Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози размоишҳо дар Чин бо ширкати сарбозони тоҷик


Дусад сарбозу афсари Тоҷикистон бо тамоми силоҳу таҷҳизоти низомии худ вориди ноҳияи мухтори Муғулистони Дохилӣ дар шимоли Чин шуданд.

Дар пойгоҳи Чжужихэи Чин (ноҳияи мухтори Муғулистони Дохилӣ) густардатарин размоиши кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой шурӯъ шуд.

Дар машқҳои ҳарбии зиддитеррористии кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой наздик ба 7 000 сарбозу афсар аз Чину Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд. Ҳарчанд Ӯзбакистон низ узви ин эътилоф аст, ин кишвар аз ширкат дар тамринҳои ҳарбии 24-29 августи соли равон худдорӣ намудааст.

Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин размоишҳо 200, Қазоқистон 300, Қирғизистон 500, Русия зиёда аз 1000 ва Чин наздик ба 5000 сарбозу афсар ширкат доранд. Аммо техникаи ҳарбӣ асосан аз Чин ва Русия аст.

Ҳадафи тамринҳо таҳкими ҳамоҳангии кишварҳои узв дар мубориза бо терроризм, тундгароӣ ва ҷудоихоҳӣ унвон шудааст. Қатъномаи соли 2002-и СҲШ ин се падидаро се душмани асосии худ номидааст. Бино бар тарҳи тамринҳо нерӯҳои панҷ кишвар дар шароите ҳамкорӣ хоҳанд кард, ки террористон қисме аз қаламрави яке аз кишварҳои узвро ишғол кардаанд ё ҳокимиятро дар яке аз ин мамолик ба даст гирифтаанд.

Ба ҷараёни размоиш муовини сардори ситоди Артиши миллии озодихоҳи Чин Ван Нин фармондеҳӣ мекунад ва дар онҳо аз нерӯҳои заминӣ, ҳавоӣ ва ҷузвутомҳои муборизаи радиоэлектронӣ истифода мешавад. Барои баргузории ин тамринҳо дар пойгоҳи Чжужихэ шаҳраке сохта шуда, бахши умдаи «ҷанг» дар шароити шаҳр ҷараён мегирад.

Аз замони таъсиси СҲШ дар соли 2001 чандин машқи ҳарбии муштараки нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узв баргузор гаштааст, вале ин тамрин густардатарини онҳо ба шумор меравад. Дар размоиши «Рисолати сулҳ -2007» дар пойгоҳи Чебуркули Русия, дар вилояти Челябински ин кишвар зиёда аз 6000 нафар бо 1000 адад мошини ҳарбӣ ширкат карда буд. Ин ягона машқе буд, ки дар он Ӯзбакистон низ саҳм гирифт.

Размоиши «Рисолати сулҳ -2010» дар пойгоҳи Мотибулоқи вилояти Ҷамбули Қазоқистон наздик ба 5000 сарбозу афсари Чину Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ба ҳам овард. Баъд аз он зери унвони «Рисолати сулҳ -2012» тамринҳое дар пойгоҳи Чоруқ-Даррони вилояти Суғди Тоҷикистон ҷараён ёфт, ки дар онҳо зиёда аз 2000 сарбозу афсари ин панҷ кившар ширкат варзид.

Размоиши «Рисолати сулҳ -2014» дар вазъи ҳассосе баргузор мешавад, ки Русия бо Украина дар ҳоли ҷанги эълоннашуда қарор дорад ва Паймони Атлантики Шимолӣ гуфтааст, агар Маскав вориди ҷанги ошкоро бо Украина шавад, дар канор нахоҳад монд, балки аз Украина дифоъ хоҳад кард. Ду кишвари узви ин созмон – Тоҷикистон ва Қирғизистон дар марзи муштараки худ борҳо вориди муноқиша шуда, дар ин даргириҳо то ҳол як нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ гаштаанд.

Поёни соли 2014 инчунин замони хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон аст ва сарони бархе аз кишварҳои узви СҲШ борҳо изҳори нигаронӣ кардаанд, ки баъд аз ин хуруҷ мумкин аст, Афғонистон ба манбаи нооромиҳои Осиёи Марказӣ табдил ёбад.

XS
SM
MD
LG