Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп бо нахуствазири Бритониё ва раҳбари Мексика дидор мекунад


Доналд Трамп рӯзи 20 январ ба ҳайси президенти 45-уми Амрико савганд ёд кард
Доналд Трамп рӯзи 20 январ ба ҳайси президенти 45-уми Амрико савганд ёд кард

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури нави Амрико, то охири моҳи январ бо нахуствазири Бритониё Тереза Мэй ва раиси ҷумҳури Мексика Энрике Пеня Нието дар Вашингтон мулоқот хоҳад кард. Дар ин бора Шон Спайсер, сухангӯи Кохи Сафед, хабар дода ва гуфтааст, дидори оқои Трамп бо Мэй рӯзи 27 ва бо Ниято рӯзи 31 январ баргузор мешавад. Тереза Мэй нахустин раҳбари хориҷӣ хоҳад буд, ки баъди ба курсии раёсати ҷумҳурӣ нишастани Доналд Трамп ба Амрико меравад. Трамп ҳимояташро аз Мэй ва хуруҷи Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо баён кардааст. Сафари раиси ҷумҳури Мексика дар ҳоле сурат мегирад, ки Доналд Трамп сохтмони девор дар марзи ҷанубии кишвараш бо Мексикаро яке аз барномаи аслии кори худ муаррифӣ кардааст. Иддаои ӯ дар бораи инки пули сохтмони деворро Мексика пардохт хоҳад кард, бисёриҳоро дар ин кишвар хашмгин намудааст. Шон Спайсер гуфт, раҳбарони Амрико ва Мексика масъалаи тиҷорат, муҳоҷират ва амниятро баррасӣ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG