Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯянд, ки ахиран афроди номаълум бо пахши овозаҳои бардурӯғ аз овардани ҷасади беш аз 7 сарбоз ба ҷамоати Хистеварзи ин ноҳия хонаводаҳои аскаронро нороҳат карданд.

Мақомоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯянд, ки ахиран афроди номаълум бо пахши овозаҳои бардурӯғ аз овардани ҷасади беш аз 7 сарбоз ба ҷамоати Хистеварзи ин ноҳия хонаводаҳои аскаронро нороҳат карданд. Ин овозаҳо баъди ҳалокати 2 сарбози ҷавон, ки гуфта мешавад, дар пайи бадрафтории ҳамхизматҳои бузургсол ба ҳалокат расидаанд, пахш шуданд. Тоҳир Болтуев котиби Шӯрои ҷамоати Хистеварз рӯзи 23 июл ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ки дар чанд рӯзи ахир хонаводаҳои аскарон борҳо бо суоле, ки "хабари кушта шудани сарбозон рост аст ё дурӯғ?" - ба мақомот муроҷиат кардаанд.

“Баъди ҳамон ҳодисаҳои куштори ду сарбоз чанд падару модар, ки баъзеҳо ду фарзандашон дар сафи артиш аст, аз комиссарити ҳарбӣ ба фарзандонашон занг заданд ва сӯҳбат карда дилашон пур шуд, ки сиҳҳату саломат хидматро пеш бурда истодаанд”, – гуфт котиби ҷамоат. Болтуев гуфт, ки дар ҳақиқат рӯзҳои 6 в 13 моҳи июл ҷасади 2 сарбоз - Абдуваҳҳоб Қаюмов баъди 2 моҳи хизмат ва Парвиз Дӯстматов пас аз 1,5 соли хидмат бо нишонаҳои лату кӯб ва захми корд ба хонаводаҳояшон супурда шуданд. Вале ба ҷуз ин маврид дигар хабари нохуше аз артиш нарасидааст, гуфт котиби Шӯрои ҷамоат.

Як масъули комиссариати ҳарбии ноҳияи Ғафуров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мақомоти ҳифзи ҳуқуқ афродеро, ки чунин овозаҳои баду такондиҳандаро байни мардум паҳн кардаанд, ҷустуҷӯ доранд. Тоҳир Болтуев, котиби Шӯрои ҷамоати Хистеварз мегӯяд, онҳо намедонанд, ки ин овозаҳоро кӣ ва бо чӣ ҳадаф паҳн кардааст:

“Мумкин, ин кори касонест, ки оромии ҷамоат, ноҳия ё вилоятро намехоҳанд. Ё ки мехоҳанд мардумро аз артиш норозӣ кунанд”, - мегӯяд ин мақомдори маҳаллӣ. Ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар 25-километрии Хуҷанд бо беш аз 55 ҳазор аҳолӣ сернуфустарин ҷамоат дар Тоҷикистон ба шумор меояд. Ба гуфтаи масъулони ин ҷамоат, имсол аз 50 нафаре, ки ба сафи артиш даъват шуданд, аксаран сарбозиро бо хоҳиши худ ихтиёр карданд. Абдуваҳҳоб ва Парвиз, ду сарбозе, ки моҳи равон дар қисмҳои ҳарбии худ кушта шудаанд, низ ихтиёран ба артиш рафта буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG