Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Дасти бионикӣ ба воқеият табдил шуд


Вақте ки Денис Або Соренсен, 10 сол пеш ҳангоми оташбозӣ аз дасти чапаш маҳрум шуд, фикр намекард, ки рӯзе абзори сунъие ба ӯ эҳсоси ламсу дасти воқеъиро бармегардонад.

Аммо ҳоло бо пешрафти фанновариҳои нави бионикӣ ӯ медонад, ки гирифтани тӯб дар даст ё ламси ашё чӣ эҳсосе ба инсон медиҳад. Денис Соренсен, корманди ширкати сохтмоние аз шаҳри Аалборги Дания нахустин инсон дар ҷаҳон шуд, ки бо чашмони баста дасти сунъии бионикиро озмоиш кард.

Ӯ мегӯяд: “Ман комилан моту мабҳут шудам, чун чизеро эҳсос кардам, ки тақрибан 10 сол пеш эҳсос намекардам. Нахустин бор тӯби бейсболро рӯи дасти сунъӣ гузоштанд ва ман гуфтам, ки ин як ашёи гирде мисли тӯби сахт аст. Ҳамингуна ин як эҳсоси фавқуллода буд. “

Баъди маҳрум шудан аз дасташ, Денис Соренсен, дасти маъмулии сунъӣ дошт ва метавонист танҳо панҷаҳояшро боз кунад ва чизеро бидорад. Вале як сол пеш вазъ тағйир кард. Гурӯҳе аз ҷарроҳону асабшиносон дар Рум дасти нави бионикиро ба Денис Соренсен насб ва барои як моҳ озмоиш карданд.

Профессор Силвестро Мисера электродҳои махсусро ба торҳои асаби дасти Соренсен ва сипас ба сенсорҳои дасти сунъӣ васл кард, то эҳсоси ламс ба майнаи инсон расонида шавад. Денис Соренсен дар ин бора мегӯяд:
“Хонаводаи ман фикр мекард, ки ин таҷрибаи аҷибе хоҳад буд ва ман барои ин озмоиш ба Рум рафтам. Ба далели сими зиёд дар дастам, се писарам, маро одами симӣ меноманд.”

Дар замони озмоиш ҳар рӯз торҳои асаби Соренсен ба электродҳои дасти сунъӣ васл шуда буд ва ӯ метавонист, ашёҳои гуногунро гирифтаву ламс кунад, ки нарм ҳастанд ва ё сахт. Ба гуфтаи донишмандон, бори аввал аст, ки ба онҳо муяссар шудааст, эҳсос аз дасти сунъиро ба асаб бирасонанд. Агарчӣ ин кори донишмандон дастоварди бузургест, вале барои тавлиди саноатии чунин дасту пойҳо вақти зиёде дар пеш аст.

Денис Соренсен мегӯяд, ҳарчанд озмоиши дасти сунъӣ барояш осон нест, вале ӯ омодааст, ки барои пешрафт дар ин замина ранҷ бикашад: “Чунин таҷриба бисёр сахт аст, зеро барои он рӯзҳои дароз лозим аст. Шумо бояд дар байни 50-60 нафар бошед, ки аз шумо иттилои зиёд мехоҳанд. Ҳамчунин бо ду ҷарроҳӣ дар зарфи 30 рӯз насб кардани электродҳо ва гирифтани онҳо аз даст осон нест. Яъне шумо бояд ҳам аз назари равонӣ ва ҳам аз назари ҷисмонӣ қавӣ бошед.”

Ҳоло Денис Соренсен дасти бионикиро надорад ва мегӯяд, маҳрум шудан аз чунин дасти сунъӣ ҳам барояш сахт аст. Вале мегӯяд, ӯ бо умед ба оянда менигарад, зеро мумкин аст, то чанд соли дигар ин дастҳо барои аксарият дастрас шаванд.

XS
SM
MD
LG