Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамкори собиқи мо Фирӯз Баротов мегӯяд, баҳси ду рӯҳонӣ дар намози ҷаноза дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ёди ӯ мақоли "мурдаро монда, тутхӯрӣ"-ро овардааст, вале дар ин моҷаро дилаш бештар ба эшони Нуриддинҷон Тӯраҷонзода месӯзад.

Аз рӯзе ки ин наворро дидам, мехостам андешаамро барои бахши "Блогистон"-и Озодӣ нависам. Тамошои навори муноқиша дар ҷаноза табъи маро, ростӣ, хеле хира кард. Зеро ба дарки ман, ин рӯз, ки барои мурдадорон вазнину торик аст, бояд ҷамъомадаҳо то ҳадди аксар барои сабук шудани дарди онҳо мусоидат кунанд. Одатан дар ин рӯз агар нафаре барои матоъ, молу коло ё чизи дигар муноқиша кунад, амали вай сарзаниш мешавад.

"Мурдаро монда, тутхӯрӣ"

Аммо ин ҳодисаи баҳси Ҷамолиддин Амонуллоҳзода бо Нуриддинҷон Тӯраҷонзода дар намози ҷаноза дар масҷиди маҳаллаи Оли Сомони ноҳияи Рӯдакӣ ҳамон мақоли тоҷикӣ -"Мурдаро монда, тутхӯрӣ" -ро ба ёдам омад. Пайвандони шахси фавтида машғул ба дарди худ ва аммо нафари дигарро кор ба манфиат ва нуфузи худ.

Ин ҳодиса маро ба он водор кард, ки симпатияи худро ба Эшони Нуриддинҷон муайян кунам, ки то куҷо аст ва чаро дилам ба вай сӯхт? Барои худ ба ин хулоса омадам, ки ман 50 дарсад маъвизаҳои он касро қабул надорам, чун мухолифи меъёрҳои демократианд. 30 дарсад дӯст медорам, чун баъзеи онҳо ҷанбаҳои ахлоқӣ доранд ва ба тарбияи насли наврас ва умуман ба роҳи рост ҳидоят кардани шаҳрвандон мусоидат мекунанд. 20 дарсади дигараш барои ман бефарқ аст.

Аммо дар ин ҳодиса, дили ман ба ӯ на ҳамчун Тӯраҷонзодаҳо, балки ҳамчун як шахси диндору калонсол сӯхт. Мегӯянд, изои мӯъмин ҳаром аст, шарманда кардану аз минбар рондани ӯ, фикр мекунам, ба фарҳанги мо аслан бегона аст. Ба гумонам, агар максад дар инзивоъ нигоҳ доштани оилаи Тӯраҷонзодаҳо бошад, ҳарчанд ин ғайриқонунист, инро ҳам моҳирона бояд кард, ки чунин нафратангез ба назар нарасад.

Барои мисол, онхо метавонистанд Тӯраҷонзодаро таъкид кунанд, ки ба ғайр аз дар бораи нафари фавтида чизе бештар нагӯяд ва ҷанозаро хонаду масҷидро тарк кунад. Ин ҳолат боиси сару садоҳо намешуд ва дар дохили ҳамон масҷид боқӣ мемонд. Баъдан бо мақсади, ба фикри ман, худро "ширин" нишон додан, бо ин кораш Ҷамолиддин Амонуллозода рақиби худро баръакс тарғиби бештар кард ва ҷомеъаи Тоҷикистонро таҳаммулнопазир муаррифӣ кард.

Президент инҷо чӣ дахл дорад?

Лаҳзаи баҳси Ҷамолиддин Амонуллоҳзода бо Нуриддинҷон Тӯраҷонзода

Лаҳзаи баҳси Ҷамолиддин Амонуллоҳзода бо Нуриддинҷон Тӯраҷонзода

Баъдан ман нафаҳмидам, ки номи президентро ба забон овардан дар ин маврид бо кадом мақсад буд? Вақте ки шахс амали ғайриахлоқӣ мекунад, барои пайдо шудани нафрат ва бадбинӣ дар миёни гурӯҳи инсонҳо замина мегузорад, гирифтани номи президент чӣ лозим аст? Худи зикри номи президент дар маросими дафн ба ҷои задани чанд сухани хуб дар ҳаққи марҳум чӣ маъно дошт? Ба андешаи ман, дар ин ҳолатҳои ҳассос ин хел шахсон ба президент хизмати "хирсона" намуда, баръакс андешаву муносиботи манфиро, ки аз ин амали онҳо дар зеҳни ҳозирон пайдо шуд, низ бо раисиҷумҳур тақсим мекунад.

Дар бисёр маҳфилҳо ин амали муллои аввал танқид мешавад ва ҳатто занони хонанишин онро "берун аз ахлоқи тоҷикон" мегӯянд. Мутаассифона, чунин мақомдорон кам нестанд, ки бо амалу рафтори худ имиҷи кишварро паст мезананд ва боз журналистонеро, ки дар ин бора менависанд, таъқиб мекунанд. Ба назари ман, бояд он мулло Ҷамолиддин Амонуллоҳзода барои ин амалаш дар назди мақомот ҷавоб гӯяд, то ин ки барои дигар ҳамтоёни ӯ сабақ гардад. Баъдан масҷид ҷои ҷамъиятӣ аст ва фикр мекунам, ҳар кас метавонад равад ва онҷо намоз хонаду андешаашро баён созад.

Охирин интихоби шахс дар зиндагӣ

Ҳамчунин ҳамон тавре ки ҳар нафар духтурро барои табобати худ интихоб мекунад, инчунин ҳақ дорад қабл аз марг шахси шӯянда, дар қабр гузоранда ва ҳамчунин масъули намози ҷанозаашро интихоб кунад. Ин интихоби ҳар шахс аст, гузашта аз он охирин интихоби шахс дар зиндагиаш ва ба он бояд арҷ гузошт. На инки мурдаро як сӯ гузошта, аз гиребони муллоҳои дигар бигирӣ, ки «ин мулк ҳама қаламрави таҳти нуфузи ману ин мурда муриди ман аст ва ҷанозаашро ман ва фақат ман хоҳам хонд!» Мисоли баде ки дар намози ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дидем.

Барои дарёфти тафсилоти қазия ва тамошои видеояш ба инҷо биравед:

http://www.ozodi.org/content/two-famous-clerics-disputed-in-funeral-ceremony-updated/25242756.html

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG