Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Исми маргталабони Брюссел эълон шуд


Акси гумонбарони ҳамлаҳои 22 март аз камераҳои назоратии фурудгоҳи Брюссел

Акси гумонбарони ҳамлаҳои 22 март аз камераҳои назоратии фурудгоҳи Брюссел

Дар Белгия ба ёди қурбониёни ҳамлаҳои хунини рӯзи 22 марти Брюссел 3 рӯзи мотам эълон шудааст. Матбуоти Белгия исми ду бомбгузори маргталабро нашр кард.

Дар Белгия ба ёди қурбониҳои ҳамлаҳои хунини рӯзи 22 март дар пойтахти ин кишвар, шаҳри Брюссел, ки дастикам 31 кушта ва беш аз 270 захмӣ ба ҷо гузошт, 3 рӯзи мотам эълон шудааст. Масъулияти ду таркиш дар фурудгоҳи Завентеми Брюссел ва як таркиши дигар дар истгоҳи метрои Маалбек дар маркази пойтахти Белгияро гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифтааст.

Матбуоти Белгия рӯзи 23 март исми ду бомбгузори маргталабро, ки худро дар фурудгоҳ мунфаҷир карданд, нашр кард. Гуфта мешавад, ки маргталабон бародарон Холид ва Иброҳим Ал-Бакравӣ будаанд. Шабакаи RTBF гуфт, ки пулис ин бародаронро медонист.

Додситони федеролии Белгия Фредерик Ван Леюв гуфт, Иброҳим Ал-Бакравӣ худро дар фурудгоҳ ва бародари ӯ Холид худро дар истгоҳи метрои Маалбек таркондаанд. Ӯ гуфт, муфаттишон аз қуттии ахлот дар кӯча компутареро пайдо кардаанд, ки дар он паёми Иброҳим Ал-Бакравӣ низ ҳаст. Ӯ дар паём гуфтааст, ки худро амн ҳис намекунад ва метарсад, ки ба зиндон хоҳад афтод.

Акси гумонбари таркишҳо дар фурудгоҳи Брюссел аз камераҳои назоратӣ

Акси гумонбари таркишҳо дар фурудгоҳи Брюссел аз камераҳои назоратӣ

Ван Леюв гуфт, шахсияти ду нафари дигаре, ки яке аз бомбгузорони маргталабро дар фурудгоҳ ҳамроҳӣ мекарданд, ҳанӯз шиносоӣ нашудааст.

Матбуоти Белгия қаблан аксҳо аз камераи назоратиро нашр кард, ки дар он се марди ҷавон бо аробаҳо дар толори фурудгоҳ дида мешаванд. Бино ба гузоришҳои нашршуда, ду тан аз ин мардон зоҳиран маргталабоне буданд, ки худро дар фурудгоҳ мунфаҷир карданд. Мақомот мегӯянд, ҷустуҷӯи марди сеюм, ки низ ба даст доштан дар ин ҳамлаҳо гумонбар мешавад, фаъолона идома дорад.

Яке аз бародарони маргталаб, бино ба хабарҳо, ба як номи қалбакӣ дар минтақаи Форести Брюссел манзилеро иҷора гирифта буд. Ҳафтаи гузашта дар ҷапраёни амалиёти пулис даро ин манзил як марди мусаллаҳ кушта шуд. Дар ҷараёни он амалиёт пулис нишонаҳои изи ангушти Салоҳ Абдусалом, гумонбари асосии зиндамонда аз омилони ҳамлаҳои хунини моҳи ноябри Порисро пайдо карда буд. Баъди ин ба пулиси Белгия муяссар шуд, ки Абдусаломро дастгир кунад.

Мақомоти Белгия дар пайи таркишҳои шадиди рӯзи 22 март дар фурудгоҳ ва як истгоҳи метрои пойтахти ин кишвар, шаҳри Брюссел тадбирҳои амниятиро тақвият дода, амалиётҳои ҷустуҷӯӣ ба роҳ андохтааст. Белгия мизони таҳдиди ҳамлаҳои террористиро ба ҳадди баландтарин боло бурд ва дар пайи ҳамлаҳое, ки сарвазири ин кишвар Шарл Мишел “ҳамлаҳои террористии буздилона” унвонаш кард, дар Брюссел 225 нирӯи илофагиро мустақар кардаанд.

Нирӯҳои амниятии Белгия дар минтақаи Шаербееки пойтахт амалиётҳоеро ба роҳ андохтанд ва бино ба гузоришҳо, аз инҷо маводи тарканда ва парчами “Давлати исломӣ”-ро пайдо кардаанд.

Давлати тундрави “Давлати исломӣ”, ки қаламравҳое дар Ироқу Сурия ишғол ва дар ин сарзаминҳо эълони ба ном “хилофат” кардааст, дар сомонааш иддао кард, ки ҳамлаҳои Брюсселро “сарбозони хилофат” анҷом додаанд. “Амақ”, як хабаргузории марбут ба тундравони “Давлати исломӣ” ҳамчунин иддаои “Давлати исломӣ”-ро, ки масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯши худ мегирад, нашр кардаанд. Ин хабар мегӯяд: “Ҷангиёни “Давлати исломӣ рӯзи сешанбе алайҳи фурудгоҳ ва истгоҳи метро дар пойтахти Белгия, шаҳри Брюссел як силсила бомбгузориҳоро бо истифода аз тасмаҳову маводи тарканда анҷом доданд.”

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ҳамлаҳои Брюсселро “ҳамлаҳои хашмовар алайҳи мардуми бегуноҳ” номида, маҳкум кард. Раҳбарони кишварҳои Аврупо низ бо лаҳни хашмгинона ин ҳамлаҳоро, ки сарвазири Шветсия онро “ҳамла алайҳи Аврупои демократӣ” номид, маҳкум карданд.

Ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ дар Брюссел қатъ шуда, парвозҳо ва қаторҳо низ мутаваққиф шудаанд. Мақомот аз сокинон хостаанд, ки “дар ҷое ки ҳастед, бимонед.” Иттиҳодияи Аврупо, ки қароргоҳҳои асосиаш дар Брюссел қарор дорад, низ аз кормандонаш хостааст, ки дар хона бимонанд. Парчамҳо дар ҳавлии қароргоҳи Куммиссиюни Аврупоро дар Брюссел ба хотири мотами қурбониёни ҳамлаҳои 22 март нима афрохтаанд.

Шарл Мишел, сарвазири Белгия зимни эълони се рӯзи мотам ба ёди қурбониён гуфт, “ин як рӯзи сиёҳ барои миллати мост.” Подшоҳи Белгия Филипп ҳамлаҳои Брюсселро “буздилона ва нафтартовар” номид. Президенти Иттиҳодияи Аврупо Доналд Туск гуфт, “ин ҳамлаҳо дар роҳи хидмат ба адоват ва хушунат боз ҳам пасттар рафтани террористҳоро нишон дод.”

Белгия дар пайи ҳамлаҳои рӯзи 13 ноябри Порис, ки 130 кушта ба ҷо гузошт, дар меҳвари таваҷҷӯҳ қарор дошт. Бахши аъзами омилони ҳамлаҳои Порис аз Белгия буданд.

Салоҳ Абдусалом

Салоҳ Абдусалом

Ҳамлаҳои рӯзи 22 март ҳамагӣ 4 рӯз баъд аз боздошти Салоҳ Абдусалом, як гумонбари асосии зиндамонда, ки ба раҳбарии ҳамлаҳои Порис гумонбар мешавад, рух дод. Салоҳ Абдусалом рӯзи 18 март дар як амалиёти густарда дар канори Брюссел дастгир шуд.

Дар пайи ҳамлаҳои Брюссел тадбирҳои амниятиро дар фурудгоҳҳои саросари Аврупо тақвият додаанд. Фаронса, ки аз замони ҳамлаҳои моҳи ноябр дар вазъи изтирорӣ қарор дорад, тадбирҳои амниятиро дар марз бо Белгия афзоиш додааст.

Шаби гузашта чанд макони маъруфи дунё, аз ҷумла манораи Эйфел дар Порис, дарвозаи Бранденбург дар Берлин ва Маркази ҷаҳонии тиҷорат дар Ню-Йорк ба хотири қурбониҳои ҳамлаҳои Брюссел бо се ранги парчами Белгия – сиёҳ, зард ва сурх ороста шуданд. Ҳазорон нафар дар Плас де ла Бурс - майдони таърихии Брюссел ба нишони ҳамдилӣ бо қурбониён гирди ҳам омаданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG