Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шева бо фирдавс дорад ҳамсарӣ...


Домод аз Шева барои арӯсаш ба Шуғнон меравад
Домод аз Шева барои арӯсаш ба Шуғнон меравад

Ин матлаб сафарномаи Довуди Сулаймоншоҳ аз Шева - минтақае хеле диданӣ дар Бадахшони Афғонистон аст, ки бо як силсила аксҳо барои нашр дар ихтиёри гӯшаи "Блогистон"-и Радиои Озодӣ гузошт.

Ағлаби сокинони Тоҷикистон, ба истиснои сафи ками олимони ҷуғрофидону забоншинос ва афроди ангӯштшуморе аз сайёҳ он дар робита ба Шева ва мардумонаш маълумоте надоранд. Дар мавриди каммаълумотӣ дар хусуси Шева аз сокинони Тоҷикистон набояд гилае кардан, бад он далел, ки ҳангоми сафар ва дар аснои пурсишу вохӯрихо бо мардумон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз онҳо дар иртиботот ба Шева ё хеч маълумот намегирифтам ва ё агар маълумоте ба даст меовардам, он сатҳиву пуриштибох буд.

Навиштаҳои ин қайдномаҳои сафарамро аслан ман дар шаҳраки Баҳорак, баъди боздид аз бозори он рӯи коғаз овардам. Субҳи бистуми моҳи июни соли 2008, баъди ношто ману ҳамсафаронам ихтиёри сайри бозори Баҳорак доштем. Инак, дар чорсӯи шаҳр, бозор ба чор тараф, рӯи кӯчаҳои асливу фаръӣ доман густурда, дӯкондорони субҳхез дасту остин барзада, мунтазири харидорон наздики роҳрави байни дӯконҳо нишаста буданд.

Мо сайркунон аз гузар ба гузаре ва аз раста ба растае мерафтем. Яхмосфурӯше барфу шири бо шакар омехтаро мисоли нонвои ҳамирхел муштборон мекард. Ҳамкорам Маҷнун аз Хоруғ, ки бори аввал бо усули дасти таҳия кардани яхмосро (ширях) дида буд, ҳайрон-ҳайрон аз яхмосфурӯш пурсид:

- Бародар, барои таҳияи ширях барфро аз куҷо меоред?

- Албатта, аз Шева. Дар ин тамузи тобистон барфу ях дар ҷои дигаре пайдо намешаванд, магар дар Шева.

Онсӯтар рафта, баққолеро дидам, ки дар ташти калон чағора(корчи сафед) мефурухт. Дар моҳи июн савдои чағораро дида, хайратзада аз фурӯшандаи он пурсон шудам:

- Оғо, чағораро аз кӯчо овардаед?

- Феълан чағораро танҳо аз адирҳои мартубу баландкӯҳи Шева меорем.

Ба растаи қассобони гӯштфурӯш расида, аз дидани савдои муназзами гӯштфурӯшон халоват бурдам. Гӯшти фурӯши хел-хелу катор–катор сари чангакҳои оҳанин овехтаву бо дока печондаги, ба назари кас нав қассобӣ шудагӣ барин менамуд. Каллаву почаи чорпоёни қассобишударо қассобон дар ташту тағораҳои бузурге дар як радиф ба манзури харидорон монда буданд. Гӯшти гӯсфанди фарбеҳро нишон дода, аз қассобе пурсидам:

- Оғо, ин ҳама гӯшти савдоӣ аз молдорони Баҳорак аст?

- Аз молдорони Баҳорак - бисёр кам. Аксаран, гӯшт аз қассобоне аст, ки молро аз Шева мехаранд.

Дар ин лахза се-чор кӯдаке аз наздамон гузашта, бо овози ҷарангосӣ харидоронро ба сӯи худ мехонданд:

- Паниру маскаи Шева!- Мосту қаймоқи тоза аз Шева овардаро бичашед!- Сурмасанги Шеваро бихаред. Сурмасанги Шева - беҳ аз сурмаи Кашмири Ҳиндустон.

Аз суханони савдоғарбачаҳои ҷорзан хушам омад. Дар дил Худоро шукр мегуфтам, ки пас аз ду рӯз мо «бойхона», ё мулки дорои Шеваро бо ҳавзи пурасрораш хохем дид.

Водии баландкӯҳи Шева дорои 1000 хонавода, 11 000 нуфус, 1500 ҳектор замини обиву 2000 ҳектор замини лалмӣ ва 50000 ҳектор чарогоҳ буда, айни замон як гӯшаи зебо ва «осорхонаи забониву табиӣ»-и марбути вулусволии Арғанчхойи вилояти Бадахшони Афғонистон ба ҳисоб маравад.

Шева - водии паҳноварест, ки аз шимолу шарқ бо вулусволии Шуғнон, аз тарафи чанубу ғарб бо вулусволии Баҳорак ҳамсарҳад буда, дар иртифои аз 3000 то 4600 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст. Роҳи мошингард, ки тӯли он беш аз 100 километрро ташкил медиҳад, аз масири водии Шева гузашта, дар мавсими кӯтоҳе, иборатан, аз моҳи июн илло ноябр маркази вулусволии Шуғнонро бо шаҳраки Баҳорак пайваст мекунад. Сохтмони ин роҳи хома ба тариқи ҳашарҳои умумӣ ва бидуни истифодаи ягон техникаву трактор тавассути ризокории ҷавонону мардони маскунаи вулусволиҳои Шуғнону Баҳораку Шуҳадо дар соли 1988 оғоз ёфта, дар соли 1994 хатм гардидааст.

Намое аз Шева. Акси Довуди Сулаймоншоҳ
Намое аз Шева. Акси Довуди Сулаймоншоҳ

Мошинаи «Тойота»-и кирояи мо кӯчаҳои охирон қарияи марбутаи вулусволии Баҳорак - Фурмуроғро давр зада, ба роҳи пурхамгашту оғӯшта аз чанг, рӯ ба боло ба фарқи сари кӯтали Бомдара мехазид. Аз сари кӯтал то фосилаи 30 километри дигар марғзору шибарзори доманадореро паси сар кардем. Роҳбалад ин мавзеъро ба мо айлоқҷой, ё чарогоҳҳои тобистонаи мардумони Баҳораку Зардеву Сарғелон муаррифӣ кард. Тақрибан 5 километр поёнтар аз қарияи Мазордара, нахустин деҳқони шевачиро дидем, ки бел дар китф обьёрии заминҳои ҷавкоштаашро назорат мекард. Дар канораҳои соҳили дарёчаи Пилоб чор-панҷ ҷавон машғули коре буданд. Онҳо чизеро бурида, дар дохили сабадҳои калоне мемонданд.

- Ғеши шибарро мебуранд. Пасон дар ҷои офтобру ғешро хушконда, пораҳои солими ба шакли чоркунҷа буридаро дар зимистон ҳамчун маводи сӯхт истифода мекунанду хокаву нармаи ғешро барои зерпоии (бигин) чаҳорпо дар оғилҳо,- кори ба мо номаълуми ҷавононро шарҳ дод роҳбалад.

Қария, ё деҳкадаҳои шевачиён асосан аз панҷ ё даҳ буна иборатанд. Сокинони деҳкадаҳои мутазаккира хонаҳои худро аз сангу хишт, дар сари шаху теппаҳои баланд ва ё наздики чашмасорону лаби соҳилҳои дараву дарачахо месозанд. Бар хилофи санъати меъмории исломиву шарқӣ, хонаҳои мардумони ин ҷо деворҳои баланд ва ҳавлиҳои хосса надоранд. Ҳамчунон аксари хонаҳои урфии бидуни пешайвону даҳлези шевачиён бо деворҳои каҷу килеби носафед як ҳоли риққатборе доштанд.

Аз қарияи Мордара каме болотар қарияи Дуоб воқеъ гаштааст. Аз Дуоб роҳи мошингард ба самти қарияи Калъаи Мирзошоҳ меравад, вале ин роҳи нотакмил, ноаён ба як пайроҳаи пиёдагард мубаддал мегардад. Нихоятан, ин роҳи(сарак) пиёдагарди хароба кад-кади соҳили дарёи Тангшевоб идома пайдо карда, роҳгузарро аз масири қарияҳои Хинчу Давлатшоҳи ба қарияи Тангшев мебарад. Қарияи Тангшев(аслан Тангии Шева бо лафзи мардумони Дарвози Афғонистон) марбут ба вулусволиии Моҳимаи Дарвоз аст. Роҳи мошингарди асосӣ аз байни қарияҳои Пули Зиреҳбон, Шоҳдара ва Додалӣ гузашта, ба суи агбаҳои Карс ва Куранг меравад. Дар зери кӯтали Куранг аз се хисса оби нилгуни ҳавзи Шева танҳо як кисмати онро роҳгузар хоҳад дид, вале қисмати бузурги оби ҳавз дар паси ҳамгашти Симудчоф аз назари бинанда путу пинхон мемонад.

Дар роҳи наздик ба Карс масъули бахши зироати Шева Наврӯз Қаландарӣ хикоятеро ба мо накл кард, ки бисьёр чолиб буд. Дар замонҳои собиқ шоире аспсавор дар фасли тобистон ба Шева меояд. Шоир, ки бори нахуст ба ин чо омада буд, аз дидани манзараҳои дилфиреби кӯҳистон ба миcоли марғзорҳои махмалини сабз, киштаҳои бо вазиши бод мавҷзани ҷаву ҷавдор, осмони софи лоҷувардӣ, чашмаҳои сарду хуштаъм, ҳавзи афсонавии Шева, фаровонии нону намак ва ширу панири шевачиёну пазироии беҳадди онҳоро дида, бадоҳатан шеъре менависад:

Шева бо фирдавс дорад ҳамсарӣ,

Гар ба тобистон ту аз вай бигзарӣ.

Иттифоқан, он шоир дар тирамоҳ ҳам меҳмони шевачиён мегардад. Бадбахтона, замоне, ки ӯ аспсавор ба сари кӯтали Бомдара мебарояд , тундбоди сахте вазида, шоир роҳгум мезанад. Барфи нобаҳангоми бо борон омехта, шоирро ба танг меораду ӯ аз шиддати сармо дир-дир меларзад. Саранҷом, шоир аз Шеваи биҳиштосо нишону осореро надида, бо азобе худро ба манзили вайронае мерасонад ва зери лаб ин абётро тараннум мекунад:

Бо ҷаҳаннам Шева дорад ҳамсарӣ,

Баъди мизон гар ту аз вай бигзарӣ.

Шева аз ҳар нигоҳ ба водии Аличӯри Мурғоб ҳамшабеҳ аст. Амсоли Аличӯр Шева ҳам дар дохили як дараи беканоре ҷой гирифтааст, ки аз ду тараф бо кӯҳҳои на он кадар калон қалъабандӣ шудааст. Тафовути Шева аз Аличӯр дар он аст, ки дар шароити иқлимии Шева заръи зироат мумкин аст, вале дар шароити Аличӯр он ғайримаҳолу як чизи хандаовар аст.

Шева бо се чиз маъруф аст:

- Бо чарогоҳҳои сералаф.

- Бо кони сурмасанг, ки сурмаи ин конро занон пас аз тасфияву поккорӣ барои ороиши чашму абрӯ истифода мекунанд.

- Бо ҳавзи ҳамноми худ. Дар хусуси ҳавзи афсонавии Шева шарқшиноси рус Грамбочевский баъди бозгашт аз сафари Шева дар китоби хотироти худ чунин навиштааст: «Агар Бадахшон ангуштарии тиллоӣ бошад, пас ҳавзи Шева нигини алмосии он аст».

Иқлими Шева сарду сербориш ва зимистони он тӯлонист. Дар ин маврид шоире аз ахли мардумони ин ҷо шеъре ҳам дорад:

Зи ақраб то ба ҷавзо зери барфем,

Баҳору тирамоҳе нест моро.

Сокинони Шева ба се фирқа мансубанд. Аксарияти онҳо аз мардумони шуғнонизабони исмоилимазҳабанд, ки тақрибан 200 сол пеш ба иллати безамини ва чангу кашмакашҳои дохила аз Шуғнон ба Шева хичрат кардаанд. Бошандагони қарияҳои Додалӣ ва Турғон адёнан аз мардумони шиаи асноашарианд, ки замоне аз қарияи Совони Шуғнон ба он ҷо кӯчидаанд. Билохира, сокинони даҳ хонаводаи қарияи Қарадунг худро ба мо ҳамчун тоҷикони аҳли тасаннун муаррифӣ карданд, ки замоне аз Роғистон ба Шева кӯчидаанд. Тули карнхо ин мардумон новобаста аз кешу мазҳаб як ҷомеаи воҳидро ташкил дода, худро шевачӣ ва миллати худро бо ифтихор тоҷик мегӯянд. Дар робита ба ҳамзистии сулхомези онҳо метавон намунаеро аз авлоде бо номи Шугниараб ёд кард, ки аз нигоҳи пайдоиш ин мардумон нажодан аз падар арабу аз модар шуғнонианд, ки айни замон чанд хонае аз онҳо дар қарияи баландкӯҳи Додали сукунат доранд. Шевачиён човандозону номиву пахлавонони маъруфанд.

Паҳлавонону човандозони Бадахшону Тахористон мудом аз Мири Шевачӣ, Ҷӯра, Мадамир ва Дилдорбек ёд карда, иброз доштанд, ки ин паҳлавонону човандозон солҳои дарозе дар ҷашнҳои бузкашӣ, ки дар шаҳрҳои Баҳораку Файзобод барпо мешуданд, ғолиб мебаромаданд ва ҳариферо баробар ба худ надошта буданд. Мутаассифона, агарчи қадами номубораки толибони ҷангҷӯ ба Шева нарасида бошад ҳам, ду паҳлавони рустамсифат ба монанди Мири Шевачӣ ва Оқсақоли Шоҳанвар дар соли 1996 аз тарафи душманони толибмаоб ба қатл расиданд.

Кӯдакон аз қарияи Мордара
Кӯдакон аз қарияи Мордара

Шуғли асосии мардумони Шева зироатчигӣ, молдорӣ ва шикор аст. Дар фасли тобистон ҷавонон аз дараву дарёчаҳои бешумор моҳи мегиранд, зеро анвои моҳиёни «маринка» ва «османка» дар рӯдхонаҳои Додаливу Пилобу Тангшевоб он кадар зиёд аст, ки мардумон онро бо туру сабад сайд мекунанд. Аз дарахтони мусмир(босамар) ба истисно аз ҷангалҳои анбӯҳи себи худрӯи талхак, ки дар қарияҳои иқлиман муътадили Давлатшоҳиву Хинч мерӯянд, анвои дигари дарахтони босамарро надидем. Қарияҳои мутазаккира дар дохили як дараи танге наздик ба марзи Дарвоз воқеъ гаштаанд. Чакалакҳои зардбеду сафедори кӯҳиро дар атрофи хонаҳои шевачиён дар баъзе қарияҳо метавон дид.

Аҷибтар аз ҳама он аст, ки сафедори мавзун ё ар-ар дар шароити иқлимии Шева намерӯяд ва кулли сутуну болору вассачуби «помирихонахо»и мардумони Шева аз Шуғнону Баҳорак ба он ҷо кашонда шудаанд ва он ҳам дар собиқ бо хару ароба. Аз зироатхо мардумон бештар ҷаву ҷавдор, нахуду мушунг ва камтар гандуму картошка мекоранд. Иллати асосии камтар коштани гандум дар он аст, ки дар баъзе солҳои сарду сербориш гандум норасида мемонад ва мардумон ҳатто солҳоеро ёд доранд, ки заминҳои гандум коштаи онҳо зери барфи нобаҳангом монда буданд. Дар соҳаи молдорӣ мардумон бештар гову гӯсфанд ва камтар бузу асп мепарваранд. Бузпарварӣ асосан шугли мардумони қарияҳои Хинчу Давлатшоҳи аст. Галлаи бузони сокинони ин қарияҳо аз зоти бузони асморианд. Бузони асмори табиатан қавихайкалу дарозгӯш ва сергӯшту серширанд. Соҳибони аслии ин бузҳо мардумони кӯчии нуристонӣ ё гучӯранд, ки чор фасли сол бо галлаи бузони худ аз дара ба дарае ва аз ҷангал ба ҷангале мекӯчанд.

Дар солҳои собиқ мардумони Давлатшоҳиву Хинч бузони асмориро аз гучӯрхо харидаанд ва чун қарияҳои мутазаккира сершибару ҷангалдоранд, саршумори бузони асморӣ дар шароити ин қарияҳо рӯ ба афзудан намуд ва пасон-пасон ин бузҳои хушзот ба тамоми қариячоти Шева интикол ёфтанд. Шевачиён ба парвариши хашгов(қӯтос) ошноие надоранд. Мусаллам аст, ки хашгов ҳайвони аҳлиест, ки табиатан дар водиҳои баландкӯҳи сарду камбарфи Помиру Тибету Ҳимолой ҳамасола дар шароити майдонӣ мечарад. Хусусиёти фарқкунандаи дигари ин ҳайвони зотан гӯшти дар он аст, ки зимистон хашгов дар кӯҳу теппаҳои камбарф бо шоҳ ва суму фуки худ барфро тоза карда, аз зери барф появу решаи буттаҳоро кофта, бо иштихо мехурад.

Шояд сербарфии фасли зимистон ва камбудии улуфа дар авоҳири зимистону аввали баҳор буда бошад, ки ба гуфти мӯйсафедони шевачӣ хашговпарвари дар Шева ноком шуд ва чанд сар хашгови аз вулусволии Зебок харидаи мардумон дар замистон талаф ёфтанд. Галлаи бешумори шутуроне, ки тобистон дар марғзорҳои Шева мечаранд, моли кӯчиёни арабу пашту хастанд, ки хар сол дар тобистон аз Таҳору Кундузу Бағлон бо рамаҳои бешумори гусфандони туркии худ ба Шева меоянд.

Ин мардумони молдор дар замони салтанату шоҳигарии шоҳ Муҳаммад Зоҳиршоҳ барои истифодаи мавсимии мавошии худ, ки аслан фаслҳои тобистону тирамоҳанд, аз хукумати онвакта санаду кавола ба даст оварда, феълан чарогоҳҳои бешуморе дар Шеваю Эш(ин води бо бехтарин марғзору алафчарҳои тобистонааш марбут ба вулусволии Куфоби Дарвоз аст) зери пои сутурони онҳоянд. Мардумони бумӣ баръакс аз чарогоҳои пахновар мафоде намегиранд ва айлокчойҳои онҳо аксаран дар гирду даври хонаҳои эшонанд. Сиёсати паштунсолории давраи Муҳаммад Зоҳиршоҳ даст ба он дод, ки хонҳои молдори арабу пашту суистифода аз заифии мардумони буми тавонистанд дар муддати кутохе замину алафчарҳои мардумони тоҷикро аз дасти онҳо бирабоянд ва онҳоро инъомбахшу васикаҳои маврусии худ карор бидиханд. Ин норозигиву эътирозот то ҳол дар минтақа вуҷуд доранд. Дар солҳои камбарфи 2006-2010 кӯчиёни пашту рамаҳои бешумори худро ба иллати камалафи хатто то марзи ҳавзи Шева оварда буданд, дар ҳоле ки алафчарҳои васиқашудаи онҳо ҳудудан болотар аз мавзеи Карс нестанд.

Шева, ки зодгоҳи мардумони боғурур аст, на ҳама вақт маконе биҳиштосо барои сокинонаш будааст. Мисолан, танҳо дар соли 1994 баъди хушксоливу қахтии бемисле ки аз соли 1992 оғоз ёфта буд, ҳудуди саду бист хонавода Шеваро тарк гуфта, озими вилояти Бағлон гаштанд. Бо заҳмату сабурии беҳад шевачиён дар мавзеи дашти Келагай ва шаҳраки Пули Хумрӣ замин харида, хонаву ҳавлиҳо сохтанд. Тӯли чанд сол дар ин макони гарм шевачиён паҳлу ба паҳлуи шоликорони бағлонӣ зиндагӣ доштанд. Дар он солҳои пурошӯб вилоятҳои Бағлону Бадахшон дур аз набарди толибон буданд, вале бадбахтона фавҷи ҷангҷӯи «Толибон» ба Бағлон ҳам расид. Бо истифода аз дасисасозии хонҳои маҳаллӣ толибон шевачиёнро аз деҳаҳои навсохтаашон бадар карда, чаҳорпову замини онҳоро байни худ тақсим намуданд. Баъди разму гурезо-гурез танҳо хаштод хонавода аз мардумони миёнаҳоли Шева тавонистанд дар мавзеи Алиободи вилояти Қундуз замину ҳавлӣ харанд, вале мутабоқӣ он чиҳил хонаводаи шевачиёни нодор бозпас ба Шева баргаштанд.

Солҳои охир дар ҳаёти шевачиён рӯйдодҳои муҳим ва пешравиҳои назаррас ба чашм мерасанд. Таҳти сарпарастӣ ва кумакҳои муассисаҳои хайрия ва инкишофӣ ба мисли Шабакаи инкишофии Оғохони Афғонистон дар қарияи Дуоб шифохонаи замонавӣ ва дар қарияи Пахмдара мактаб-лиса сохта шуданд. Пас аз солҳои пурошӯбу торик дар зиндагии шевачиён тағйироти куллӣ ворид шуданд. Феълан духтарони мактабхон озодона дар мактабҳо тадрис доранд ва сафи муаллимаҳо аз ҳисоби омӯзгорони маҳаллӣ сол то сол зиёд мешаванд. Қарияҳо ҳам акнун чароғон ва алоқа байни қарияҳо муназзаму рафтуои мардумон дар саракҳои фаръии байни деҳкадаҳо ба истисно аз фасли зимистон доимӣ аст. Дар солҳои гарму сербориш нархи ғаллаву улуфа ва қуруту картошка дар дӯкончаҳои сарироҳии шевачиён аз ҳама арзон аст. Тибқи гузориши муассисоти башарӣ ва инкишофӣ, ки дар Шева кор мекунанд ягона камбудие, ки дар рӯзгори шевачиён аст, ин бетафовутии эшон дар робита ба кишти сабзиҷот ва истеъмоли он дар гизо аст. Устод Навруз Қаландарӣ иброз дошт, ки ӯ бо ҳамкоронаш дар заминҳои таҷрибавӣ хосили баланди турбу лаблабу, шалгаму пиёз ва сабзиву кабудӣ рӯёнданд. Мутаассифона, деҳоқин то ҳол дар ғизои худ аз сабзиҷот кам истифода мекунанд. Чун аз ӯ пурсидам, ки чаро барномаи пайванди ҷангалҳои себи ваҳшии қарияҳои Хинчу Давлатшоҳиро амали намекунанд, бо таассуф чунин гуфт:

- Шевачиён аксаран молдор ва яккораанд. Соле чанд мо як ҷангалбоғи сафедору бедро дар қарияи Мордара эҳдос кардем. Бо васфи он ки ҷангал маҳватаи қоим ҳам дошт, молдорон чашми муҳофизро хато карда, сутурони хешро дар дохили ҷангал мечаронданд. Ман комилан мухолифи гапи мардумони шевачиам, ки мегӯянд: «ба молдор - ниҳол убол.» Албатта, мо кормандони зироат бад-он мекӯшем, ки дар ояндаи наздик эҳдоси себбогхо ва пайванди ҷангалзори себи худруйро дар қарияҳои Хинчу Давлатшоҳӣ амалӣ намоем. Вале мушкили асосии мо интиколи ниҳолҳои зироативу қаламаҳои пайвандӣ аз вулусволиҳои Баҳораку Шуғнон аст, чаро ки баҳори Шева деррасу роҳҳои он дар ин мавсим саъбулубуранд.

Ҳавзи Шева
Ҳавзи Шева

Ҳавзи Шеваро бори нахуст дар соли 1882 духтур ва олими ботаники рус Алберт Эдуардович Регел омӯхта, онро дар нақшаи Афғонистон сабт кардааст. Аз рӯи пайдоиши худ ҳавз ба гурӯҳи ҳавзҳои тектоникӣ мансуб шуда, дар иртифои 3110 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст. Ҳавз дар самти шимолу шарқии вулусволии Шуғнон, тақрибан 25 километр дуртар аз маркази он ва дар иҳотаи кӯҳҳои баланду дохили як чуқурии мусалласмонанд воқеъ гаштааст. Тӯли ҳавз 9 километр ва бари он то 2 километр аст. Жарфтарин маҳалли ҳавз 270 метр аст. Ҳавз асосан дар моҳи сентябр пуроб мешавад. Аз оби чашмаҳои бешумори аз зери сарбанди 80-метраи табиӣ бо номи Симудчоф баромада, дарёчае бо номи Арахт ташкил ёфта, ин дарёча дар деҳаи Докхона ба дарёи Панҷ ҳамроҳ мешавад. Зимистон ҳавз саросар ях мебандад. Ҳавз моҳӣ надорад. Дар соҳили ҳавз як сарою ошхона ҳамеша дар хидмати сайёҳону роҳгузарон аст.

Олимон ҳавзҳои тектоникии Шева ва Сарезро ба гурӯҳи ҳавзҳои хатарноку рахнашаванда нисбат медиханд ва барои исботи назарияҳои худ пиршавии чинсҳои кӯҳи ва солхурдашавии сарбандҳои табииро далел меоранд. Чунончи худи кашшофи ҳавзи Шева Регел дар гузориши худ баъди бозгашт ба Аврупо навиштааст: «Дар сурати заминчунбии шадид ва рахнаи ҳавзи Шева дарёи Панҷ баста шуда, ба садхо деҳоти поёноби Афғонистону Тоҷикистон хасораи бузург ворид мекунад». Тибқи омори соли 1982 баландшавии сатҳи оби ҳавзи Шева баъди ҳар бист сол пурхавфу хатар мегардад. Сокинони рустои Дарморахти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ҷамоати Дарморахти Тоҷикистон аз сели дар соли 1979 аз зери сарбанди Симудчоф фаромада ёд карда, иброз доштанд, ки он вақт сел заминҳои бисёру ҷангалу чарогоҳҳои бешумори ду тарафи дарёчаи Арахтро ба коми худ бурда буд.

Назар ба мушоҳидаҳои солҳои охир, сатҳи болоии оби ҳавз 1 метру 23 сантиметр боло баромадааст. Аз ҷониби дигар дар пахлуи обмурии Арахт пайдо шудани обмӯриҳои дигар ва лагжиши теппаи хокии зери сарбанд вазъиятро муташаннич мегардонад. Мардумони таҳҷоӣ аз ҳамлаҳои террористонаи мухолифини хукумат низ изхори нигарони менамоянд. Тибқи ҳисоботи қаблии олимон ва кормандони ҳодисоти табиӣ дар сурати фалокати табиӣ ва дар асари рахна шудани ҳавзи Шева ба самти ноҳияи Шуғнони Тоҷикистон 200 миллиард метри мукааб об фаромада, маҷрои дарёи Панҷро мебандад. Дар муддати 78 соат обанбори сунъии сесадметра ба вуҷуд омада, 73 деҳот зери об мемонанд. Билохира дар сурати канда шудани обанбор қад-қади соҳили ду тарафи дарёи Панҷ аз тарафи Тоҷикистон ва Афғонистон ба теъдоди 2670 қарияву қишлоқ шуста мешаванд.

Сафдари Зоҳир – масъули созмони имдодии FOCUS- Амрико дар Афғонистон мегӯяд, ки ба хотири омузиши вазъи кӯли Шева гурӯҳи мукаммале иборат аз мухандисон, заминшиносон ва табиатшиносон дар маҳалли Шева эъзом шуд ва вазъи эколожӣ ва табиии он мавриди омузиш онон карор гирифтааст. Ба гуфтаи оғои Зоҳир, садде, ки роҳи ин кӯлро бозмедорад дар худуди ду километр паҳно дорад ва аз анвои сахт таркиб ёфта, дар ҳоли ҳозир эҳтимоли рахна шудани кӯл вуҷуд надорад. Оғои Зоҳир рахнашавии садди кӯлро танҳо дар сурати рух додани зилзилаи шадид имконпазир мешуморад.

Мактаби Шева
Мактаби Шева

Файз Мирҳасанов - рӯзноманигори маҳаллӣ аз шаҳри Хоруг аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки хатари кӯли Шева нисбати манотиқи Афғонистон барои манотиқи марзии Тоҷикистон бештар аст. Ба акидаи ӯ, ин кӯл на танҳо дар мавриди диққати Афғонистон, балки ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи ҷониби Тоҷикистон низ қарор дошта бошад. Оғои Мирҳасанов гуфт, ки дар ҳоли ҳозир таваҷҷӯҳи аксари созмонҳои хукуматӣ ва имдодии ҷаҳонӣ ба кӯли Сарези воқеъ дар ноҳияи Рӯшони Тоҷикистон чалб шуда, кӯлҳои дигари мутааддид ва хатарзо дар маҳаллоти муртафеи манотиқи кӯҳистони Тоҷикистону Афғонистон аз назархо дур мондаанд. Ба андешаи Мирҳасанов, кӯли Шева аз ҷумлаи чунин кӯлҳои хатарнок аст, ки бояд ҳамеша дар зери омӯзиши дуҷонибаи мутахассисини тоҷику афғон карор дошта бошад.

Аз сӯи дигар, аз хатари террористӣ низ чашм пӯшидан мумкин нест. Дар сурати роҳ ёфтани маргталабони Толибон таркондани дарғоти самти Дарморахт имконпазир аст. Аз ин рӯ, барои ҷомеаи ояндасоз такроран гӯшрас кардани панди «илоҷи воқеа - пеш аз вуқӯъ» хело бамаврид аст.

Муаллиф Довудшоҳи Сулаймоншоҳ

Санаи иншо 1.05.2014

XS
SM
MD
LG