Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Андеша, Герби Шердор, Шаҳриёристон, Ойина ва Иқтисодиёти Тоҷикистон аз камтарин блогҳоеанд, ки бо забони тоҷикӣ ва русӣ mасоили мухталифи марбут ба Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Блоги пурхонандатарин Андеша маҳсуб меёбад, ки муаллиф дар ин саҳифа назари худро оид ба мушкилот ва руйдодҳои иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангию иктисодии кишвар баён мекунад. Чунин ба назар мерасад, ки дар ин саҳифа як гуруҳ ҷавонони равшанфикр бархе аз мавзуъҳои матраҳсохтаи Тоҷварро мавриди баҳс қарор медиҳанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки блоггинг дар ҷомеъаи Тоҷикистон падидаи нав аст ва ағлаби ҷавонони маҳаллӣ оид ба мавҷудият, таъсис ва истифодаи он иттилоъи кофӣ надоранд. Аммо таъкид мешавад, блоггинг барои рушди журналистикаи шаҳрвандӣ ва бунёди ҷомеъаи воқеъан демократӣ созгор аст.

Намои аввали блоги "Андеша"

Талъат Нуъмонов, коршиноси соҳаи компютер ва интернет мегуяд, дар кишварҳои мутараққии ҷаҳон блоггинг пешрафт карда, дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеъаи худ саҳми зиёд доранд.

Эркин Пулодов, як ҷавони тоҷик, ки аз пайи таъсиси блоги хусусӣ аст, мегуяд, дар Тоҷикистон блог дар ҳоли рушд қарор дошта, дар солҳои наздик миёни ҷавонон маъмул хоҳад шуд, зеро блогҳои ҷолиб метавонад ба сифати минбари озоди сухан хизмат кунанд:

«Ин аллакай пешрафт аст, шахс метавонад дар рузнома мақола нависад, аммо имкони мутолиаи онро на ҳама дорад ва ё на ҳамеша мақола иҷозаи нашрро мегирад. Дар блог бошад вазъ дигар аст, шахс худаш менависад, худаш таҳрир мекунад ва ҳеҷ кас ба ғайр аз ӯ саҳифаашро идора намекунад. Ҳамчунин, ин мақола ба ҳамаи хоҳишмандон дар тамоми гушаҳои дунё дастрас аст»

Феҳристи чанде аз блогҳои тоҷикистониён:

Андеша

Ойина

Герби шердор

Мансӣ Меҳротра

Як дарвеш

Экономика Таджикистана

Намои аввали блоги Шаҳриёристон
Коршиносони соҳаи интернет мегуянд, вижагии блог дар он аст, ки дар блог кафолати озодии баён ва амнияти муаллифро бештар таъмин мекунад. Ба гуфти онҳо, дар саҳифаҳои хусусӣ кас метавонад озодона оид ба мушкилоти ҷомеъа, беадолатӣ, хушунат, дигар нобаробариҳое сухан ронад, ки баррасиашон маъмулан дар расонаҳои дохилии кишвар сахттар аст. Аммо бо ин вуҷуд ба гуфти Талъат Нуъмонов, блоггерҳои тоҷик бо ҳадафи ҳимоя аз таъқиб, блогҳои худро дар дохили сомонаҳои хориҷӣ бунёд мекардаанд. Талъат Нуъмонов:Албатта ин сабаб дорад, барои он ки муаллифони ин блогҳо кушиш мекунанд, ки онҳоро дигар сиёсатмадорон наёбанд. Ҳастанд бисёр нафароне ки оид ба мушкилоти иҷтимои маводҳои хуб нашр мекунанд ва кушиш мекунанд онҳоро ба нафарони масъул бирасонанд».


Аммо, дар ҳамин ҳол, боиси зикр аст, ки дар ҷараёни нашри мақола ва андешаҳои хонандаҳо одоби блогдорӣ ба мисоли худдорӣ аз алфози қабеҳ, паҳн кардани иттилоъи тарғибкунандаи фаҳшу зуроварӣ ва амсоли инҳо тавсия дода намешавад.

Дар баробари ин, мавриди зикр аст, ки блогҳои ҷолиб ва пурхонанда баъдан барои муассиси худ чун манбаъи даромади молӣ метавонанд хизмат кунанд. Зеро тибқи таҷрибаҳои блоггерҳои кишварҳои ғарб, тавассути нашри тарғиботи маҳсулоти ширкатҳои тиҷоратӣ метавон фоида ба даст овард. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки то куҷо кафолати баста нашудани блог дар сомонаҳои интернетӣ вуҷуд дорад, зеро блог дар дохили сомонаҳо маъмулан ба таври ройгон бунёд мегардад. Коршиносон мегуянд, бо баста шудани сомонаи аслӣ, шахс бо кучонидани блог ба сомонаи дигар метавонад маълумотҳои онро ҳифз кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG