Пайвандҳои дастрасӣ

Даргузашти Бобишоҳ Шоев -- номзади пешини мақоми президентӣ


Бобишоҳ Шоев. Акс аз бойгонии рӯзноманигор Шаҳрзоди Амин.

Бобишоҳ Шоев. Акс аз бойгонии рӯзноманигор Шаҳрзоди Амин.

Бобишоҳ Шоев, яке аз довталабони курсии раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар интихоботи соли 1991, аз дунё даргузашт.

Дафтари матбуоти Раёсати ислоҳии маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 13-уми декабр ба радиои "Озодӣ" зимни таъйиди ин хабар гуфт, ки Бобишоҳ Шоев бар асари сактаи қалбӣ дар беморхонаи маҳбаси Ваҳдат даргузаштааст.

Вай давраи ҷазои худро дар маҳбаси давраи ислоҳии рақами 4 (маҳаллаи "Якум Советский"-и Душанбе) сипарӣ мекард. Аммо як моҳ қабл аз бемории қалб ранҷ мебурд ва ба бемористони маҳбаси Ваҳдат интиқол ёфта буд. Ҷасади Бобишоҳ Шоев субҳи барвақти рӯзи панҷшанбе ба наздиконаш таҳвил дода шудааст.

Додгоҳи шаҳри Душанбе дар моҳи ноябри соли 2011 Бобишоҳ Шоев ва 13 ҳамроҳи ӯро ба сирқат ва ришват муҷрим шинохта, оқои Шоевро ба 18 сол ва ҳамроҳони ӯро ба солҳои мухталиф аз озодӣ маҳрум намуда буд. Бобишоҳ Шоев то замони боздошташ дар моҳи декабри соли 2010, дар мақоми раиси корхонаи манзилию коммуналии назди ширкати «Нафту газ ва ангишт» кор мекард.

Ба гуфтаи додгоҳ, Бобишоҳ Шоев дар тӯли солҳои 2005 - 2010 беш аз 1 миллион сомонӣ маблағи мардумро аз худ карда ва аз хазинаи корхонаи "Нафтугаз ва ангишт" беш аз 417 ҳазор сомониро рабуда ва "барои эҳтиёҷоташ” истифода намудааст.

Бобишоҳ Шоев, аз ҷумлаи номзадҳоест, ки дар нахустин интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1991 ширкат кардааст. Дар ин интихобот, ки бо ҳузури 11 нафар номзад, баргузор шуд ва соҳибназарон нахустин интихоботи озоду демократӣ дар даврони пас аз касби истиқлоли Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд, Бобишо Шоев дар канори Раҳмон Набиев, Давлати Худоназар, Сайфиддин Тураев, Бурихон Салимов, ва дигарон ба рақобат пардохта буд.

Бобишо Шоев чанд бор ҳамчун номзади ҲХДТ вакили маҷлиси шаҳри Душанбе интихоб шуда буд ва аз аъзои фаъоли шӯрои ҷамъиятӣ маҳсуб мешуд.

Ҳарчанд дар ин интихобот Бобишоҳ Шоев аз ҷумлаи рақибони ношинохта буд, вале шиорҳои барномаи ғайриоддияш дар зеҳни сокинони кишвар то ҳанӯз боқӣ мондааст. Масалан, дар барномаи интихоботии вай пешниҳод шуда буд, ки аз Душанбе то ба Кӯлоб хатти ҳаракати троллейбусҳо хоҳад кашид ва Тоҷикистонро бо "нахӯд"-у "наск" таъмин хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG