Пайвандҳои дастрасӣ

Чаро Белорус ҷоизаи Нобели Алексиевичро нодида мегирад?


Светлана Алексиевич, барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт.

Светлана Алексиевич, барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт.

Адиби Белорус Светлана Алексиевич барои асарҳояш дар бораи ҳаёт ва таҷрибаҳои сахти мардуми Шӯравӣ, сазовори ҷоизаи Нобел шудааст.

Светлана Алексиевич, адиби белорусиягӣ барои асарҳояш дар бораи ҳаёт ва таҷрибаҳои сахти мардуми Шӯравӣ сазовори ҷоизаи Нобел шудааст. Ҳафтаи равон дар Стокҳолм Светлана Алексиевич дар бораи эҷоди фазои саркӯби фикри озод дар Белорус қисса кард. Телевизиони давлатии Белорус тасмим гирифтааст аз намоиши маросими тақдими ҷоизаи Нобел худдорӣ кунад.

Аз замоне, ки Светлана Алексиевич барандаи имсолаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт эълон шуд, ӯ дар маркази таваҷҷӯҳ қарор дорад. Ҳафтаи равон дар Стокҳолм баъди анҷоми маросими тақдими ҷоиза ин адиби беларус гуфт, нерӯи илҳомбахшандаи ӯ таърихи муосир аст, ки онро метавон ба истилоҳ “муҷассамаи азият ва шуҷоати даврони мо” номид.

Светлана Алексиевич афзуд, ки “вақте ман таълифи асарҳоро шурӯъ кардам, мехостам фаҳмам, ки мо кӣ ҳастем? Чаро ба ваҷҳи умум, ҳаётамон ба ин шакли бад мегузарад? Медидам, ки мардум азият мекашанд. Мехостам посухи ин муамморо пайдо кунам.”

Имрӯз асарҳои Алексиевич, ки ба таърихи Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ва фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ бахшида шудаанд, ба забонҳои хориҷӣ тарҷума ва дар гӯшаҳои мухталифи олам ба фурӯш мераванд. Ӯ мегӯяд, ду моҳ пеш вақте барандаҳои ҷоизаи Нобел эълон шуданд, мақомоти Белорус хушҳол ба чашм намехӯрданд.

Ба гуфтаи Светлана Алексиевич, "мақомоти Белорус худро тавре вонамуд мекунанд, ки ман вуҷуд надошта бошам. Дар Белорус асарҳои маро нашр намекунанд. Ман имкон надорам дар ҷойҳои ҷамъиятӣ суханронӣ кунам. Ҳатто дар ёд надорам, ки телевизиони давлатӣ ба ман ҳатто занге зада бошад.”

Дар Белорус, ки баъзан охирин диктатураи Аврупо номида мешавад, Алексиевичро ҳамчун мунаққиди президенти ин кишвар Александр Лукашенко ва раҳбари Русия Владимир Путин мешиносанд.

Ҳафтуми декабр дар арафаи тақдими ҷоизаи дар Стокҳолм Алексиевич дар бораи фазои тазйиқу фишори сиёсии кишвараш ва сарчашмаи он сӯҳбат кард. Вай аз ҷумла гуфт, ки “ман ҷуръат дорам, ки гӯям, ки солҳои навадуми қарни гузашта мо имкони зиёдеро аз даст додем. Суол ин аст, ки мо бояд дар чӣ кишваре зиндагӣ кунем? Давлати нерӯманд ё давлате, ки дар он мардум осуда аст? Мо давлати нерӯманди шабеҳи давлати гузаштаро интихоб кардем. Акнун мо боз дар ҳамон давраи гузашта зиндагӣ дорем.”

Дар ҳоле ки расонаҳои давлатии Белорус ҷоизаи Нобели Алексиевичро нодида мегиранд, дигарон ин ҳодисаро лаҳзаи сарнавиштсоз унвон додаанд. Стефан Эриксон, собиқ сафири Шветсия, ки аз Белорус ихроҷ шудааст, мегӯяд, мақомоти Минск бояд ин ҳодисаро барои беруншавӣ аз инзивои сиёсӣ истифода баранд: “Умедворам, ки мақомоти Белорус ин ҷоизаро барои тағйири назари Аврупо ва олам дар бораи онҳо истифода мебаранд.”

Вале барои Алексиевич вокуниш ба ин ҷоиза чунин аст: "Ҳар коре , ки ман мекунам, ин ҳақиқат аст, яъне он чизе, ки мебинам ва тавре ки онро дарк мекунам, ҳамааш ҳамин аст. Такрор мекунам, ки мо бояд ором корамонро давом диҳем."

Яъне Алексиевич таври маъмулӣ эҷоди асарҳоро идома медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG