Пайвандҳои дастрасӣ

21 ҳазор имзо ба тарафдории Бобоназарова


Tajikistan,Dushanbe city, tajik opposition political parties discussed upcoming presidential election,27July2013

Tajikistan,Dushanbe city, tajik opposition political parties discussed upcoming presidential election,27July2013

Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова то имрӯз ҳамагӣ 21 ҳазор имзо ҷамъ овардааст. Ин дар ҳолест, ки то анҷоми марҳалаи ҷамъоварии имзоҳо 10 рӯзи дигар мондааст ва бояд 210 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шавад.

Хонум Бобоназарова, ки рӯзи ҷумъаи 27 сентябр дар нишасти матбуотӣ бо ширкати намояндагони Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) ва созмонҳои байналмилалӣ, сӯҳбат мекард сабаби ҷамъоварии ҳамагӣ 10 дарсади имзоҳои заруриро ба монеагузориҳои мақомоти давлатӣ рабт дод. Вай гуфт, дар ин бора далелҳои зиёде дар даст дорад ва мақомоти бархе аз навоҳии Тоҷикистон танҳо дирӯз варақаҳои заруриро муҳр гузоштаанд: «баъзе раисони шаҳру ноҳияҳо барои имзо накардан ба варақаҳо «мегурехтанд» ё ҳуҷҷатҳоеро талаб мекарданд, ки қонун муайян накардааст. Ҳатто раисони баъзе шаҳру ноҳияҳо мегуфтаанд, ки дар ин кор таҷриба надоранд, «аввал бояд омӯзанд, назди раиси КМИР Шермуҳаммади Шоҳиён раванд».

Маҳмадалии Ҳайит, раиси ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова рӯзи ҷумъаи 27 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "ин миқдор имзо муддати ду рӯзи ахир ҷамъоварӣ шудаааст, чун дарёфти имзои раҳбарони ҳукуматҳои маҳаллӣ барои гурӯҳҳои ташаббускори ҳизб ба мушкилӣ даст дод".




Ҷаноби Ҳайит афзуд, ки то ҳол 61 ноҳия барои ҷамъоварии имзо иҷозат додааст, аммо раисони ноҳияҳои Табошар, Чкалов ва Қайроқум дар вилояти Суғд, Балҷувон ва Носири Хусрав дар вилояти Хатлон, Роғун дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Мурғобу шаҳри Хоруғ ин корро ба дарозо кашидаанд.

Ба иддаои хонуи Бобоназарова ин ҳама монеасозиҳо аз протоколи 32-20 –и ҳукумат маншаъ мегирад, ки се ҷанбаи асосиро фаро мегирифт. Дар асоси он расонаҳои ҳукуматӣ бояд ҲНИТ-ро беобрӯ мекарданд, раисони ноҳия шаҳрҳо бояд иҷозат надиҳанд, ки аз ин ҳизб шахсе, ки нерӯ дорад, ба майдон ворид нашавад ва барои ба ҳадаф ноил шудан аз сохторҳои қудратӣ истифода баранд.

Бо зикри ин нукта Ойниҳол Бобоназарова аз боздошти даҳ хонум ва сардори ситоди интихоботӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ мисол овард, ки рӯзи 26 сентябр рӯй дода буд. Хонум Бобоназарова, афзуд, яке аз боздоштшудаҳо, духтараки 19-сола, бар асари ин ҳодиса ба бемористон афтодааст.

Вай гуфт, "ҳатто Фаромурз Имомбердиев, раиси шаҳри Хоруғ ба гурӯҳи ташаббускори ҳизб гуфтааст, ки аввал имзоҳоро ҷамъоварӣ кунед ва баъдан ман варақаҳоро имзо хоҳад кард. Ба ҷаноби Имомбердиев гуфтем, ки талаботи КМИРТ он аст, ки аввал имзои раисони шаҳру ноҳияро дошта бошем ва баъд имзоҳо бояд ҷамъоварӣ шаванд, вай гуфтааст, ки он чи ман гуфтам, ҳамон мешавад".

Раиси ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова вазъияро хеле душвор медонад ва мегӯяд, ингуна фишору монеагузорӣ ба кори гурӯҳҳои ташаббускор дар ҷамъоварии имзоҳо хеле зиёд мушоҳида мешавад.

Дар ҳамин ҳол Абдуманнон Додоев, раҳбари дастгоҳи КМИРТ дар мавриди боздошти 9 хонуме, ки ба ҷамъоварии имзоҳо машғул буданд, гуфт, пас аз он ки ин хабар ба КМИРТ расонда шуд, билофосила бо раиси ноҳияи Фирдавсӣ ва мақомоти милиса дар тамос шудем ва ин масъала дар муддати 40-45 дақиқа ҳалли худро пайдо кард.

Аммо рӯзи 27 сентябр Маҳмадалии Ҳаит, раиси ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова ба Радиои Озодӣ гуфт, имрӯз низ ду духтар ҳангоми ҷамъоварии имзоҳо боздошт шудаанд.

Раҳбари дастгоҳи КМИРТ дар мавриди сарпечии бархе аз ҳукуматҳои маҳаллӣ барои имзо ба варақҳои ҷамъоварӣ ба тарафдории номзад Ойниҳол Бобоназарова гуфт, "дар ин замина низ ҳар мушкиле, ки пеш меояд, мо талош дороем сари вақт ҳал шавад".

Абдуманнон Додоев аз ситоди интихоботии номзади ИНИТ хоҳиш кард, ки «хатои милисаҳо ва мақомоти шаҳру ноҳияҳоро ба дӯши КМИР бор накунанд, зеро ин ниҳод ҷонибдори дар мӯҳлати муқарраршуда ҷамъ кардани имзоҳо ва баргузор шудани интихоботи шаффофу демократӣ аст». Аммо Бобоназарова ин иддаоро рад кард: «мо ба Раҳмон ва ба шумо бор мекунем, чун шумо кафили интихоботи шаффоф ҳастед».

Бобоназарова аз он нигаронӣ намуд, ки дар маҳалҳо ба онҳо на танҳо фишор меоранд, балки шиносномаҳои мардумро ҳам бо баҳонаи омода кардани рӯйхати интихобкунандаҳоро ҷамъ кардаанд.

Аммо ҷаноби Додов гуфт, дирӯз расман аз ҷониби раиси КМИР ба раисони тамоми шаҳру ноҳияи мактуби расмӣ ирсол шуда, дар он дархост шудааст, ки дар ҷамъоварии имзоҳо ва тасдиқи варақаҳо ягон хел монеагузорӣ накунанд.

Ҳамзамон Абдуманнон Додоев ба камбудиҳое, ки аз ҷонииби гурӯҳи ташаббускори номзад низ содир мешаванд ишора карда гуфт, «ба ман аз ноҳияи Дарвоз занг зада гуфтанд, ки раиси бахши ҲНИТ дар ин ноҳия панҷ варақа овардааст, аммо онро пур карда наметавонад. Ман гуфтам, ки ба ӯ кумак кунанд, худашон навишта диҳанд».

Бо вуҷуди ин хонум Бобоназарова гуфт, ки дигар ба ваъдаи мақомот бовар намекунад ва ба унвони раиси ҷумҳур ва КМИР ҳам изҳорот пахш нахоҳад кард. Аммо ба гуфтаи хонум Бобоназарова ин далели даст кашидан аз мубориза нест ва ӯ то охир мубориза хоҳад бурд, ҳарчанд мутмаин нест, ки дар мӯҳлати муқарраршуда имзоҳои заруриро ҷамъ хоҳад овард.

Хонум Бобоназарова гуфт, ки рӯзҳои наздик маҷлиси васеи ИНИТ ва Шӯрои сиёсии ҲНИТ баргузор хоҳад шуд, ки дар он вай тасмими минбаъдаашро дар бораи ширкат кардан ё накарданаш дар интихобот эълон хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG