Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таркиш дар назди масҷиди Паёмбар дар Мадина (ВИДЕО)


Масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯянд, ки дар таркиши шаҳри Мадина касе аз зоирони тоҷик осеб надидааст. Дар таркиши маргталабонаи рӯзи 4 июл дар наздикии масҷиди Паёмбар дар Мадина 4 афсари амнитяӣ кушта ва 5 тани дигар захмӣ шуданд.

Бар асари бомбгузории маргталабона дар наздикии маконҳои муқаддаси шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ 4 маъмури амниятӣ кушта шуда, чунин ҳамлаҳо дар назди масҷиди шиъаҳо ва консулгарии Амрико дар ду шаҳри дигари Саудӣ нигарониҳо дар бораи таҳти ҳадафи ҳамоҳангшуда қарор гирифтани ин кишварро бештар кардааст. Вазорати дохилаи Саудӣ гуфт, дар ҳамлаи рӯзи 4 июл дар назди масҷиди воқеъ дар маҳалли дафни Паёмбар Муҳаммад дар шаҳри Мадина 5 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Вазорати дохила гуфт, маргталаб баъди ба ӯ машкук шудани маъмурони амниятӣ бомбро дар таваққуфгоҳ партофтааст.

Ҳар сол миллионҳо мусалмон дар чорчӯби сафари Ҳаҷ аз ин масҷид зиёрат мекунанд. Дар арафаи иди Фитр низ даҳҳо ҳазор мусалмон аз кишварҳои мухталиф барои адои Ҳаҷҷи умра ба Маккаву Мадина сафар мекунанд. Сафари зоирони тоҷик ба Ҳаҷҷи умраро ширкати “Расул сохтмон” бар ӯҳда дорад. Ҳар сол то 800 нафар аз Тоҷикистон барои адои Ҳаҷҷи умра тавассути ҳамин ширкат ба Арабистони Саудӣ мераванд.

Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи 5 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, дар таркиши Мадина касе аз зоирони тоҷик осеб надидааст: “Шукри Худо, ҳамаи зоирони мо хубанд, касе осеб надидааст. Онҳое, ки ҳанӯз онҷоянд, ба зиёрати худ идома медиҳанд.”

Маъмулан аксари зоироне, ки ба манзури адои маносики Ҳаҷҷи умра ба Маккаву Мадина сафар мекунанд, дар арафаи ид ба кишварҳои худ бармегарданд. Аммо як гурӯҳи хурде аз ин зоирон ба хотири таҷлили ид дар шаҳрҳои муқаддаси мусалмонон мемонанд.

Таркишҳои ахир дар Арабистони Саудӣ дар ҳолест, ки мусалмонон ба хатми моҳи шарифи Рамазон ва таҷлили иди саиди Фитр омодагӣ мегирифтанд. Ҳанӯз ягон гурӯҳ масъулияти ҳамлаҳо дар маконҳои муқаддаси Саудиро ба дӯш нагирифтааст. Аммо масъулияти силсилаи ҳамлаҳои ҳафтаи гузашта дар Туркияву Бангладеш ва Ироқро созмони тундрави “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифта буд.

Арабистони Саудӣ низ узви эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрикост, ки аз моҳи августи соли 2014 мавқеъҳои “Давлати исломӣ”-ро дар Сурия бомбборон ва гурӯҳҳои дигари мухолифин ва чирикиҳои курдро дар Сурия ва ҳамин тавр, нирӯҳои давлатии Ироқро алайҳи ин созмони тундрав тамрин ва таъмини силоҳ мекунад.

Телевизиони Саудӣ навореро намоиш дод, ки ҳазорон зоир дар Мадина баъди таркиш ҳам дар масҷиди Паёмбар боқӣ монда, баъди ҳамагӣ чанд соат дар инҷо намоз гузориданд. Дар шаҳри Қатиф – як маҳалли асосии зисти ақалияти шиъаҳо як ё ду таркиш дар наздикии масҷиди шиъаҳо рух додааст. Сухангӯи нирӯҳои амниятии Саудӣ гуфт, ҷасади бомбгузор ва ду нафари дигар ташхис шудаанд. Шоҳидон мегӯянд, таркиш ҷасади зоҳиран бомбгузорро пора-пора карда буд.

“Давлати исломӣ” як созмони тундрави мазҳабист, ки дар соли 2014 қисматҳои бузурге аз қаламравҳои Сурияву Ироқро ишғол ва дар ин сарзаминҳо эълони ба ном “хилофат” кард. Ин гурӯҳ бо бархӯрди бераҳмонааш нисбат ба намояндагони равияҳои дигари мазҳабӣ ва нисбат ба асирон, аз ҷумла бо зинда ба зинда сӯзондану зери хок кардани онҳо ном баровардааст. “Давлати исломӣ” масъулияти даҳҳо ҳамлаи хунини террористии солҳои охир дар кишварҳои мухталиф – аз Ховари Миёна то Аврупову Амрикоро бар дӯши худ гирифтааст.

XS
SM
MD
LG