Пайвандҳои дастрасӣ

Ин номаи пурсӯзро Шералӣ Ғуломалиев - докторанти донишгоҳи Тсукубаи Ҷопон, ҳамдеҳа ва шогирди донишманди маъруф Боғшоҳи Лашкарбек баъди шунидани хабари даргузашти устодаш ба Озодӣ фиристод.

Дирӯз баъди тамошои филми тоҷикӣ дар Токио бо бачаҳо чой хӯрда шодиву хурсандӣ мекардем, ки ногаҳон дӯстам телефонашро тарафи ман дароз кард. Дидам ки устоди азиз ва амаки ширинам моро дар нимроҳ танҳо монда рафтаст. То ҳол боварӣ надорам. Ин ғам натанҳо моро, инчунин тоҷикони вахизабонони Афғонистон, Покистон ва Чинро низ хеле зарбаи сахт дод. То ҳол навбат ба навбат ба ман занг зада, мепурсанд, хело афсӯс мехӯранд. Аз ҳама аҷиб, аз Вахони Афғонистон, ки тамоман барқу Интернет надоранд, шахсе бо номи Миралии Вахонӣ (муалифи китоби забони вахонӣ барои синфхои ибтидоӣ) бо ман дар тамос шуд, аз ман мавод оиди устод пурсид. Гуфтам ки Устод даргузаштааст. Ӯ аввал худро гум карда гуфт: "Чӣ, Устод ин ҷо меояд? Ба кадом роҳ рафтааст?" Пасон фаҳмид ва гириста гуфт, фардо виза гирифта меравам, ҳатман бо роҳбарам видоъ мекунам.

Зугванд диёри кӯчакест, ки ҳамагӣ 800 нафар аҳолӣ дорад. Худованд ба ин диёр фарзанде ато кард ки ин русторо номдор кард.

Имрӯз Устод намуна шуда, сафи обрӯмандон зиёд шуда истодааст (аз ҷумла Муқимов Акрамҷон – полковник, хатмкунандаи Академияи олии ҳарбӣ ба номи Гагарин, Миралии Лутфалӣ – шоир, ки ба наздикӣ китобаш "Мероси зиндагӣ" чоп мешавад, 4 аспирант, ҳофизони номдор, рассом ва ҳайкалтарош Ғуломалӣ, тоҷири обрӯманд Аброимов К. ва ғайраҳо).

То соли 2012 ман дар Душанбе будам ва бо донишҷӯёне, ки аз Вахон буданд, дар тамос будам, дар дастам маълумоти мукаммал оиди онҳо дорам, дар байни 27 деҳа аз ҳисоби шумори донишҷӯён ба сари аҳолӣ Зугванд дар ҷои аввал меистод. Ин дастовардҳо ҳама аз раҳнамоии Устод ва натиҷаи хидматҳои ӯ мебошад. Коре набуд, ки раиси деҳаамон Бахталиев К. бе маслиҳати Устод Боғшоҳ анҷом диҳад!

Касби интихобкардаи ман низ ба ибрат аз устод буд. Боварӣ доштам, ки кори илмиамро бо роҳнамоии ӯ ба итмом расонам. Лекин афсӯс, ки Устод дигар нест. Ман кӯшиш мекунам, ки корамро ба итмом расонам, чунки ба у ваъда додам. Кадом саволе ки пайдо мешуд, ба ӯ эмейл роҳӣ мекардам ва Устод новобаста аз серкориву ҳатто беморӣ ба ман зуд ҷавобашро мефиристод. Ин яке аз майлхои устод аст(тарҷума - дар даруни қавс):

Re: salom
От кого: Boghshoh Lashkarbekov <boghshoh@yandex.ru>
Кому: Sherali Gulomaliev <srill_goz@bk.ru>
5 февраля 2010, 20:38


Sherali, walik!
Zhin Lorimer nast. Ya kiton-en tum ahmiyati ilmi-be nast. Yaw fonologiya nodurust.(Ман китоби Лоример надорам. он китоб он қадар аҳамияти илмӣ надорад. фонологияаш нодуруст аст.)

Языки мира. Иранские языки - didghem de furush ce imit dыdzem stыyem tar. (Мебинам, агар дар фурӯш бошад, харида мефиристонамат.)

Пахалина-et Грюнберг А. Л., Стеблин-Каменский И. magar ce Azizen yo Sodatshon dыrz.
Wuz doim det kitobven yark carem.(Магар ки аз Азиз ё Саодатшо бигирӣ.)

Wuz xoyish carem, ki tu yi maktabi mukamali ilmi shexes.(Ман хоҳиш мекунам,ки ту аз як мактаби мукаммали илмӣ гузарӣ.)

Baroi yet kushish car Maskaw yo xorija xы tasiloti dwom car.(Кӯшиш кун, дар Маскав ё хориҷа таҳсилотро давом диҳӣ.)

Niv baswezyi Bunyodi Ogo-Xoner xы asnodvi rand. Yawish niv ghal asnod dыrzen (Агар тавонӣ, ҳозир ба Бунёди Оғохон аснодатро пешбарӣ кун. Онҳо ҳозир ҳам ҳуҷҷатҳоро қабул мекунанд).

Wuz tar yav ittilooti yander stыyem.(Ман бароят дафъаи дигар иттилоотро роҳӣ хоҳам кард.)

A yem Instituti mutoleoti isloni-be barrasi car.(Баъд Институти мутоилоти исломиро низ баррасӣ кун)

Boghshoh”

Устоди азиз, биҳишт насибат бод!
Мо кӯшиш ва ваъда медиҳем ки нақшаҳое ки доштиву умр нагузошт ки анҷом диҳӣ, онро давом медиҳем. Медонем ки чени тори мӯят ягон кас намешавад. ту бисёри бисёр кардӣ, ба мо роҳро рӯшан кардӣ ва бояд дар дилат ягон армон намонда бошад! Армонат ба ватан кӯчидан буд, ҳатман дар онҷо хоб меравӣ ва мо дуогӯят ҳастем! Ту ҳамеша зиндаӣ!!!

Шералӣ Ғуломалиев, донишгоҳи Тсукубаи Ҷопон

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG