай, дар шумораи навбатии нашрияи "Наҷот" омадааст, ки гуиё раиси ноҳияи Истаравшан рӯзи 20 сентябр гуфтааст, ки "ҳоло кор дорам" ва ваъда додааст, ки рӯзи 23 сентябр имзо мегузорад ва ин масъала рӯзи 22 сентябр ҳал шудааст.

Ба гуфтаи Додоев, дар сӯҳбат бо раиси ноҳияи Истаравшан маълум гардид, ки имзои варақаҳо дар рӯзи 21 сентябр сурат гирифта ва дар воқеъ раиси ноҳия ба раиси ҲНИТ дар ин ноҳия гуфтааст, ки ман имзо мегузорам ва худат мӯҳрро гузоштан гир.

Абдуманон Додев такъид кард, ки раиси КМИРТ ва дар маҷмуъ ҳайати ин ниҳод, талош дорад, то ҳама мушкилот ва мавонеи интихоботӣ рафъ гардад ва интихобот бидуни халале сурат бигирад.

Хонум Бобоназарова ҳамчунин изҳороти намояндагони бархе аҳзоб, аз ҷумла ҳизбҳои Халқии демократӣ ва Демократиро, ки гуфтаанд, дар муддати ду соат имзо ҷамъ хоҳем кард, зери суол бурдааст. Вай мегӯяд, албатта изҳороти ҳизби ҳокимро фаҳмидан мумкин аст, ки гуфтааҳояш ба чӣ маънӣ аст.

Хонум Бобоназарова мегӯяд, ин ҳама фишорҳоро дарк мекунад ва ҳамаи он алайҳи ҲНИТ равона шудаанд. Ҳатто таблиғоти шабакаҳои телевизион низ ба ин ҳадаф аст, ки обрӯ ва нуфузи ҲНИТ-ро коста кунанд.

Бо он ки фишорҳо зиёд аст, Ойниҳол Бобоназарова гуфт, ки аз мубориза даст намекашад ва то ба охир хоҳад рафт.

Аммо дар поёни изҳороташ Ойниҳол Бобоназарова гуфт, ки ба зудӣ нишасти шӯрои сиёсии ҲНИТ ва ҲСДТ баргузор хоҳад шуд ва тасмимоти ниҳоиро дар мавриди интихобот хоҳанд гирифт.


ТАФСИЛОТ НАШР МЕШАВАД

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG