Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даҳҳо тан аз тоҷирони бозори «Саховат»-и Душанбе бо нигаронӣ аз амалкард ва бепарвогии раҳбарияти бозор мегӯянд, ки аз моҳи октябр ба ин тараф барқ надоранд ва ҳама фурӯшгоҳҳо бо барқи дизелӣ фаъолият мекунанд.

Яке аз тоҷирзанони бозори “Саховат”, ки худро Шарифамоҳ муаррифӣ кард, рӯзи 12-уми ноябр дар сӯҳбат бо “Озодӣ” гуфт, тамоми тоҷирони бозор маблағи барқро саривақт пардохт кардаанд. Аммо раҳбарияти бозор дар посух ба онҳо гуфтааст, бозор барои напардохтани пули барқ, қарздор аст ва онҳо наметавонанд бо барқ таъмин бошанд.

Шарифамоҳ афзуд: «Қарзи барқ 80 ҳазор сомонӣ будааст. Ҳама бо дизел кор карда истодааст. Ин дуди дизелҳо маро якбора касал кард. Тамоми бӯи бензинро мо нафас мекашем. Ягон кас ба додамон намерасад. Мо тамоми пули барқро пардохт кардем. Раҳбарият мегӯяд, ки бозор 80 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Ин дурӯғ аст. Ҳама саривақт пулро месупорад, аз куҷо бозор дар як моҳ ин қадар пул қарздор шуд?»

«Саховат» яке аз бузургтарин бозори маводи ғизоист, ки беш аз 200 нафар тоҷир дорад ва аксаран мардуми пойтахт аз ҳамин бозор харид мекунанд. Аммо тоҷирон мегӯянд, дар ин авохир теъдоди харидорон кам шудаву савдои онҳо низ кунд шудааст. Зеро ба қавли савдогарони ин бозор, аз бебарқӣ яхчолҳо кор намекунанд ва маҳсулоти ғизоӣ дар зудтарин фурсат вайрон мешавад.

Ҳасан, тоҷири дигари ин бозор, ки ба фурӯши маҳсулоти ширӣ ва гуштӣ машғул аст, намедонад бо маҳсулоти вайроншуда чӣ кор кунад Ӯ мегӯяд, наметавонад, маҳсулоти вайроншударо ба фурӯш гузорад ва сиҳатии харидорро ба хатар рӯ ба рӯ кунад: «Барои мо вазнин, сарҳисоби зиндагимона ёфта наметавонем. Чунки харидор ҳам ин маҳсулоти вайроншударо намехарад. Рӯзҳое ҳам мешавад, ки савдо карда наметавонем, баъзе рӯзҳо ба зарари худамон ҳам маҳсулотро арзон мефурӯшем. «Тоҷикстандарт» куҷоро нигоҳ мекунад. Яхдонҳо кор намекунад. Ҳамаш зарар дорад.”

Бо ин ҳама даҳҳо тан тоҷирони бозори «Саховат» аз раҳбарияти бозор тақозо доранд, ки агар барқро дар рӯзҳои наздик надиҳанд, бигузор бозор баста шавад. Зеро набудани барқ дар тиҷорати онҳо мушкили зиёд пеш оварда, бо иллати вайроншудани маводи ғизоӣ ба фурӯш гузоштаашон, онҳо зиён мебинанд.

Бебарқии бозори “Саховат ҳатто харидоронеро, ки бештар аз ин бозор маҳсулоти ғизоӣ харидорӣ мекарданд, сарсон кардааст. Як ҷавон, ки аз дохили мағозаи маҳсулоти гӯштиву шири берун мерафт, гуфт ки наметавонад аз инҷо маҳсулот харидорӣ кунад. «Яхдонҳо кор намекунад, чӣ хел аз инҷо чизе харидорӣ мекунам?»-гуфт ин ҷавон.

Гузашта аз ин, бо фарорасии зимистон ниёз ба нирӯи барқ бештар мешавад, зеро ҳам тоҷирон ва ҳам хиридорон наметавонанд дар дӯконҳои сард фаъолият кунанд. Ҳарчанд, тоҷирон мегӯянд, қарздории бозор аз маблағи барқ барояшон норӯшан мондаву раҳбарият сабаби қарздории бозорро барояшон шарҳ надодаанд, аммо Ҷамшед Гулов, муовини раҳбари бозори «Саховат»-и Душанбе дар сӯҳбат ба «Озодӣ» мушкили қарздории бозорро дар хароб будани таҷҳизоти барқии интиқолдиҳанда марбут донист.

Ӯ гуфт: «Нишондоде, ки дар ҳисобкунаки барқӣ асосӣ (трансформатор) аз ҳамонҷо зиёд омадааст. Савдогарон маблағи худашонро пардохт кардаги ҳастанд, аммо онҷо маблағ барзиёд ҳисоб шуда, бозор қарздор шудааст. 25 рӯз шуд, ки барқ нест. Аз нозироти барқ мегӯянд, ки бозори «Саховат» 80 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Ҳозир мо кор карда истодаем, бояд таҷҳизоти барқии интиқолдиҳандаро дида бароянд, ки чаро ин қадар маблағро ҳисоб кардааст. Шояд ягон ҷониби дигар аз ин хатти барқ гирифта истифода бурдааст, чунки ягон вақт бозор ин қадар маблағ қарздор намешуд».

Ҷамшед Гулов, муовини раҳбари бозори «Саховат»-и Душанбе ҳамчунин афзуд, тасмим доранд, дар наздиктарин фурсат неруи барқро барқарор кунанд, зеро дар ҳолати набудани барқ онҳо наметавонанд, аз тоҷирон ҳатто маблағи чекро талаб кунанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҷаноби Гулов, бозори «Саховат» аз пардохти андоз низ бештар аз як миллион сомонӣ қарздор аст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG