Пайвандҳои дастрасӣ

Занони тоҷик дигар «қаҳрамон-модар» намешаванд


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Як таҳқиқи нав дар миёни занони тоҷик нишон додааст, ки истифодаи воситаҳои ҷилавгирӣ аз ҳомиладории нохоста ва дар айни замон мизони таваллуд низ дар Тоҷикистон камтар шудаанд.

Таҳқиқи Бунёди Ҳимоят аз Кӯдакони Созмони Милал (ЮНИСЕФ) дар соли 2005 нишон дода буд, ки 37 дар сади занони тоҷик барои пешгирии ҳомиладории номатлуб аз воситаҳои пешгирӣ аз ҳомиладорӣ истифода мебаранд, аммо соли 2012 истифода аз ин воситаҳо дар байни занон кам шуда, ба 28 дарсад расидааст. Бо вуҷуди ин мизони таваллуд дар Тоҷикистон низ рӯ ба коҳиш дорад ва дар соли 2014 сари ҳар зани қобили таваллуд камтар аз 3 фарзанд рост меомадааст.

Соли 1991 занон дар Тоҷикистон таваллуди бештар аз 5 фарзандро кори дуруст медонистанд. Барои муайян кардани онки чӣ гуна метавонад бо истифодаи ками контрасептивҳо мизони таваллуд ҳам дар Тоҷикистон кам шавад, Вазорати тандурустӣ, Бунёди Нуфусшумории Созмони Милал ва Оҷонси Рушди Байналмилалии Амрико як таҳқиқеро дар миёни занони 16 ноҳияи Тоҷикистон тобистони имсол анҷом додаанд, ки чанде пеш муаррифӣ шуд. Пажӯҳиши мазкурро дар байни духтарон ва занони аз 18 то 49-сола анҷом додаанд. Яке аз муаллифони ин таҳқиқ профессори ҷомеашинос аз Донишгоҳи Иллинойси Амрико Синтиа Баклӣ аст ва сӯҳбате доштем бо ӯ дар бораи натиҷаҳои таҳқиқ.

Озодӣ: Инро чӣ гуна метавон фаҳмид, ки истифодаи воситаҳои пешгирӣ аз ҳамли номатлуб ва ё нохоста кам шудааст ва айни замон таваллуд низ зиёд нест?

Синтиа Баклӣ: “Аввал ин ки дар сохтори аҳолӣ, таркиби занони шавҳардор тағйир ёфтааст. Мо ошкор кардем, ки теъдоди занони ҷавон, ки ба тозагӣ издивоҷ кардаанд ва масалан, аз 23 то 24 сол доранд, зиёд аст. Дар Тоҷикистон ҷуфтҳои ҷавон аз воситаҳои пешгирӣ аз ҳомиладорӣ бисёр кам истифода мекунанд. Истифодаи ин воситаҳо дар миёни занони калонсолтар ба мисли 30-солаҳо ва ё бахусус 35-солаҳо ҳамчунон зиёд аст. Яъне ин занон кам таваллуд мекунанд, 3 кӯдак ба дунё меоранд ва бас мекунанд. Мо теъдоди ҳамаи занони қобили таваллудро ҷамъ кардем ва ингуна шуд, ки аксарияти онҳо ҷавонанд ва контрасептивҳоро ба кор намебаранд ва аз ин рӯ дар маҷмӯъ истифодаи васоили ҳомиладорӣ дар муқоиса ба соли 2005 камтар аст. «

Озодӣ: Чаро ҷуфтҳои ҷавонтар аз истифодаи васоили ҳомиладорӣ ҳазар мекардаанд?

Синтиа Баклӣ: «Се сабаби асосӣ аст, ки демографҳо ба занон тавсия медиҳанд, аз васоили пешгирӣ аз ҳомиладорӣ истифода кунанд. Ҳамаи ин барои солимии репродуктивӣ ва банақшагирии оила аст. Аввал барои заноне, ки омодаи овардани фарзанд ба дунё нестанд ва мехоҳанд, фарзанди аввалинро дертар ба дунё биёранд, дуввум барои мондани фосила байни таваллуд, ки ҳам барои сиҳатии фарзанд ва ҳам сиҳатии модараш хуб аст ва саввум барои қатъ кардани таваллуд. Яъне занон фарзанди кофӣ доранд ва намехоҳанд, оилаашон бузург шавад, аз васоили пешгирӣ аз ҳомиладорӣ бояд истифода кунанд.

Дар Тоҷикистон мо мебинем, ки занон мехоҳанд, ки байни таваллуди фарзанд, фосила гузоранд, зеро медонанд, ки ин барои сиҳатии кӯдак ва худи модар хуб аст. Айни замон онҳо таваҷҷӯҳашон зиёд аст, ки бояд зиёд таваллуд накунанд. Дар Тоҷикистон занон хонаводаҳои суннатии соҳиби 7 ва 8 фарзандро дар ёд доранд, вале ҳоло барои занони муосири тоҷик ин гуна хонавода ҷолиб нест. Ман ҳам инро мефаҳмам, зеро ман ҳам 8 хоҳару бародар дорам ва модари ман 9 нафар таваллуд кардааст, вале хоҳаронам, бештар аз 3 фарзанд надоранд. Дар Амрико ҳам вазъ мисли Тоҷикистон аст. (механдад).

Озодӣ: Дар Тоҷикистон модарон ва ё хушдоманҳо пайваста духтар ва ё келини худро ташвиқ ва ҳатто сарзаниш мекарданд, ки бояд баъди издивоҷ, зуд тавваллуд кунад ва камаш чаҳорто. Ҳоло ҳам ингуна ҳаст ва ё вазъ тағйир ёфтааст?

Синтиа Баклӣ: «Ба фикри ман, вазъ тағйир меёбад. Аммо ҷолиб ин аст, ки дар Тоҷикистон ин суннати пешинае қавӣ аст, яъне онҳое, ки издивоҷ мекунанд, бояд ҳарчӣ зудтар ва дар соли аввали издивоҷ соҳиби кӯдак шаванд. Дар кишварҳои зиёди ҷаҳон ингуна нест, дар онҷо, ҷуфтҳо аввал мунтазир мешаванд, ки бо ҳам мувофиқ гиранд, аз назари молӣ таъмин шаванд ва сипас фарзанд ба дунё меоранд. Аммо дар робита ба хушдоманҳо дар Тоҷикистон. Хушҳолкунанда барои ман ин буд, ки бисёре аз заноне, ки мо пурсидем, гуфтанд, хушдоманҳо тарафдори банақшагирии оила ҳастанд. Ҳоло назари онҳо бораи «қаҳрамонмодарӣ» дигар аст ва модарон духтарону писарони худро ташвиқ мекунанд, ки фарзанди зиёд ба дунё наоранд. Онҳо тарафдор ҳастанд, ки байни таваллуди кӯдакон фосила бошад ва ҷуфтҳо ба ҳадде фарзанд дошта бошанд, ки зӯрашон ба таъмини молии онҳо мерасад.

Ҳарчанд бисёре аз хушдоманҳо мехоҳанд, ки бибӣ шаванд ва ман инро хуб мефаҳмам. Онҳо мехоҳанд, вақте ҷавон ҳастанд, соҳиби набера бошанд, то дар нигоҳубини набера ба волидонашонон фаъолона ёрӣ расонанд. Бисёре аз занони гурӯҳҳое, ки мо пурсидем гуфтанд, ки маҳз хушдоманҳояшон аввал дар бораи аҳамияти фарзанди кам бо онҳо сӯҳбат кардаанд ва ё ба онҳо кӯмак кардаанд, ки ба бемористон бираванд ва барои фосила гузоштан дар байни таваллуд, воситаи пешгирӣ аз бордорӣ истифода кунанд. Ба фикри ман бибӣ шудан, беҳтарин эҳсос дар ҷаҳон аст ва бибиҳое каме дар ҷаҳон вуҷуд дорад, ки мисли бибиҳо дар Тоҷикистон бошанд. (механдад) Аз ин рӯ одилона нест, бигӯем, ки хушдоманҳо ё модар фарзандони худро маҷбур мекунанд, фарзандони бештар ба дунё биёранд. Баръакс мо фаҳмидем, ки модарон ва хушдоманҳо ба манфиати хонавода кор мекунанд ва ба бачаҳояшон мегӯянд, ки бо фосила таваллуд кунанд.

Озодӣ: Истифодаи кадом василаҳои ҷилавгирӣ аз бордорӣ дар Тоҷикистон дар миёни занони тоҷик бештар роиҷ аст?

Синтиа Баклӣ: «Ҳоло аксарияти занон «спирал»-ро ба кор мебаранд. Ин яке аз василаҳои бисёр хуб аст ва табибон ва маъмурони тиббии Тоҷикистон хуб медонанд, ки чӣ гуна ин василаро бигзоранд. Ва ин васила аз абзорҳои бисёр хуби ҷилавгирӣ аз таввалуди нохоста ва ё қатъ кардани таввалуд аст. Занони бефарзанд «спирал»-ро бисёр кам ба кор мебаранд. Аммо ба андешаи ман, дар миёни занони тоҷик то 10 соли дигар васоили зиёди дигари пешгирӣ аз ҳомиладорӣ дастрасӣ пайдо мекунанд, ба мисли рифола ё депо провера, ки аз роҳи тазриқ ё сӯзандору мегиранд. Ин васила ҳам бисёр хуб аст, зеро метавонад, то 7 ё 8 моҳ аз ҳомиладорӣ ҷилавгирӣ кунад. Як чиз ҳангоми пурсиш возеҳ шуд, ки аксари занон исқоти ҳамл ва «аборт»-ро кори хубе намешуморанд. Ҳам аз рӯи эътиқоди динӣ ва ҳам ба сабаби зиёнаш ба сиҳатии модар, занон исқоти ҷанинро роҳи дуруст барои ба нақшагирии оила намешуморанд.»

Озодӣ: Нақши мардони тоҷик дар ба нақшагирии оила чӣ гуна аст ва ё фақат дар бораи худашон фикр мекунанд?

Синтиа Баклӣ: «Не ингуна нест. Онҳо нақши муҳиме дар танзими оилаҳояшон иҷро мекунанд. Яке аз ҷанбаҳои муҳиме, ки зимни таҳқиқ ошкор шуд, ин аст, теъдоде аз занҳо гуфтанд, ҳамсаронашон дар истифодаи васоили ҷилавгирӣ аз ҳомиладорӣ ҳазар намекунанд ва тарафдори танзими оила ҳастанд. Бисёре аз мардҳо нигарони сиҳатии зану кӯдаконашон ҳастанд. Онҳо ба ин ақида будаанд, ки бояд байни кӯдакон фосила бошад ва теъдоди фарзандон ҳам камтар бошад. Баъд аз тавваллуди фарзанди аввал бисёре аз мардон усулҳои суннатиро ба кор мебурдаанд. Ҳарчан усули суннатӣ барои танзими оила ва ҷилавгирӣ аз таввалуди нохоста васеъ истифода мешавад, вале назар ба дигар усулҳо ва васоили ҷилавгирӣ аз бордорӣ камсамар аст.

Хуб аст, ки мардони тоҷик дар танзими оилаву ҷилавгирӣ аз таваллуди нохостаи ҳамсаронашон кӯмак мекунанд, вале умедворам, дар оянда аз рифолаву дигар васоили пешгирӣ истифода хоҳанд кард. Ва як чизи дигарро мехоҳам изофа кунам, зимни таҳқиқи мо муайян шуд, ки ҳеҷ яке аз мардон ва занони тоҷик, бахусус онҳое, ки аз 35-сола боло ҳастанд ва намехоҳанд дигар фарзанд ба дунё биёранд, ҳозир набудаанд, ки стерилизатсия ва ё аз роҳи сунъӣ безурёт карданро истифода баранд. Онҳо гуфтаанд, ки ин чиз ҳеҷ гоҳ дар Тоҷикистон роиҷ намешавад, агарчӣ ин як усули босамари пешгирӣ аз ҳомиладории нохоста дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аст.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG