Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зани раисиҷумҳур: Маводи мухаддир ба мусибати миллӣ табдил шудааст


Бибигул Ғанӣ аз кишту қочоқ ва истеъмоли маводи мухаддир дар Афғонистон шадидан нигаронӣ карда ва гуфт, маводи мухаддир дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар ба як мусибати миллӣ табдил ёфтааст.

Бибигул Ғанӣ, ҳамсари Ашрафғанӣ Муҳаммад – раисиҷумҳури Афғонистон гуфт, бо вуҷуди солҳо талош ва харҷи миллионҳо доллар мубориза бо маводи мухаддир дар ин кишвар "ҳосил" надодааст. Ӯ, ки 16 август дар ҳамоише дар Кобул сӯҳбат мекард, афзуд, кишту қочоқ ва истеъмоли маводи мухаддир дар Афғонистон ба як мусибати миллӣ табдил шудааст.

Ҳамсари раисиҷумҳури Афғонистон дар ҳоле ки сокинонро барои муборизаи ҷиддитар бо маводи мухаддир даъват кард, гуфт, ки худаш низ дар ин замина хомӯш нахоҳад монд.

"Имрӯз дар Афғонистон кишти кӯкнор, қочоқ ва истеъмоли маводи мухаддир, мутаассифона, ба як мусибати миллӣ мубаддал шудааст. Бояд ҳамаи мо масъулияти миллӣ ва фардии худро дар ин роҳ анҷом диҳем," -- таъкид дошт Бибигул Ғанӣ.

Рӯзи якшанбе дар Кобул ҳамоиши ҳамоҳангии расонаҳо дар ҳимоят ва густариши мубориза бо маводи мухаддир баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш мақомоти ҳукуматӣ низ ҳузур доштанд ва ҳамсари раисиҷумҳур Ашрафғанӣ Муҳаммад гуфт, "истеъмоли маводи мухаддир дар Афғонистон сабаби афзоиши хушунатҳо дар баробари занон шудааст". Вай афзуд, ки расонаҳо бояд бо додани огоҳӣ ба мардум ҷилави мушкилоти бархоста аз истеъмоли маводи мухаддирро бигиранд.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки ноамнӣ дар минтақаҳои шимоли он кишвар моҳҳои охир боис ба афзоиши майдонҳои кишти маводи мухаддир дар манотиқи марзӣ бо Тоҷикистон шудааст. Ба қавли мақомоти Афғонистон қариб як сол боз дар минатқаҳои шимол ҷангҷӯёни асосан хориҷӣ, ки баъзеяшон худро ҷангҷӯёни Толибон ва "Давлати Исломӣ" муаррифӣ кардаанд, ҷамъ омада, бо нерӯҳои давлатӣ вориди даргирӣ шудаанд. То кунун ин ҷангҷӯён баъзе аз вулусволи ё ноҳияҳои вилояти Бадахшон Кундузро зери тасарруф худ даровардаанд.

Виктор Иванов, раиси Хадамоти федеролии мубориза бар маводи мухаддири Русия, моҳи майи соли ҷорӣ дар нишасти Шӯрои раҳбарони ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддири кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Душанбе гуфт, манбаи аслии таъминоти молии гурӯҳи “Давлати Исломӣ” қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир аст. Оқои Иванов дар идома Афғонистон ва Амрикои Ҷанубиро манбаи аслии тавлид ва қочоқи маводи мухаддир номид ва гуфт, маводи мухаддир ба кишварҳои Аврупо ҳоло на танҳо ба воситаи Балкан мерасад, балки аз тариқи Эрону Туркия, Ироқи ноором, Халиҷи Адан, минтақаи Соҳилии Африқо гузашта ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мерасад.

"Мо мебинем, ки транзити ҳероин (аз Афғонистон) ва ҳам кокаин аз Амрикои Ҷанубӣ заминаи аслии ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир аст. Фурӯши ҳероин ва кокаин авзоъ дар тамоми саёраро ноором мекунад ва сабаби зиёд шудани зӯроварӣ, ифротгароӣ, терроризм мешавад. Биноан як вазифаи асосӣ аз байн бурдани тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон ва Амрикои ҷанубист," -- гуфт Иванов.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG