Пайвандҳои дастрасӣ

Аз ин дарё ба он дарё. Пойзаниҳои Лукашенка - байни Ғарбу Маскав


Аляксандр Лукашенка ва Владимир Путин

Аляксандр Лукашенка ва Владимир Путин

Раисиҷумҳури худкома ва Маскавгарои Беларус дар ин авохир ба сӯи Ғарб нармиши бештар нишон медиҳад. Аммо ин оё ба маънои пушт гардондани ӯ ба Маскав аст?

Бо он ки муносибатҳои байни Минск ва Маскав, ки зери сояи сиёсатҳои Русия дар Украин мондаанд, рафтори ахири президенти Беларус Аляксандр Лукашенка суолеро ба бор овардааст, ки оё вай майли густариши равобит бо Иттиҳоди Аврупоро дорад?

Аляксандр Лукашенка дар гузашта ба шеваи шоирона аз забони беларусӣ мадҳ накардааст. Вале ин бор дар мулоқот бо ҷавонон дар аввали моҳи январ вай ба ҳимояти забони беларусӣ бархост.

Фарҳанг чизест, ки як беларусро беларус мекунад,” – гуфт Лукашенка ва афзуд: “На фақат адабиёту мусиқӣ ё меъмории мо, балки ҳамчунин забони мо, ки онро бояд донем, таърихи мо, ки бояд дар ёд дошта бошем ва арзишҳои мо муҳиманд, ки бояд барояшон арҷ гузорем.”

Ҳимояти ғайриинтизор аз худшиносии миллӣ ва бавижа забони беларусӣ яке аз чанд нишонаи нороҳатии рӯзафзуни моҳҳои ахири президенти худкомаи Беларус аз афтодан зери сояи геополитикии ҳамсояаш Русия аст.

“Муҳим нест, кӣ, ҳар касе ки барои сарзамини Беларус ояд, ман бо ӯ хоҳам ҷангид. Ҳатто агар (президенти Русия Владимир) Путин бошад!” ” - гуфт Лукашенка моҳи майи гузашта дар мусоҳиба бо телевизиони “Дожд”.

ПУШТИБОНӢ АЗ УКРАИНА

Бӯҳрон дар Украинаи ҳамсоя, ки дар ҷараёни он Лукашенка пойфишорона аз истиқлолият ва якпорчагии арзии Украина ҳимоят кард ва талош намуд, бо миёнаравии фаъол хушунатро коҳиш диҳад, зоҳиран, барои Беларус имконеро фароҳам овард, ки равобиташро бо Ғарб беҳтар кунад.

“Бо назардошти мушкилоти афзояндаи президент Лукашенка бо Кремлин ин як ангезаи иловҳагии ӯ барои муколама бо Иттиҳоди Аврупо буд,” - мегӯяд Ҳрант Костаниён аз Маркази омӯзиши сиёсатҳои аврупоӣ дар Бруссел.

Мая Косянчич, сухангӯи сарвари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Фредерика Могеринӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин эътилоф мавзеъгирии Лукашенкаро дар мавриди Украина “дуруст” мешуморад. Беларус ба таҳримҳои зидди кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ки Русия ҷорӣ кард, ҳамроҳ нашуд. Ин ҳам дар ҳоле ки узви Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиёии Маскав буд.

Як мансабдори ИА, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, огоҳ кард, ки сӯҳбат аз беҳбуди равобит бо Минск зудҳангом аст, ҳарчанд “қадамҳои мусбат” дида шудаанд. “Минск бедор шуд ва фаҳмид, ки ҷаҳон бисёртарафа аст ва наметавон танҳо ба як коршарик такия намуд,” - гуфт ин мансабдор.

Зиёда аз 20 сол мешавад, ки ҳамчун раҳбари Беларус, Лукашенка моҳирона дар байни Маскав ва Ғарб “шино мекунад” ва аз як сӯ ҳадяҳои олиҳимматона ва ҳимояти сиёсии Русияро истифода мебараду аз сӯи дигар ба кӯшишҳои Маскав барои зерипо кардани истиқлолияташ ва ҳатто ҳамроҳ кардани он ба Федератсияи Русия муқовимат нишон медиҳад.

СИЁСАТИ РУСИЗУДОӢ

Вале ин бор мавзеъгирии саркашонаи Лукашенка решаҳои чуқуртар медавонад. Ҳафтаи гузашта матбуоти давлатии Беларус аз сиёсати нави «русизудоӣ» дар мактабҳои кишвар хабар дод, ки зоҳиран, аз сиёсати ҳифзи забони беларусӣ «об мехӯрад». Бино бар назарсанҷии соли 2009, 53.2 дарсади аҳолии кишвар беларусиро забони модарии худ мехонанд. Ин адад дар соли 1999 ба 73.6 дарсад баробар буд.

26-уми январ ҳукумат бузургтарин размоиши захираҳои инсонии худ дар тамоми давраи осоиштаи таърихашро эълом дошт. Дар он қарор аст, 15000 ширкат кунанд.

Ва 1-уми феврал назарияи нави ҳарбии ин кишвар бақо пайдо мекунад, ки бино бар он Беларус “ирсоли гурӯҳҳои мусаллаҳ, нерӯҳои ғайридавлатии ҳарбӣ, зархаридон ё нерӯҳои расмии мусаллаҳи ҳар кишвари хориҷӣ ё аз номи ҳар кишвар ба Беларус” маънии эълони ҷангро хоҳад дошт.

Моҳи декабр, дар авҷи “ҷойивазкуниҳо”-и ҳукуматӣ, ки зоҳиран, бар пояи вазъи бади иқтисодӣ сар заданд, Лукашенка мансабдор музофотӣ Аляксандр Косинетсро раиси дастгоҳи худ таъин кард, ки нафари дувум дар кишвар мебошад.

Косинетс низ мисли Лукашенка аз Витебск аст, вале як ватандӯсти беларус аст, ки зуҳуроти миллатгароии русиро дар ин вилоят саркӯб кардааст. Дар давраи раҳбарии ӯ ба рағми эътирози рустаборон ва казакҳо дар Витебск ҳайкали шоҳи литвонӣ Олҳриед барафрошта шуд.

Ҳамзамон Минск зина ба зина иқтисодиётро ислоҳ ва замонавӣ мекунад. Ба қавли Ҳрант Костаниён, ҳоло зиёда аз 55 дарсади беларусҳо дар бахши хусусӣ кор мекунанд. Ин бахш, ки тайи солҳо нерӯ гирифт, ба фарқ аз ширкатҳои азими давлатӣ, ки бо иқтисоди Русия пайвандҳои дерина доранд, шавқманди робитаҳои беҳтари тиҷоратӣ бо Аврупост.

ДУРНАМОҲОИ НАВ

Ҳамнавоии мавзеъгириҳои Минск ва ИА дар мавриди Украина, зоҳиран, имконияти беҳбуди равобити байни онҳоро ба миён меорад. ИА ба назар гирифт, ки Лукашенка соли гузашта чанд маҳбуси сиёсиро озод кард ва феҳрасти таҳримҳои зидди ҳукумати Беларусро “таҳрир” кард.

Минск зимни мавзеъгирияш дар масъалаи Украина ҳамчунин равобиташро бо ҳамсоягонаш дар Соҳили Болтик ва Лаҳистон ё Полша беҳтар мекунад. Латвия ҳоло раёсати давраии ИА-ро ба зимма дорад ва вазири умури хориҷии он Эдгарс Ринкевич гуфт, ки дар равобит бо Беларус “оғозҳои нав”-е ба назар расидаанд.

Дар соли 2014 Иттиҳодияи Аврупо бо Минск дар ду даври гуфтушунид масъалаи сабукиҳои раводиди сафарро баррасӣ кард ва даври савум бояд баҳори имсол ба вуқӯъ пайвандад. Манобеъ дар ИА мегӯянд, созишномаи сафари бевиза мумкин аст, дар нишасти навбатии сарон дар моҳи май дар Рига ба тасвиб расад.

Мақомоти ИА, аммо, таъкид мекунанд, ки онҳо нигоҳҳои худро ба масъалаи “маҳбусони сиёсӣ” дар Беларус дигар накардаанд ва ин мушкил монеаи эътидоли амиқи равобит хоҳад буд. Бино бар маълумоти Авфи Байнулмилал, ҳоло дар зиндонҳои Беларус ҳафт маҳбуси сиёсӣ боқӣ мондааст.

Таҳлилгар Костаниён мегӯяд, Беларус ба ИА аломат дод, ки худи Лукашенка мехоҳад, дар нишасти сарон дар Рига ширкат варзад. Беларус ҳамроҳи Озарбойҷон дар Барномаи ҳамсоягии шарқӣ “зоғи ало” буданд, чун аз соли 2009 ба ин сӯ ҳамеша мансабдорони сатҳи поини худро ба нишасти сарон мефиристоданд.

Сухангӯи ИА Косянчич ширкати Лукашенкаро дар ҳамоиши Рига аз эҳтимол дур надонист, вале афзуд, ҳоло чунин гуфтугӯҳо нобаҳангом аст. Эҳтимол меравад, ки дар нишасти сарон дар Рига сарвазири Беларус Андрей Кобяков ширкат кунад. Дар чунин ҳолат низ сатҳи намояндагии он болотар хоҳад буд, чун дар саммити гузашта дар соли 2013 дар Вилнюс вазири корҳои хориҷӣ ширкат карда буд.

Аммо Русия ҳамоно абзори зиёде барои таъсир ба иқтисоди Беларус дорад. Бавижа дар риштаҳои энержӣ ва нерӯи барқ. Илова ба ин, Иттиҳодияи Аврупо ҳамоно ба Лукашенка фишор меорад, то ба ислоҳоти сиёсӣ пардозад, дар ҳоле ки Русия парвои низоми худкомаи Беларусро надорад. Ин масъала дубора замоне доғ хоҳад шуд, ки моҳи ноябр Беларус интихоботи президентӣ баргузор хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG