Пайвандҳои дастрасӣ

Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, гурӯҳҳои ташаббускораш то имрӯз 110 ҳазор имзо ҷамъ кардааст.

Дар ситоди номзади ягонаи мухолифин ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки то рӯзи 3 октябр ба тарафдорӣ аз Ойниҳол Бобоназарова 110 000 имзо ҷамъ кардаанд. Гуфта мешавад, навоҳии Рӯдакӣ ва Исфара беш аз ҳар ноҳияи дигар дар кишвар имзо ҷамъ овардаанд. Бино ба ин манбаъ, дар навоҳии тобеъи марказ, Бадахшон, Суғд ва Хатлон онҳое, ки барои ин номзад ба мақоми президентӣ имзо ҷамъ меоранд, аз ҷониби мардум хуб пазироӣ мешаванд, аммо ҷо – ҷо бо мақомот мушкил доштаанд.



Абдуқаюми Қаюмзод - сухангӯи ситоди Ойниҳол Бобоназарова рӯзи 3 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, чунин афзоиши шумори имзоҳо ба тарафдории номзади Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳ онҳоро мутмаинтар сохт, ки метавонанд то поёни марҳалаи ҷамъоварии имзоҳо, яъне 7 октябр, дастикам 210 000 имзои лозим барои сабти номзадҳо ба интихоботи президентии Тоҷикистонро гирд биоранд. Ӯ гуфт, тақрибан ҳама дар ситоди Бобоназарова бар ин назаранд, ки бояд то охир бираванд. Ҳадди ақал то охири марҳалаи ҷамъоварии имзоҳо, - илова кард мусоҳиби мо.

Қаблан Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломӣ(ҲНИТ), ки дар анҷуманаш аз номзадии Бобоназарова пуштибонӣ кард, бо як шикоят ба Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон аз шеваҳои бархӯрди мақомот ба гурӯҳҳои ҷамъоварии имзо барои номзади Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳ шикоят карда буд. Дар ин номаи шикоятӣ омадааст, ки мақомот ҳангоми гузоштани муҳру имзо ба варақаҳои ҷамъоварии имзо мушкил эҷод карда, ғайриқонунӣ рафтор намуданд.

Расонаҳои Тоҷикистон раванди кунду ҷамъоварии имзо ба ҷонибдорӣ аз Ойниҳол Бобоназароваро, ки муҳимтарин рақиби номзади ҳизби ҳоким – ҲХДТ бояд шавад, зикр карда, навиштаанд, ки шояд ситоди ӯ то 7 ноябр ҳадди 212 ҳазор имзоро нагузарад.

Рӯзи 3 октябр Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) хабар дод, ки тамдид кардани замони мӯҳлати ниҳоии ҷамъоварии имзоҳо чандон аз эҳтимол дур нест. Раҳбари дастгоҳи ин ниҳод Абдуманнон Додоев гуфтааст, ду ҳизби демократ ва коммунист ба КМИРТ муроҷиат кардаанд, ки замони ҷамъоварии имзоҳоро тамдид кунанд. “Азия Плюс” аз қавли Додоев навиштааст, ки КМИРТ дар наздиктарин фурсат ин муроҷиатҳоро баррасӣ хоҳад кард ва “имкон дорад, ки онҳо пазируфта шаванд.”

То кунун барои ширкат дар ин интихобот 7 номзад - Ойниҳол Бобоназарова аз Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳ ва ҳизби наҳзати исломӣ, Исмоил Талбаков - аз ҳизби коммунист, Толиббек Бухориев - аз ҳизби аграрӣ, Саидҷаъфар Исмонов - аз ҳизби демократ, Олим Бобоев - аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Абдуҳалим Ғаффоров - аз ҳизби сотсиалист ва раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон - аз Иттифоқи ҷавонон ва иттифоқҳои касаба пешбарӣ шудаанд. Ҳар довталаб барои сабти номзадиаш бояд то 7 октябр дастикам 212 000 имзо ҷамъ биорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG