Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олимпиадаи Сочӣ-2014 имрӯз ифтитоҳ мешавад


Имрӯз, 7-уми феврал, соати 20:14 ба вақти Маскав дар Сочӣ, дар варзишгоҳи “Фишт”, маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ барпо мегардад.

Дар ин маросим оташи олимпӣ фурӯзон карда, парчами олимпӣ бо панҷ ҳалқаи гуногунранг – рамзи иттиҳоди варзишгарони тамоми ҷаҳон - барафрохта мешавад. Вале ҷузъиёти бештари маросими кушоиши ботантанаи Бозиҳо махфӣ нигоҳ дошта шудааст.

Мувофиқи анъанаи олимпӣ, парад ё намоиши ҳайатҳои варзишии ҳамаи кишварҳои ширкаткунандаи Бозиҳо яке аз бахшҳои асосии ин маросим маҳсуб мешавад. Парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон лижарон Алишер Қудратов мебошад.

Дар маросими кушоиши Олимпиадаи Сочи роҳбарони 44 кишвар (ҳамагӣ наздики 60 кишвар дар назар аст) ширкат меварзанд, ки бисёре аз онҳо бо мақомоти Русия мулоқот мекунанд. Дарвоқеъ, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 6-уми феврал дар Сочи бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот кард, имрӯз дар маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ ширкат меварзад. Инчунин дар ин маросим дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун иштирок хоҳад кард.

Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах дар як нишасти хабарӣ дар маркази асосии матбуотии Олимпиадаи Сочи-2014 гуфтааст, ки "мо дар деҳаҳои олимпӣ бо варзишгарон мулоқот кардем ва шубҳае надорем, ки Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ ба дараҷаи баланд мегузаранд.»

Дар Олимпиадаи Сочи ширкати варзишгарони 88 кишвар аз ҳамаи қораҳои дунё дар назар аст. Аз қораи Аврупо 49 кишвар, аз қораи Амрико 15 кишвар, аз қораи Африқо се кишвар – Зимбабве, Марокаш ва Того, аз қораи Осиё 18 кишвар - Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ, Лубнон, Муғулистон, Непал, Покистон, Тайван, Тайланд, Тимор-Лесте, Тоҷикистон, Узбакистон, Филиппин, Ҳонконг, Чин, Ҷопон ва Эрон, аз Уқёнус 3 кишвар – Австралия, Зеландияи Нав ва Тонга иштирок мекунанд. Бояд гуфт, ки дар Олимпиадаи Сочи аз собиқ кишварҳои шӯравӣ танҳо Туркманистон ширкат намеварзад.

Ба барномаи Бозиҳо 15 намуд дохиланд: биатлон, бобслей, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, лижаронии дуҳарба, пойгаи лижатозӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, варзиши чанаронӣ, скелетон, дави босуръат бо конки, сноуборд, рақси рӯи ях бо конки, фристайл, хоккейи рӯи ях ва шорт-трек. Рӯзи 8-уми феврал мусобиқот дар 5 намуд – биатлон, пойгаи лижатозӣ, дави босуръат бо конки, сноуборд ва фристайл шурӯъ мешавад.

Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочи то 23-юми феврал идома меёбанд. Дар ин Олимпиада ширкати беш аз 2800 варзишгар дар назар аст. Онҳо барои 98 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд. Тилисми Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ, ки аз ҷониби сокинони Русия интихоб шудааст, Паланг, Хирси сафед ва Харгӯш мебошанд.

Даврон Муҳаммадиев
Даврон Муҳаммадиев
Машъали Бозиҳои зимистонаи олимпӣ, ниҳоят, ба Сочи расид. Бо ин машъал дар кӯчаҳои ин шаҳр, инчунин, донишманди тоҷик Даврон Муҳаммадиев давидааст. Вай раҳбари намояндагии Федератсияи байналмилалии Созмони Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Русия мебошад. Ӯро барои бурдани машъали олимпӣ ширкати «Coca-Cola”-и Русия, ки ҳамкори Эстафетаи машъали олимпии «Сочи 2014» мебошад, пешбарӣ кардааст. Доктори илмҳои тиб Даврон Муҳаммадиев соли 2005 бо Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаҳои илм ва техника мукофотонида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 5-уми феврал дар Сочи, дар Деҳаи олимпии кӯҳии “Роза Хутор”, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти садои Суруди миллии кишвар барафрохта шуд. Дар ин маросим Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ки ҳамзамон ноиби аввали президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар мебошад, ширкат дошт.

Ҷаноби Неъматов тавассути телефон аз шаҳри Сочи – макони баргузории Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ - ба радиои Озодӣ гуфт, “ дар маросими барафрохтани парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз чорабиниҳои муҳими Бозиҳои олимпӣ ба ҳисоб меравад, аз ҷониби кумитаи тадорукоти Олимпиадаи Сочи-2014 гимнасти машҳури Русия Алексей Немов, қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ, иштирок кард. Дар ин маросим, инчунин, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев, мудири кулли ин кумита Муҳаммадшо Абдуллоев, варзишгарони тоҷикистонӣ Алишер Қудратов ва Андрей Дригин, раҳбарияти Ҷамъияти тоҷикон дар кишвари Краснодари Русия ва бархе аз ҳамватанони мо ширкат варзиданд.”

Ба иттилои ҷаноби Неъматов дар Олимпиадаи Сочи аз Тоҷикистон танҳо як варзишгар – Алишер Қудратов - дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом иштирок мекунад. Вай афзуд, “лижаронҳои мо - Андрей Дригин ва Алишер Қудратов меъёрҳои муқарраршударо барои гирифтани роҳхат ба Олимпиадаи Сочи дар навъҳои гуногуни лижаронии кӯҳӣ ба ҷо оварда буданд. Ва тасмими охирин - додани роҳхат ба Олимпиадаи зимистона дар намуди лижаронии кӯҳӣ ба варзишгарони Тоҷикистон - дар ҷаласае, ки бо ҳузури намояндагони се ҷониб - Федератсияи байналмилалии лижаронӣ, Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи Сочи-2014 барпо гардид, гирифта шуд. Мо ҳарчанд кӯшиш кардем, ки ҳарду роҳхат бигиранд, вале бар асоси қоидаҳои мавҷуда дар як намуд – лижаронии кӯҳӣ танҳо як роҳхат дода шуд. Дар мувофиқа бо лижарони пуртаҷриба Андрей Дригин, ки Тоҷикистонро се бор дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ намояндагӣ кардааст, мо ба феҳристи иштирокчиёни Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ Алишер Қудратовро, ки барои аввалин бор меъёрҳои олимпиро иҷро кардааст, дохил намудем. Алишер дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом рӯзи 22-юми феврал рақобат мекунад.”

Алишер Қудратов 11-уми январи соли 1986 дар ноҳияи Варзоби Тоҷикистон ба дунё омадааст. Вай аз солҳои бачагӣ дар мавзеи Сафеддара , ки дар ин ҷо аз замони шӯравӣ урдугоҳи лижаронӣ мавҷуд аст, тамрин мекунад. Қадаш 1 метру 60 сантиметр ва вазнаш 65 килограмм мебошад.

Алишер соли 2011 дар Бозиҳои 7-уми зимистонаи осиёӣ дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъи супергигант дар байни 24 нафар ҷойи 11-ум ва дар навъи Super Combined Slalom ҷойи 15-умро гирифта буд.

Бояд гуфт, ки дар Олимпиадаи Сочи аз 56 варзишгаре, ки кишварҳои Осиёи Марказиро намояндагӣ мекунанд, 51 нафарашон аз Қазоқистон, 3 нафар аз Узбакистон ва якнафарӣ аз Қирғизистону Тоҷикистон мебошанд.

Парчамбардорони ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Олимпиадаҳои зимистона:
Соли 2002, Солт-Лейк-Сити, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Ғаффор Мирзоев, раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Соли 2006, Турин, Италия
Баҳрулло Раҷабалиев, раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Соли 2010, Ванкувер, Канада
Алишер Қудратов, варзишгар.
Соли 2014, Сочи, Русия
Алишер Қудратов, варзишгар.
XS
SM
MD
LG