Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯлоб: Қувваи босираи 20 дар сади хонандагон суст аст


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Пизишкон маълум кардаанд, ки қувваи биноии 20 дарсади хонандагони макотиби таҳсилоти ҳамагонии Кӯлоб заъиф аст.

Ин гуна хонанадгон аз масофаи каме дуртар навиштаҳои тахтаи синфро дида наметавонанд ва ба мушкили таҳсил дучоранд. Маҳбуба Шарипова, директории Маркази бемориҳои чашми шаҳри Кӯлоб мегӯяд, наврасони камбин таҳти назорати онҳо қарор дорад ва пизишкон талош мекунанд, то камбинии онҳо афзоиш наёбад.

Хонум Шарипова гуфт: «Тавсияи аввалин ба онҳо пӯшидани айнак аст. Чаро мо онҳоро таҳти назорат мегирем, ки ҳамин камбинӣ афзоиш наёбад. Мутааcсифона тасдиқ шудааст, ки биноиши бархеашон бештар намешавад, вале агар айнак гузоранд, аз афзоиш ёфтани камбиниашон пешгирӣ мешавад. Аммо бархеи дигар мо мушоҳида кардем, ки бо гузоштани айнак биноишашон хубтар шудааст.»

Маҳсиддин Қамаров, табиби кӯдакон.
Маҳсиддин Қамаров, табиби кӯдакон.
Пизишкони ин дармонгоҳ мегӯянд, на ҳама волидайн барои беҳтар кардани биниши фарзандонаш талош мекунад. Маҳсиддин Қамаров, пизишки кӯдаконаи чашм мегӯяд, дар сурате, ки кӯдаки камбин айнак истифода накунад, эҳтимоли зиёди пурра нобино шуданаш вуҷуд дорад. Аммо ба гуфтаи Қамаров аксари волидайн гирифтани айнак барои кӯдаки камбинашро айб медонад.

Ӯ гуфт: «Як одати нохуб аст миёни мардуми мо, ки вақте кӯдак айнак мегузорад, ӯро бо нигоҳи дигар менигаранд. Ҳамсолонаш ӯро кӯр гуфта таҳқир мекунанд. Вақте, ки мо ба волидайни кӯдак тавсия медиҳем, нахуст, кӯдак эътироз мекунад, ки ӯ айнак намегирад, зеро мавриди масхараи ҳамсолон қарор мегирад. Дар духтарон, волидайн намехоҳанд, духтарашон айнак дошта бошад, зеро ба андешаи онҳо айнак пӯшидан дар онядаи духтар таъсир мерасонад. Яъне, хостгорҳо айнаки ӯро дида, шояд ба хостгорӣ наоянд. Ин ақидаро бояд аз миён мардум бурд, то афроде, ки бо айнак мегарданд, таҳқир нашаванд.»

Омӯзгорон ҳам барои пурра аз худ накардани хонандагони камбин ва нодуруст навиштани мавзӯҳои дарсӣ шикоят мекунанд. Дилафрӯз Камолова, як омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар Кӯлоб мегӯяд, дар дарсҳои аввал кундии биноии чунин хонандагон мушоҳида мешавад ва тибқи тавсияи Вазорати маориф онҳо дар қатори аввал ҷой дода мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, аксари волидайн то ба синфи аввал омадани фарзандаш аз сустии нобиноии ӯ хабар надорад ва танҳо пас аз шикояти омӯзгорон ба сиҳатии фарзанди худ таваҷҷӯҳ мекунад.

Маҳбуба Шарифова
Маҳбуба Шарифова
Бисёре аз волидон нахостанд, дар бораи фарзанди камбини худ сӯҳбат кунанд. Аммо Савсан Ҷонова, як зани маҳаллӣ мегӯяд, ӯ ҳам то синфи даҳум намехост, ба ҳамагон ошкор кунад, ки духтараш биноии суст дорад. Ӯ мегӯяд, метарсид, ки пас аз ошкоршавии сустбинии духтараш ба ӯ хостгорҳояш кам мешаванд, вале дар ниҳоят солимии духтарашро аз ҳама чиз боло гузошта барояш айнак харидааст. Савсан мегӯяд, ҳоло духтараш донишҷӯи соли аввали донишгоҳи Кӯлоб аст ва биноиаш дар нисбат ба чанд соли пеш хубтар шудааст.

Санавбари Ҷумъахон, духтари ин зан мегӯяд, воқеан, аз ҷониби бархе ҳамсолон таҳқир мешунавад, вале ба хотири аз даст надодани саломатӣ айнакро аз чашмаш намегирад.

Пизишкон ҳар сол аз авали моҳи август то охири сентябр хонандагонро аз ташхиси пизишкони чашм мегузаронанд. Солҳои қабл шумораи хонандагони камбин то 15 дар сад буд, аммо имсол шумораи онҳо 20 дар садро ташкил додааст. Дар Кӯлоб 56 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо беш аз 50 ҳазор хонанда таҳсил мекунад.

Камбиниро бархе пизишкон модарзодӣ унвон мекунанд, вале бархеи дигар мегӯянд, зери лампаҳои хира ва кор дар торикӣ низ нӯри чашмро хира мекунад.
XS
SM
MD
LG