Пайвандҳои дастрасӣ

Дар чаҳорчӯби парвандаи чандҳамсарӣ, ки Зайд Саидов ба он муттаҳам мешавад, муфаттишон дар ҳузури вакилони дифоъ аз ӯ барои озмоиш хун гирифтанд.

Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони дифои Зайд Саидов рӯзи 12-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар нимаи дувуми рӯзи панҷшанбе ҳамроҳи муфаттишони Оҷонсии зидди фасод ва Додситонии пойтахт, бо Зайд Саидов мулоқот карданд. Ба гуфтаи вакили дифоъ, «дар ин мулоқот муфаттиши Додситонии пойтахт дар бораи либос ва пойпӯшиҳои Зайд Саидов, ки дар хонаи занони вай пайдо кардаанд, суолу ҷавоб карданд.»

Табаров гуфт, ки аз ибтидо то анҷоми пурсиш онҳо ҳамчун вакили мудофеъ ширкат доштанд. Ба гуфтаи ӯ, муфаттиш хабар додааст, ки дар либосҳо "ҳуҷайраҳои боқимондаи Зайд Саидов ташхис шудааст ва он пӯшокиву пойафзоле, ки аз хонаи ҳар се ҳамсари Саидов гирифта ва санҷида шудааст, ин ҳуҷайраҳо ёфт шудаанд. Ин ба он маъност, ки гӯё зерҳимояи мо ҳамзамон бо онҳо зиндагии якҷоя доштааст.»

Аммо тавре вакили мудофеъ мегӯяд, Зайд Саидов дар посух гуфтааст, ки ин либосу пойафзолро, ки кӯҳна шуда будаанд, ба фарзандонаш додааст ва ба ҳеҷ сурат ҳамзамон зиндагии якҷоя бо се ҳамсар надоштааст.

Муфаттишон қаблан бо се хонуме, ки чун ҳамсарони Зайд Саидов ном бурда мешаванд, дар робита бо мавзӯи ҳамхонадориву аз ҷумла, пайдо шудани либоси соҳибкор дар ин хонаҳо бозпурсиҳо анҷом доданд. Вале ин хонумҳо иттиҳоми ҳамзистӣ бо Зайд Саидовро рад кардаанд.


Ба гуфтаи Исҳоқ Табаров, пас аз ин суолу ҷавоб муфаттиши Додситонии шаҳр "хун ва оби даҳони Зайд Саидовро барои ташхис" гирифт. Ба иттилои ӯ, чунин озмоиш нисбати се хонум ҳам анҷом мешавад ва бар пояи ин ташхис "муайян карда хоҳад шуд, ки оё онҳо зиндагии ҳамзамони муштарак доштаанд ё на", гуфт вакил. Ҳоло вакилони мудофеи Зайд Саидов мунтазири тасдиқи далели навбатии парвандаи бисёрзании зерҳимояашон мебошанд, ки исбот хоҳад шуд ё на.

Чандҳамсарӣ - яке аз иттиҳомҳои ҷузъии парвандаи соҳибкори муваффақ ва раиси гурӯҳи ташаббускори ҳизби "Тоҷикистони нав" аст. Бахши аслии иттиҳомот марбут ба порагирӣ дар замони вазири саноат будани Зайд Саидов мебошад.

Додситонии шаҳри Душанбе, ки рӯзи 11 майи соли равон аз оғози парвандаи бисёрзанӣ алайҳи Зайд Саидов тибқи банди 170-уми Кодекси ҷиноӣ хабар дод, рӯйхати 4 нафареро ҳам нашр кард, ки ба гуфтаи ин ниҳод, ҳамсарони Саидов мебошанд.

Аз оғоз ин хонумҳо дар бозпурсии муфаттишонни Додситонии шаҳри Душанбе зиндагии якҷояашон бо Зайд Саидовро рад карда мегӯянд, ки ин мард танҳо баъди талоқ бо ҳамсари пешинаш оилаи нав барпо кардааст.

Радиои Озодӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG