Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзгори сахти як зани собиқадори Чернобил


 Бибигул Саъдиева.

Бибигул Саъдиева.

Бибигул Саъдиева, зодаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мегӯяд, бо вуҷуди иштирокчии садамаи атомии Чернобил буданаш аз имтиёзҳои давлатӣ бархӯрдор нест ва беманзилӣ зиндагияшро дучанд вазнин кардааст.

Бибигул Саъдиева 55 сол дорад ва соҳиби 4 фарзанд, 1 духтару 3 писар аст. Ӯ мегӯяд, иштирокчии садамаи Чернобил аст ва ҳар се писаронаш маъюби гурӯҳи бачагонаанд. Хонум Саъдиева, собиқ ҳунарманди ансамбли «Чаман»-и рубобчизанони Филармонияи давлатии Тоҷикистон аст. Соли 1986 ансамбли рубобчизанони «Чаман» ба Украина барои иштирок дар ҷашнвораи «Баҳори ҷавонони Киев» даъват мешавад ва иттифоқан бо амри тақдир дар он шабурӯз неругоҳи атомии Чернобил мунфаҷир мешаваду онҳо заҳролуд мешаванд.

«Вақте ки мо ба шаҳри Киев рафтем, дар онҷо ду рӯз аз байн гузашту таркиш – садамаи атомии Чернобил рух дод. Мо 32 нафар занон дар онҷо мондем. Мо ҳамаамон ба худ заҳр гирифтем…», нақл мекунад Бибигул.

Вақте аз Украина ба Тоҷикистон бармегарданд ба онҳо дар бораи ин садама чизе нагуфтаанд, ки бояд ба табобат фаро гирифта шаванд.

«Танҳо ба мо шодиёна доданд ва гуфтанд, ки аз ҳамаи иштирокчиёни ансамбли рубобчиён тамоми Шӯравӣ миннатдор ҳастанд. Баъд аз ин ба номи ансамбл фахрномаҳо, дипломҳо ва медалҳо омад, ки мо онҷо иштирок кардему баҳри онҳое ки садамаи Чернобилро бартараф мекарданд месурудему мерақсидем ва табъи онҳоро болида мекардем…», мегӯяд хонум Бибигул.

Бо гузашти 27 сол аз садамаи атомии Чернобил заҳри аз онҷо ба худ гирифта Бибигулро рӯз аз рӯз бештар азият медиҳад. Бибигул нақл мекунад, ки баъд аз бозгашт аз Украина дар соли 1986, ба онҳо дар бораи оқибатҳои зарари аз ин садама, ки ба худ гирифтаанд, чизе нагуфтаанд. Муддати 20 сол бо вуҷуди дарду ранҷҳо аз заҳри садамаи атомӣ аз имтиёзҳои барои маъюбони ин садама бархӯрдор набудааст ва ҳатто дар ин марказ номнавис ҳам нашудааст.

Бибигул Саъдиева баъд аз таваллуди фарзанди чоруми худ огоҳ мешавад, ки дар Тоҷикистон барои дастгирии зарардидагони садамаи Чернобил ниҳоди махсусе ҳаст. Ин дар ҳоле буд, ки баъд аз ин зарари он садамаро бештар ҳис мекард ва зиндагияш ҳам аз он рӯзҳо ба баъд дигаргун шудаву талхтар шудааст.

«Вақте фарзанди чорумамро таваллуд кардам, тариқи радио роҳбари Маркази маъюбони Чернобил баромад карданду гуфтанд, ки корафтодагон метавонанд ба ҳамин суроға оянд. Гуфтанд, ки ба ин марказ омада мо ба онҳо чи будани садамаи Чрнобел ва зарари онро мефаҳмонем.»

Бибигул Саъдиева вақте ба маркази маъюбони Чернобил рафта худро номнавис мекунад, ки аллакай дар вуҷуди фарзандонаш ҳам заҳри садамаи Чернобил реша давонда буд ва ба табобати бештар ниёз доштаанд. Баъд аз номнавис шудан дар маркази маъюбони Чернобил, ба гуфтаи ӯ муддати зиёде давутоз кардаву ҳуҷҷат ҷамъ оварда худ ва фарзандонашро нафақа кардаанд.
Аммо баъд аз чанд муддат шавҳараш бо баҳонаи заҳролуд будани фарзандон Бибигул ва 4 фарзандашро тарк мекунад ва барои ҳамешагӣ аз вай ҷудо мешавад.

Ба гуфтаи хонум Бибигул, шавҳараш вақте барномаи телевизиони «Сафина», ки дар бораи онҳо таҳия карда будаанд, тамошо мекунад баҳона пеш меорад, ки ин фарзандон заҳролуданд ва ба Русия рафтаву дигар суроғи фарзандон намеояд. Хонум Саъдиева мегӯяд, ҳарчанд нафақаи худ ва фарзандонаш барои пешбурди зиндагияшон намерасид, бо вуҷуди ин дар баробари чанде аз фарзандони дигар иштирокчиёни Чернобил аз нафақаи фарзандон, ки ҳар моҳ ба маблағи 100 сомонӣ мегирифтаанд, маҳрум шудааст: «Бо гузашти чанд муддат, ки фарзандон ҳам нафақа мегирифтанд, аз тарафи мақомот нафақаи фарзандони қисми иштирокчиёни Чернобил боздошта шуд. Ҳамакнун ду сол боз фарзандон нафақа намегиранд.»

Ба гуфтаи Бибигул, мақомот ду сол қабл гуфтаанд, ки танҳо шахсони аз шунавоӣ, биноӣ ва пойи равон маҳрум маъюб дониста мешавад. Ва онҳое, ки ҷисман маъюб нестанд, дар ин гурӯҳ дохил карда нашудаанд. Ӯ мегӯяд, бо вуҷуди он, ки фарзандонаш зоҳиран сиҳатанд, аммо ботинан пур аз заҳр будаанд.

«Ҳар сол ман бо фарзандонам дар беморхона албатта мехобем, чунки фарзандонам бемор мешаванд. Таби фарзандонам то ба 43-45 дараҷа баланд мешавад. Лекин ҳеҷ даъвое моро табобат намекунад ва оҳиста оҳиста муддати як- якуним моҳ саломатии онҳо ба эътидол меояд.», гуфт Бибигул Саъдиева.

Ҳарчанд ки Бибигул Саъдиева баъд аз садамаи атомӣ дардро дар вуҷуди худ эҳсос мекардааст, аммо дар 27 сол ба саломатияш таъсири сахт расондаву ба кам шудани биноӣ ва шунавоии ӯ оварда расондааст. Ҳоло мегӯяд, дард то ба устухонҳояш расидаву ӯро азоб медиҳад. Маризии дил, ҷоғар, гурда, меъда ва … сол то сол баъд аз садама дар бадан ӯ пайдо шудааст ва афзоиш меёбад.

Бибигул Саъдиева ҳоло бекор буда, 340 сомонӣ нафақа мегирифтааст ва дар шаҳри Душанбе иҷоранишин аст. Вай мегӯяд, чанд сол боз ба тамоми мақомоти Тоҷикистон менависад, то барои худ ва фарзандонаш сарпаноҳе пайдо кунад, вале бенатиҷа мемондааст. Саъдиева мегӯяд, «ман 15 сол боз ба тамоми ниҳодҳо, аз ҷумла ба президент, раиси шаҳр ва дигар мақомоти дахлдор ба таври хаттӣ муроҷиат мекунам. Аз дастгоҳи раиси ҷумҳурӣ ҷавоб меояд, аммо мақомоти маҳаллӣ ва шаҳрдорӣ мегӯянд, мо бино намесозем, ки ба ту хона диҳем.»

Бо вуҷуди он, ки барои маъюбони садамаи Чернобил аз ҷониби давлат имтиёзҳои зиёде, ба мисли табобати ройгон, рафтан ба истироҳатгоҳҳо дода шудааст, аммо Бибигул мегӯяд ғайр аз нафақаи маъюбӣ дигар чизе намегирад.

Ҳоло Бибигул Саъдиева аз шахсони саховатпеша хоҳиш дорад, ки барои соҳиби кулбае шудан ба ӯ кӯмак кунанд. Вай аз мақомоти тоҷик дархост дорад, ки ба ӯ кӯмак кунад, то фарзандонашро дар хориҷи кишвар ба табобат фаро гиранд то дар оянда солим бошанд. Шумораи телефони Саъдиева 951537585 аст.

Ҳамчунин дар инҷо шумораи ҳисоби бонкии Саъдиева барои шахсони хайрхоҳ оварда мешавад.

20220972101417070002

Ин ҳисоби бонки дар бонки «Агроинвестбонк» аст.

Гуноҳ дар мош аст ё дар мош?

Фаридун Ҳакимов, раиси Шӯрои ташкилоти ҷамъиятии иттифоқи маъюбон ва чернобилчиёни Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло 1620 нафар кӯдакони чарнобилчиён дар қайди ин ҷамъият ҳастанд ва моҳона ҳудуди 100 сомонӣ нафақапулӣ мегиранд.
Ба гуфтаи Фаридун Ҳакимов, фарзандони иштирокчиёни Чернобил бе хулосаи тиббӣ бояд ҷубронпулӣ гиранд. Аммо дигар ниҳодҳои молия барои ин чанд ҳуҷҷат талаб мекардаанд, ки боиси аз нафақа бенасиб мондани фарзандони онҳо мегаштааст. «Афсус ки ҳам раёсатҳои молия ва ҳам дигар идораҳо мегӯянд, ки аввал маъюб шаванд баъд мо ҷубронпулӣ медиҳем. Мо муқобили ин ҳастем, мо намехоҳем фарзандонамон маъюб ҳисобида шаванд.», мегӯяд Фаридун Ҳакимов.

Ба гуфтаи Фаридун Ҳакимов, чернобилчиён аз рӯи қонун имтиёзҳои зиёд доранд, аммо боз ҳамин қонун барои истифодаи имтиёзҳо маҳдудият пеш овардааст: «Иштирокчиёни Чернобил аз рӯи қонун дар бораи иштирокчиёни Чернобил имтиёзҳои зиёд доранд. Дар моддаҳои 5, 8, 9, 10 ва 11-и ин қонун мазкур имтиёзҳо барои иштирокчиёни Чернобил муайян карда шудааст. Афсус, ки дар охири ҳамин модда, «имтиёзҳои дар боло зикр шуда дар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон муайян карда мешавад» гуфта шудааст.»

Аммо бо гузаши 7 сол аз қабули қонуни мазкур ҷаноби Ҳакимов мегӯяд, ба ғайр аз қарори ҳукумати Тоҷикистон дар бораи имтиёзи квота барои ба мактабҳои олӣ дохил шудани фарзандони чернобилчиён дигар қароре содир нашудааст, то иштирокчиёни Чернобил он имтиёзҳоро истифода кунанд.

Вале аксари иштирокчиёни Чернобил кӯшиш мекардаанд то ба фарзандони худ унвони маъюбӣ диҳанд то барои онҳо нафақапулӣ ҷудо гардад. Фаридун Ҳакимов мегӯяд, маъюб нишон додани фарзандон дар оянда метавонад барои беобрӯ шудани худи кӯдакон оварда расонад ва дар ҷомеа онҳоро ҳамчун маъюб баҳо диҳанд. Ҳамчунин иштирокчиёни садамаи Чернобил бояд ҳамасола аз истироҳатгоҳҳову табобатгоҳҳо ройгон истифода кунанд. Аммо ба гуфтаи Фаридун Ҳакимов, ҷубронпулии ҳарсоларо бо розигии ҳамаи чернобилчиён дар шакли маблағ аз ҳукуматҳои маҳаллҳо дастрас мекунанд.

«Ҷубронпулӣ дар чорчӯби қонун надаромадааст»

Роҳбари ташкилоти Ҷамъиятии иттифоқи маъюбони Тоҷикистон мегӯяд, ҷубронпулии чернобилчиён то ба ҳол дар чорчӯби қонун надаромадааст. «Чор сол пеш лоиҳаи қарори ҳукумати Тоҷикистонро омода карда будем. Хулосаи вазоратҳои масъулро гирифта илова кардем. Афсус, ки вазорати меҳнат инро ба назар нагирифт ва ба ҳукумат пешниҳод накард. Ҳоло акнун бо тағйирот дар сохтори вазоратҳо ин масъала ба вазорати тандурустӣ марбут шуд.», гуфт Фаридун Ҳакимов.

Ба гуфтаи Ҳакимов, ҳамин тавр масъалаи саривақт пардохтани ҷубронпулии иштирокчиёни Чернобил, фарзандон ва оилаҳои бесаробон мондаи онҳо аз рӯи қонун ҳалношуда боқӣ мондааст.

Аз таърих

26 апрели соли 1986 яке аз реакторҳои нирӯгоҳи ҳастаии Чернобили Украина таркид. Бар асари ин садама ҳазорон нафар дар Украинаву Беларус ва вилоятҳои ҳаммарзи Русия ва ҳамин тавр, ҳазорон нафаре, ки аз саросари Иттиҳоди Шӯравӣ барои рафъи авоқиби фалокати Чернобил сафарбар шуданд, заҳролуд шуданд.

Барои рафъи оқибатҳои садамаи Чернобил танҳо аз Тоҷикистон 5 000 сарбози эҳтиётӣ ва 1000 аскарбачаи навхидмат ба минтақаи фалокатзада фиристода шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG