Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Блумберг мегӯяд, ҳаракати ширкати “Тотал” ба сӯи Тоҷикистон аз барномаҳои тавлиди газ ва содирот ба Чин аст маншаъ мегирад.

Блумберг, як расонаи мӯътабари иқтисодии амрикоӣ менависад, ширкати «Тотал» ҳамроҳ бо Корпоратсияи Миллии Нафтии Чин ва ширкати «Тетис Петролиум» моҳи декабр ба мувофиқа расиданд, ки ҳамроҳ дар Тоҷикистон майдони Бохтарро парма кунанд. Мумкин аст, 3.22 триллион метри мукааб газ ва 8.5 миллиард бушка нафт дошта бошад, ки ду баробар бештар аз захираҳои собитшудаи гази Норвегия аст.


Дейвид Робсон, мудири иҷроияи ширкати “Тетис Петролиум”, мегӯяд, майдони Бохтар дар як ҳавза бо майдони Ёлотани Туркманистон (дувумин захираи бузурги газ дар ҷаҳон) ва майдонҳои нафтхези Узбакистон воқеъ шудааст ва мумкин аст, ҳамин миқдор газу нафтро дошта бошад. Узбакистону Туркманистон ҳарду ҳоло ба Чин газ мефурӯшанд.


Майкл Боррел, муовини мудири бахши Осиёи Марказӣ дар ширкати «Тотал», дар шаҳри Лондон ба хабарнигорон гуфт, Бохтар “бахше аз ҳавзаи Амударё аст, ки дар як бахши он дар Туркманистон захираҳои бузурге кашф кардаанд”. Ба гуфтаи Майкл Боррел, “Корпоратсияи Миллии Нафтии Чин ба ҳайси ҳамкор бозори бузурге ҳам меорад.” Ба навиштаи Блумберг, дар сурати иктишофу истихроҷи муввафақи газ аз Тоҷикистон, ки ҳоло газу нафти зиёде истихроҷ намекунад, як монеаи дигаре барои Русия эҷод мешавад, ки мехоҳад бузургтарин таъминкунандаи гази Чин, як иқтисоди азими ҷаҳон бошад.


Ширкати давлатии “Газпром”- и Русия бо вуҷуди бештар аз даҳ соли музокирот натавонистааст, ки бо муштариёни газ дар Чин ба созиш бирасад, дар ҳоле ки кишварҳои шӯравии собиқи дигар ингуна қарордодҳоро бо Чин имзо кардаанд. Ҳавзаи Бохтар дар қаламрави 35 ҳазор километри мураббаъ ва бузургтар аз қаламрави Белгия, ба тахмини ширкати «Тетис Петролиум», мумкин аст, 27,5 миллиард нафт дошта бошад. Ширкати мазкур то кунун аз чоҳҳои начандон амиқ нафти сабук истихроҷ кардааст.


Тоталу Тетис ва ширкати чинӣ қасд доранд, барои иктишофи Бохтар дар тӯли 2 соли оянда 80 миллион доллар харҷ кунанд ва бар асоси барнома мехоҳанд, соли оянда ба пармакунии чоҳи аввал шурӯъ кунанд, ки шояд аз 6 километр амиқтар бошад. Дейвид Робсон гуфтааст, таҳқиқи майдон нишон додааст, ки мумкин аст, дар он умқ нафти сабук ва гази тар пайдо шавад.


Ӯ дар мусоҳибааш бо хабарнигорон дар Лондон гуфтааст, дар қаламрави шӯравии собиқ “Тоҷикистон минтақае буд, ки пахтаи зиёд ва харбуза истеҳсол мекард, вале дар воқеъ барои газу нафт чоҳҳои амиқ парма накардаанд.” Ҳоло ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон кишвари мустақил аст ва мехоҳад, аз ин манобеи худ баҳра барад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG