Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Овозхони маълули тоҷик Иброҳими Исмоилзод мегӯяд, барои баргузории консерти дуюмаш ба кӯмаки сарпарастон ниёз дорад.

Иброҳими Исмоилзод, овозхони маълули тоҷик, ки аз нерӯи биноӣ маҳрум аст, мехоҳад бо дастгирии ягон сарпараст консерташро баргузор кунад. Вай мегӯяд, ҳоло ки дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад, тавони дарёфти маблағ барои баргузории консерташро надорад.

Ин овозхони ҷавони нобино рӯзи 2 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи аслиаш аз муроҷиат ба Озодӣ танҳо пайдо кардан афроди хайрхоҳест, ки тавонанд бо пуштибонии молӣ орзуи ӯро амалӣ гардонанд ва ӯ таронаҳояшро ба гӯши шунаванда бирасонад.

Иброҳими Исмоилзод мегӯяд: Бисёр мехоҳам ягон нафаре бошаду сарпарастиам кунад, то дуюмин консерти худро ақалан дар ягон толори хурд баргузор кунам. Сурудҳои нав сабт кардаам ва бояд ба мухлисонам пешкаш кунам. Вале барои ин нафаре лозим аст, ки ҳунари маро қадр кунад ва кӯмаки молӣ кунад. Ман то ҳол ҷое муроҷиат накардаам.”

Иброҳими Исмоилзод се сол пеш бо кӯмаки Ҳодӣ Искандарӣ, тоҷири эронӣ ва сарпарастони дигар нахустин консерти бузургашро дар Кохи Ҷомии Душанбе баргузор карда буд. Аммо, мегӯяд ӯ, бо гузашти се сол албоми таронаҳои тозааш омода шудаву мехоҳад бо баргузории консерте онро пешкаши ҳаводоронаш кунад. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, ин навбат сурудҳояш бештар зиндагии шахсии ӯро таҷассум мекунанд. Иброҳим гуфт, барои баргузории як консерти ҳатто на он қадар бузург то 6 ҳазор доллар сарф мешавад.

Иброҳими Исмоилзод ҳоло донишҷӯи соли чоруми Консерваторияи миллии Тоҷикистон аст. Ӯ танҳо донишҷӯи маълули ин мактаби олист, ки бо вуҷуди мухолифатҳо шомили ин муассиса шуда, дар қатори ҳамсолони солимаш ба омӯзиши мусиқӣ идома медиҳад.

Ӯ дар хонаводае чашм ба олами ҳастӣ кушода, ки аз миёни панҷ бародару хоҳар се нафари онҳо нобинои модарзоданд. Иброҳим мегӯяд, ӯ роҳи овозхониро ба хотири ҳавас ва ба даст овардани шӯҳрат интихоб накардааст. Ҳанӯз дар тифлӣ бо садои овозхонҳои мухталиф тақлид мекарду таронаҳояшонро месуруд. Аммо чун бузургтар шуд, қарор гузошт, овозхон шавад. Овозхоне, ки ба касе монанд будан намехоҳад. Овозхоне, ки шояд дигарон ба ӯ тақлид кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG