Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муд"-и нав: Кабку қанориву бедона... дар ошхона (ВИДЕО)


Гузоштани қафаси кабку бедона ва тӯтиву қанорӣ дар ошхонаву тарабхонҳои шаҳри Хуҷанд ба "муд" табдил шудааст.

Гузоштани қафаси парандаҳои зебову хушхон, мисли кабку қанорӣ, тӯтӣ ва бедона дар чойхона ва тарабхонаҳои шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, ба "муд" табдил шудааст. Агар бисёриҳо онро талоши соҳибони ошхонаҳо барои ҷалби муштариён гӯянд, иддае дигар онро аз муҳаббати мардум ба парандаҳо медонанд.

Барои мисол, амаки Абдурашид, ки мегӯяд, ҳаштоду чорсола аст ва посбонии маркази "Ҷавонон"-и Хуҷандро бар ӯҳда дорад, ҳар рӯз қафаси кабку бедонаашро ба назди ин марказ меорад, ки дар он ҷо макони ғизохӯрӣ ҳаст. Ӯ мегӯяд, садои парандаҳои хушхон ва қаҳқаҳи кабк барои сокинон роҳат мебахшад ва ӯ мехоҳад, танҳо барои ором сохтани тори асабҳои, ба қавли ӯ хастаи мардум кумак намояд.

"Ҳаводорони парандаҳои хушхон бисёранд. Барои ҳамин, қанориву кабкҳоямро овардам, ки тамошою хонишашонро гӯш кунанд. Вақти одамон хуш мешавад,"-афзуд амаки Абдурашид.

Як мусоҳиби мо бо номи Мӯҳсин мегӯяд, вай ба хотири роҳати равонияш ҳар рӯз барои нонхӯрӣ ба ин ҷо меояд ва сари дастархон чанд лаҳза орому осуда ба парандаҳои хушхон гӯш медиҳад. Ҳамсӯҳбати дигари мо, ки ӯ низ Мӯҳсин ном дошта, дар хонааш қанорӣ парвариш мекардааст, гуфт, "аз хониши қанорӣ вақти одам чоқ, табъаш болида мешавад. Овози парандаҳои хушхон дарди одамро табобат мекунад. Дар саросари дунё бигардед, мумкин, дигар ин хел парандаи хушзеҳн набошад. Ҳар оҳанге, ки шунид, қанорӣ дар ёдаш мегирад ва мехонад. 15-20 оҳанг ёд додан мумкин, агар роҳашро донеду рӯзҳову моҳҳо тоқат кунед."

Зиёд шудани паррандагони хушхон дар ошхонаҳои Хуҷанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:29 0:00

​Як ҷуфт қанории хушхон дар бозори маҳаллӣ ба 200-250 сомонӣ харидорӣ мешавад. Ва ин паранда то 3 бор тухм гузошта, чӯҷа мебарорад.

Вале парвариши парандаҳои нодиру ороишӣ, ки зимнан гӯшти лазиз доранд, ҳоло то сатҳи истеҳсолӣ нарасидааст. Дар ҳоле, ки солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд

фермаи бедонапарварӣ фаъол буд, ки гӯшту тухми он то Русия низ содир мешуд. Ҳоло парандапарварони маҳаллӣ бозору мағозаҳои бузург ва тарабхонаҳои Хуҷандро ба сахтӣ бо тухму гӯшти бедона таъмин мекунанд.

Дар шаҳрҳои қадимии Суғд, мисли Хуҷанду Истаравшану Исфара парвариши мурғони зебову хушхон анъанаи қадимӣ дошта, ҳар маҳалла соҳиби "кафтару бедона ва қанориву кабкбоз"-и худ аст. Бархеҳо дар айвонҳои манзилҳои худ дар биноҳои бисёртабақа низ парандаҳои хушхону ороишӣ, мисли бедонаву қанориро нигоҳубин мекунанд. Дар Хуҷанд як бозори хурду ду мағозаҳои паранда ҳам боз аст.

XS
SM
MD
LG