Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон - "казино"-е, ки танҳо бохт, бохт ва бохт дорад


Ин матлабро барои гӯшаи “Блогистон”-и Радиои Озодӣ Илҳоми Муҳаммадиброҳим - блогнавис ва сардабири торнигори «Мардикорнома» фиристодааст.

Ҳар вақте ки аз муҳоҷират ба Тоҷикистон бармегардам ба худ қавл медиҳам, ки дигар ба Русия намеравам. Ин бор низ бо ҳамин қарор истодагарӣ намуда тули панҷ моҳ дар Тоҷикистон кор кардам. Инак ба хулосае омадам, ки бо маоши инҷо зиндагӣ роҳ намеравад ва бояд боз борхалта ба китф гирифту аз «казино» берун шуд.

Соҳибкорони Тоҷикистон то ҳадди имкон кӯшиш менамоянд, то мутахассисонашон ба Русия нараванд. Аммо онҳо низ барои баланд намудани маоши коргарон дигар илоҷу имконият надоранд. Сабаби асосиаш андози баланд.

Масалан 1метри мураббаъе, ки барои истеҳсолот истифода мешавад, дар се моҳ дар Тоҷикистон 40 доллар будааст! Яъне агар соҳибкоре сех кушояду он аз 100 метри мураббаъ иборат бошад, онгоҳ ӯ дар як моҳ бояд 1333 доллар танҳо як намуди андозро супорад. Ҳоло боз дигар хароҷоту боҷ аз ҳисоб берун.

Истеҳсолоту сатҳи иқтисодиёт дар Тоҷикистон бо суръати сангпушт пеш меравад. Маоши миёнаи коргарони коргоҳҳои истеҳсолӣ 500-700 сомонӣ мубодили 100-140 доллар. Боҷу андози соҳаи савдо, фурӯшгоҳу бозорҳо ба торафт баланд шудани нархи маҳсулот расонида истодааст. Ба баланд шудани нархи маҳсулот пулчинаки роҳ IRSниз таъсири худро расонида истодааст.

Хешутаборбозии мансабдорони Душанбе, порахӯрӣ, монополияи воридоти маҳсулот ва монополияи хидматрасонӣ намегузорад, кӣ рақобати солим боиси арзоншавии маҳсулоту ин ё он хидматрасониҳо гардад.

Имрӯзҳо баръало маълум шуда истодааст, ки Тоҷикистон ба як командаи иқтисодшиносҳои варзида ба як сарвари иқтисодшинос ниёзи беандоза дорад. Бо рӯёрӯии ҳизби Тоҷикистони Нав бисёриҳо умедвор буданд, ки акнун ин гурӯҳи асосан иқтисодиётшинос кишварро наҷот хоҳанд дод. Аммо ҳукумат зуд онҳоро яктарафа кард.

Роҳи ҳал ҳаст!
Бозор
Бозор
Чунин ба назар мерасад, ки ҳукумати Тоҷикистон, аз вакилон сар карда то Ҷаноб, чандон дар пайи беҳ намудани ҳаёти мардуми оддӣ нестанд. Соҳибкорони муваффақро мешикананд ва коргоҳашро аз худ мекунанд. Бо баҳонаҳои ночаспою дурӯғин онҳоро ҷарима, мусодраи молу мулк ва ҳабс менамоянд. Ҳанӯз ҳам дер нашудааст.

Агар воқеан Ҷаноб ва командааш хостори беҳ намудани сатҳи ҳаёти мардум бошанд, онгоҳ метавон аз ин роҳҳо истифода намуд:
  • Бо ҷалби иқтисоддонҳо аз нав дида баромадани қонун дар бораи андоз.
  • Бо истифода аз таҷрибаҳои кишварҳои мутараққӣ ва бо назардоштӣимаоши ҳадди ақал сабукӣ додан ба соҳибкорони ватанӣ.
  • Сабукии бештар додан ба соҳибкорони соҳаи истеҳсолот.
  • Паст намудани хидматрасониҳо ба мардум.
  • Ройгон намудани намак ва об дар Тоҷикистон.
  • Бекор намудани пулчинаки роҳ IRS.
  • Ихтисор намудани вазорату кумитаҳои зиёдатӣ ва "сабуктар" кардани бори буҷа.
  • Пароканда намудани маҷлисҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ, намояндагон ё додани ҳокимияти воқеӣ ба онҳо
  • Ихтисор намудани муовинҳои зиёдатихӯр.

50 коргар дар як идораи маориф

Ҳоло бубинед, ки фарз кардем дар як раёсати маорифи шаҳри Х… зиёда аз 50 нафар кор мекунад. Аммо аз онҳо чӣ нафъ ба мардум мерасад? Баръакс сол аз сол сатҳи дониш паст шуда истодааст. Албатта, маоши онҳо ба зиндагиашон намерасад. Пас чӣ кор мекунанд? Аз волидони хонандаҳо бо зурию зорӣ пул талаб мекунанд. Стипендияҳои президентӣ, маблағҳо барои таъмири мактабҳо ва дигар маблағҳои аз буҷа ҷудошударо обу лой мекунанд. Пас агар маоши басандаю расанда ба кормандони маориф дода натавонем, чаро ин қадар корманду мудиру муовинҳоро дар вазифа нигоҳ медорем? На танҳо дар маориф, балки дар ҳамаи идораҳои давлатӣ ҳамин система аст.

Маоши як дӯсти милисаам 580 сомонӣ. Ман ки бо маоши 1600 сомонӣ оилаи кӯчакамро таъмин карда натавонистам, ин милисаҳо бо ин маошашон чӣ хел зиндагӣ доранд? Маҷбур мешаванд, чизе аз мардум гиранд. Деҳқонеро бо помидорҳояш қапида, сертификату ким-кадом терминҳоро истифода карда, чойпулӣ талаб менамоянд. Ё сигоркашеро дар кӯча дида шодон ба тарафаш медаванд, бо умеде ки он рӯз ба хонаашон ду нон хоҳанд бурд.

"Бизнес- нақша" барои як кишвар
Пулис дар роҳ
Пулис дар роҳ
Солҳои донишҷӯӣ муаллим ҳамчун кори курсӣ донишҷӯҳоро вазифадор намуд, ки «Бизнес-нақша» тартиб диҳем. Аммо аз 24 «Бизнес-нақша» пас аз таҳлили ҳамакаса бо муаллим ягонтоаш кори мешудагӣ ва ба воқеият наздик набаромад. Хамаи нақшаҳои тартибдода аз сабаби қонунгузории нодуруст ва андозҳои баланди Тоҷикистон ба нокомӣ дучор гаштанд ва ба хулосае омадем, ки дар Тоҷикистон бо роҳи шаффофу росткорӣ соҳибкориро ба роҳ мондан амрест маҳол. Бояд ё коргарҳоро расман ба қайд нагирем, ё ноқили барқи дуздӣ дошта бошем, ё пинҳонҷои захираи маҳсулот дошта бошем, ё тамоман аз қайди давлатӣ нагузарем, ё дар андозу дигар мақомот шиносу тағо дошта бошем, ё бо ягон нафари наздики Ҷаноб ошноӣ дошта бошем. Онгоҳ «Бизнес-нақша»-ҳо метавонанд амалӣ гарданд. Ин чӣ системаи фалаҷи зиддимардумист?

Бояд муҳит чунин бошад, ки ҳар шаҳрванди дуюм, ё сеюм бемамониат тавонад коргоҳи истеҳсолиеро ба роҳ монад. Бояд қонунгузории кишвар созгор бошад ва иқтисодиётро тавре ба роҳ монад то пуле, ки ба Тоҷикистон медарояд дубора ба берун наравад ва дар дохил гардиш намояд. Аммо мутаасифона пулҳо ба оффшору Хитой ва ба Русияву дигар кишварҳо бо суръати баланд пош мехӯранд.

Дирӯз дар истгоҳ зиёда аз як соат интизори мусофиркаш шудам. Дар истгоҳе, ки мусофиркашҳо паи ҳам омада барои мусофиронро савор намудан кашмакашӣ мекарданд на ягон мусофиркаш буду на ягон таксӣ. Ниҳоят як мусофиркаш базӯр-базӯр омад. Як илоҷ карда бо кашмакашиҳо савор шудам ва ба ронанда эътироз намудам, ки чаро имрӯз мусофиркашҳои хатсайри шумо каманд? Посух дод, ки имрӯз «налог» ба шикор баромадааст ва эълон кард ӯ низ то истгоҳи охир намеравад, чунки дар онҷо «рейди налог» рафта истодааст.

Бечора ронандаи мусофиркаш нагурехта, чӣ кор ҳам мекард? Ё рӯзи дароз меҳнат карда аз нисф зиёди даромадашро ба бекорхӯҷаҳои курсинишин диҳад? Охир агар андоз каме боадолатона мебуд ӯ ва садҳо нафари дигар ҳаргиз саркашӣ намекарданд ва сафи андозсупорандагон баръакс зиёд мешуд.

Муҳоҷирони тоҷикро дар фурудгоҳи Душанбе "қатор" кардаанд
Муҳоҷирони тоҷикро дар фурудгоҳи Душанбе "қатор" кардаанд
Ҳамин тавр, бори гарони давлату давлатдорӣ дар китфи мардум боқӣ мемонад. Аниқтараш дар китфи муҳоҷири меҳнатӣ. Ғорати мардум аз фурудгоҳ то фурудгоҳ. Ғорати мардикор аз нишастани ҳавопаймои ӯ ба Тоҷикистон то парвозаш пас аз 2-3 моҳ. Ба гуфти як дӯстам воқеан Тоҷикистон чун «казино» шудааст. Ба Русия рафта кор карда меоию ба «казино» дода боз меравӣ. Казиное, ки соҳибони онро заррае инсоф намондааст. Казиное, ки онҷо мардуми оддиро танҳо бохт, бохт, бохт интизор аст.

Барномасоз-иқтисодчӣ, блогнавис, сардабири торнигори «Мардикорнома» Илҳоми Муҳаммадиброҳим

https://ilhom.wordpress.com/
XS
SM
MD
LG