Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боб Дилан - барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт. 2 ВИДЕО


Боб Дилан, соли 2012

Боб Дилан, соли 2012

Академияи Шветсия ҷоизаи Нобелро дар бахши адабиёт ба шоир ба овозхони маъруфи амрикоӣ Боб Дилан тақдим кард. Дар изҳороти Кумитаи Нобел гуфта мешавад, ки Боб Дилан барои “забони нави шеър дар анъанаи овозхонии амрикоӣ” ба ин ҷоиза мушарраф мешавад. Боб Дилан (Роберт Аллен Симмерман) соли 1941 таваллуд шуда, нахустин албоми сурудҳояшро дар соли 1961 нашр кардааст. То имрӯз ӯ беш аз 30 албоми сурудҳояшро нашр кардааст. Дилан барандаи нӯҳ ҷоизаи Гремми мебошад. Сурудҳои "Blowin' in the Wind" ва "The Times They Are a-Changin'" гимни ҳаракатҳои озодихоҳӣ ва зиддиҷангӣ дар ИМА шудааст.

Ҳар коре, ки то имрӯз кардааст, аллакай сарвати зеҳнии ҷаҳониён маҳсуб мешавад

Бо васияти Алфред Нобел, як соҳибкор ва кашшофи шведӣ, аз соли 1901 ҷоизаи Нобел ҳар сол дар панҷ бахш - физика, кимиё, тиб, адабиёт ва ҳамчунин ҷоизаи вижаи сулҳ тақдим мешавад. Ҷоизаи пулӣ тахминан 1 миллион долларро ташкил медиҳад. Худи ҷоиза рӯзи 10 декабр дар рӯзи марги Нобел тақдим мешавад.

Шинохти эҷодиёти Боб Дилан дар Тоҷикистон

Кайд, як овозхон ва шореҳи мусиқӣ аз ҳаводорони Боб Дилан дар Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳунарманди собиқадор воқеан ҳам арзандаи ҷоизаи баланди Нобел мебошад ва, ба қавли ӯ, дар муқоиса бо “бархе барандаҳои дигари ин ҷоизаи бонуфуз” воқеан ҳам сазовори чунин қадрдонии хос аст.

Кайд дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт: “Боб Дилан як шахсияти боҳашамат дар таърихи мусиқии ҷаҳон аст. Ӯ як файласуф, шахсияти сулҳпарвар ва идеалист аст. Мусиқии ӯро нодида гирифта намешавад. Ӯ бо беҳтарин ҳунармандони ҷаҳон кор кардааст, ҳарчанд шахсан худаш як навозандаву овозхони соддабаён аст. Илова ба ин, матни шеърҳояш хеле баланданд, ҳарчанд боз мегӯям, хеле соддаву сабук навишта шудаанд”.

Ба қавли Кайд, оҳангҳои Боб Дилан дар саҳнаи ҳунари мусиқии замонавии Тоҷикистон ҳам ҳамеша садо медиҳанд. Ду оҳанги маъруфтарини Боб Дилан, ки пайваста дар консертҳои ҳунармандони рок дар Тоҷикистон иҷро мешаванд, “Knockin’ On Heavens Door” ва “Blowin’ in the wind” мебошанд. Вай гуфт, бо оҳангҳои Дилан дар Тоҷикистон ҳанӯз давраи шӯравӣ шинос шуда буданд.

Оҳанге аз Кайд бо ишора ба Боб Дилан:

"Мубаллиғи сулҳу инсоният"

Ба саволи ин ки Боб Диланро аз овозхонҳои дигари маъруфу фаъол чӣ хусусияте фарқ мекунад, Кайд гуфт: “Ман дар борааш зиёд мутолеа кардам. Боб Дилан дар як хонаводаи коргари яҳудӣ ба дунё омадааст. Волидонаш мехостанд, ки ӯ як соҳибкор шавад, вале ӯ таҳсил накард. Саркашу озод буд. Вақте хеле маъруф шуд, боз ҳам зиндагии оддие дошт. Ӯ ҳамеша мубаллиғи беҳтарин хусусиёти инсонӣ, сулҳ дар ҷаҳон буд.

Сарватманд буд, вале ҳамеша дар миёни одамони оддӣ мегашт. Метавонист ба сиёсат равад, мисли Ҷон Леннон, вале ин корро накард. Гоҳо танқиде мешунавӣ, ки “ӯ дар 20 соли охир ҳеҷ кори наве эҷод накард”. Вале вай як одами солхӯрда шудааст, вазифадор нест, ки чизи наве эҷод кунад. Ҳар коре, ки то имрӯз кардааст, аллакай сарвати зеҳнии ҷаҳониён маҳсуб мешавад”.

Ҳаводорони мусиқии ғарбӣ дар Тоҷикистон – гурӯҳҳои року мусиқии кантрӣ, ки дар маҳфилҳои маҳдуди мусиқишиносон ва ё коршиносон иҷро мекунанд, мегӯянд, эҷодиёти Боб Дилан дар ин кишвар ба забони англисӣ шинохта шудааст.

Вале ҳаводорони эҷодиёти Дилан дар Эрон талош карданд баъзе намунаҳои шеъри ӯро ба забони форсӣ ҳам тарҷума кунанд. Вале ин шеърҳо дар Тоҷикистон шинохта нашудаанд.

Ин чанд мисраи шеъри Боб Дилан "Ҷавоб дар бод меравад" аст, ки ба форсӣ тарҷума шудааст:

Чанд ҷодаро инсоне бояд тай кунад, то номи инсон гирад.

Чанд дарёро фохтаи сафеде бояд парвоз кунад, то дар реге ором гирад.

Чанд бор бояд аз тӯпе гулӯлае шиллик шавад, то барои ҳамеша хомӯш шавад.

Чанд гӯшро инсоне сазовор аст, то гиряҳои дигарро бишнавад.

Чанд марг бояд рух диҳад, то инсон аз маргҳои дигар огоҳ шавад.

... Ҷавоб дар бод меравад.

Соли 1962

Алексиевич - барандаи соли гузаштаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт буд

Соли гузашта Светлана Алексиевич аз Беларус барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт шуда буд.

XS
SM
MD
LG