Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи саломатии Мӯъминшо Муносибшоев вазнин гуфта мешавад


Вазъи саломатии шаҳрванди Тоҷикистон Муъминшо Муносибшоев -- яке аз захмиёни ҳодисаи садамаи рӯзи сешанбе қатори метрои Маскав вазнин гуфта мешавад.

Бар асари садамаи рӯзи сешанбеи метрои Маскав даҳҳо нафар захмӣ шуданд, ки миёни онҳо чаҳор шаҳрванди Тоҷиистон низ будаанд.

Шаҳрванди Тоҷикистон Муъминшо Муносибшоев, ки ба бемористони шумораи 64-и шаҳри Маскав интиқол ёфта буд, дар ҳолати вазнин қарор дорад. Ба гуфтаи табибони шӯъбаи ҷарроҳии ин бемористон, Муносибшоев субҳи имрӯз ба бахши эҳёгарии ин бемористон интиқол дода шудааст: "Муносибшоев ҳоло дар ҳолати вазнин дар шӯъбаи эҳёгарӣ бистарӣ аст. Дигаргуние дар вазъи ӯ дида намешавад. Ва ҳамаи тафсилот дар бораи вазъи саломатиаш дертар гуфта хоҳад шуд."

Вазорати тандурустии Русия шумораи захмиёни ин ҳодиса аз Тоҷикистонро чаҳор нафар гуфтааст. Ба гуфтаи манбаъ,,дар асари ин садама чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон -- Зафарбек Сайфуллоеви 37-сола, Насимхон Мавлонови 19-сола, Далер Қурбонови 36-сола ва Муъминшо Муносибшоеви 59-сола захмӣ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои русӣ аз ҳалокати 11 шаҳрванди хориҷӣ дар ин ҳодиса хабар медиҳанд, ки дар миёни онҳо шаҳрванди як Тоҷикистон низ будаааст. Дар сафорати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки чунин иттилои ба онҳо то кунун нарасидааст ва ин хабарро тафтиш хоҳанд кард.

Рӯзи гузашта ва ба дунболи ин ҳодиса намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав гуфтанд, дар садамаи субҳи 15 июли қатори метрои Маскав 3 шаҳрванди тоҷик низ захмӣ шудаанд. Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи ин намояндагӣ шоми 15 июл ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки дар ин садама Зафарбек Сайфулллоев аз шаҳри Душанбе, Далер Қурбонов ва Мӯъминшо Муносибшоев аз вилояти Бадахшон ҷароҳат бардоштаанд.

Иброҳим Аҳмадов гуфт, вазъи Зафарбек Сайфуллоев беҳтар буда, ӯ дар бемористони 31-уми Маскав табобат мегирад. Далер Қурбонов, ки аз китфаш ҷароҳат бардоштааст, ва Мӯъминшо Муносибшоев дар бемористони 64-ум будаанд.

Бар асари садама дар метрои Маскав дастикам 22 нафар ҷон бохта, беш аз 160 кас захмӣ шудаанд. Сафорати Тоҷикистон намояндагонашро барои таҳқиқ ба ҷои ҳодиса фиристодааст.

Субҳи 15 июл бар асари аз релсҳо берун шудани қатор дар метрои Маскав дастикам 21 нафар, бо шумули машинист Сергей Осипов,​ ба ҳалокат расида, беш аз сад каси дигар маҷрӯҳ шудаанд. Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия мегӯяд, пойин рафтани шиддати барқ боиси ба кор даромадани низоми бонги изтироб ва истодани қатори ҳомили дар байни истгоҳҳоии “Славянский булвар” ва "Парк Победи" дар хатти Арбату Покров шудааст. Дар натиҷа вагонҳо аз релс берун шудаанд.

Амалиёти наҷот дар метрои Маскав
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:59 0:00

"Парк Победи" дар умқи 84 метр ҷойгир шуда, чуқуртарин истгоҳи метрои пойтахти Русия ба шумор меравад. Юрий Акимов, намояндаи хадамоти изтирории Маскав гуфт, қариб 200 нафарро аз қатори садамадида берун кашидаанд.

Мақомоти Русия фарзияи терроризмро дар ин қазия истисно карда, мегӯянд, ягон далели таркиш ба назар намерасад, балки тамоми нишонаҳо аз мушкилоти фаннӣ дар ин фалокат дарак медиҳанд.

Сергей Маркин, сухангӯи Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, таҳқиқи қазия бар асоси вайрон кардани қоидаҳои нақлиётӣ шурӯъ шудааст. Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин хостори рӯи даст гирифтани "тадбирҳои шадид" алайҳи афроди гунаҳкор дар ин садама шуд. Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия гуфт, Владимир Путинро, ки ҳоло дар Бразил қарор дорад, аз ин қазия дар ҷараён гузоштаанд.

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, хабар дод, ки сафир Имомуддин Сатторов аз кормандони сафорат тақозо кардааст то вазъро пайгирӣ кунанд. Масъулини консулгарии Тоҷикистон алакай ба ҷойи ҳодиса рафтанд.

Садамаи имрӯза яке аз ҷиддитарин садамаҳо дар метрои Маскав дар чанд соли охир дониста мешаавад. Ҳар рӯз метрои Маскав то 9 миллион мусофирро мекашонад.

XS
SM
MD
LG