Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳе аз дучархасаворони тоҷик аз Маҳмадсаид Убайдуллоев - шаҳрдори Душанбе ва мансабдорони дигар хостаанд, як рӯз мошини худро гузошта, бо велосипед ба кор оянд, то намуна бошанд.

Дучархасаворони тоҷик, ки теъдоди онҳо ба фарқ аз кишварҳои дигар, ҳатто минтақа, андак аст, дар рӯзи ҷашни худ аз мушкили роҳҳои мошингард ва набуди шароит барои ҳаракат бо велосипед дар Душанбе сухан гуфтанд. Қосим, афсари бознишаста, тақрибан ҳар рӯз 20 километр роҳро бо дучарха тай мекунад. Ӯ ҳангоми суҳбат бо мо калиди мошинаашро нишон дод, вале гуфт, аксар вақт аз велосипед истифода мекунад, чун манфиаташ бештар аст.

“Дар як рӯз аз маҳаллаи 82-и пойтахт то маркази шаҳр бо дучарха омада меравам. Ҳаракати нодурусти ронандаҳо дар роҳ ва аз сӯи дигар саломатӣ сабаб шуд, ки ба ин навъи варзиш рӯ орам. Воқеан, манфиати дучарха хеле зиёд аст, шурӯъ аз саломатӣ то муҳити зист. Нури чашмро зиёд, хотираро қавӣ, кори майнаи сар, хулоса одамро хеле ҳушёру фаъол мекардааст”,-афзуд ӯ.

РӮЗИ БИДУНИ МОШИН

Қосим ва мисли ӯ барин дӯстдорони дучархасаворӣ ва созмонҳои ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон мехоҳанд, ҳадди ақал як рӯз, дар Рӯзи бидуни мошинҳо, ки ҳамасола 22 сентябр дар бархе аз кишварҳо таҷлил мешавад, мансабдорону мақомдорони тоҷик ҳам аз баҳри мошинҳои худ бигзаранд ва аз дучарха истифода баранд. Дар шаҳри Душанбе ҳам бо ҳадафи тарғиби дучархасаворӣ рӯзи 20 сентябр, бо шиори “Шаҳрҳо барои мошинҳо не, барои одамон аст”, таҷлили рӯзи дучархасавориро шурӯъ карданд. Ин ҷашнвора, ки бо ташаббуси Федератсияи дучархасаворӣ ва созмони ҳифзи муҳити зисти “Замини хурд” ташкил шудааст, ду рӯз идома мекунад ва дар доираи он озмунҳои мухталифи дучархасаворӣ баргузор мешавад.

ДАРХОСТ АЗ МАНСАБДОРОН

Наталя Идрисова, намояндаи “Замини хурд” мегӯяд, ҳадаф аз ин чорабинӣ ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкили нақлиёт ва хатарҳои он ва инчунин тарғиби дучархасаворист. “Мехоҳем, таваҷҷӯҳи хурду калонро ба ин навъи нақлиёт ҷалб кунем. Инчунин мехоҳем худ дарак диҳем ва бигӯем, ки шумори дӯстдорони дучархасаворӣ дар кишвар кам нестанд. Мехоҳем дар шаҳрамон роҳҳои махсус барои дучархасаворону истгоҳҳои махсус барои онҳо зиёд бошад. Мо як пешниҳоде ҳам ба Маҳмадсаид Убайдуллоев кардем, ки дар рӯзи дучархасаворон ӯ ҳам бо дучарха ба кор ояд. Ин корро аксаран шаҳрдорону мансабдарони кишварҳои дигар мекунанд ва намунае мешаванд барои сокинону кормандони дигар. Мо умедворем, намояндагони ҳукумати мо ҳам бетараф нестанд ва намунаи хубе барои сокинону меҳмонони шаҳр хоҳанд шуд”,-таъкид дошт Идрисова.

ВЕЛОСИПЕДИ БЕГ ЗУҲУРОВ

Бег Зуҳуров

Бег Зуҳуров

Дар гузашта дар Тоҷикистон ҳам пешниҳодҳо аз ҷониби бархе аз мақомодорон барои ба кор омадани кормандон бо дучарха садо дода буд. Соли 2009 Бег Зуҳуров, он вақт муовини вазири нақлиёт ва ҳоло раҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, аз кормандони ин ниҳод хоста буд, мошинро бо велосипед иваз кунанд. Агарчӣ он замон чанд акси ӯ бо велосипедаш чоп шуданд, аммо дигар касе ӯро бо дучарха надидааст, ки ба кор ояд. Баъдан дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, онҳо наметавонанд тамоми вақт бо дучарха гарданд, чун корашон зиёд асту бояд ҳар лаҳза аз ин гӯша ба он гӯшаи шаҳр ва ё аз ин минтақа ба он минтақаи кишвар бираванд.

“ҚАФОМОНДА”

Таҷлили рӯзи дучархасаворон миёни як гурӯҳ дар Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки масъулони Федератсияи варзиши дучархасаворӣ мегӯянд, дучархасаворӣ дар кишвар рушди кам дорад ва дар қиёс бо ҳамсояҳо, аз ҷумла Қирғизистон ҳам қафо мондааст. Ринат Батиршин, раҳбари федератсияи мазкур теъдоди дучархасаворонро дар кишвар ба 5 ҳазор баробар медонад. Вале ба гуфтаи ӯ, инҳо нафароне ҳастанд, ки баъзан дар рӯзҳои истироҳат ё идҳо дучархасаворӣ мекунанд. “Ин шумораи хеле кам аст. Туркманистон моро дар ин самт хеле пеш гузаштааст. Дар Узбакистон ҳам рушд мекунад. Ҳоло талош дорем, тавассути эълони чунин ҷашнвораҳо бахшида ба дучархасаворӣ шумори онҳоро бештар кунем”,-гуфт ӯ.

Худи Федератсияи дучархасаворон дар Душанбе, ки соли 2011 таъсис ёфтааст, ҳамагӣ 12 узв доштааст. Дучархасаворони касбӣ ва ҳам дӯстдорони ин навъи нақлиёт мегӯянд, як омили ками аз дучарха истифода бурданашон, набуди шароити дучархаронӣ дар ҷодаҳои шаҳру навоҳии кишвар будааст. Қосим, афсари бознишаста, мегӯяд, бо сабаби набуди роҳи махсус барои ин навъи нақлиёт онҳо аксаран ҷони худро дар хатар мегузоранд. “Бояд роҳҳои махсусе барои дучарха сохт. Масалан, ҳоло аз назди Фурӯшгоҳи марказии Душанбе то маҳаллаи “Пивозавод” роҳи махсусе ҳаст, ки мешавад бо дучарха ҳаракат кард. Дигар дар тамоми шаҳр чунин роҳ нест. Бо ин мошинронии ронандаҳои мо дучархасаворӣ ҳам хатарнок аст, роҳ намедиҳанд. Дигар имкон, ки нест, дучархасаворон ҳам маҷбуранд дар роҳи мошин бигарданд ва садамаҳо ҳам зиёд мешавад. Фикр мекунам, ташкили роҳи махсус барои дучарха дар шаҳр мушкил нест”,-афзуд мусоҳиби мо.

Ташаббускорони ҷашнвораи дучархасаворӣ мегӯянд, бо сабаби аз ҳад зиёд шудани шумори мошинҳо ҳаракат дар роҳҳои шаҳр бисёр мушкилу хатарнок шудааст ва ин ҳам дар ҳоле ки, ба қавли онҳо, шаҳрвандон метавонанд бо харҷи камтар ва ба хотири сиҳатӣ ва ҳам ҳифзи муҳити зист, баъзан бо дучарха дар шаҳр ҳаракат кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG