Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бек Сабурович мехоҳад Facebook-ро боз кунад, "дабраволтсо" намемонанд


Бег Зуҳуров

Бег Зуҳуров

Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ба саволҳои Озодӣ дар заминаи маҳдуд шудани дастрасӣ ба сайти иҷтимоии Facebook посух дод.

Озодӣ: Сайти Facebook кай боз мешавад?

Зуҳуров: Рӯзҳои наздик.

Озодӣ: Ба назари шумо баста шудани ин сайт ба обурӯи Тоҷикистон зарба намезанад?

Зуҳуров:
Шумо фикр мекунед, ки обурӯи Тоҷикистон аз Facebook вобастагӣ дорад?

Озодӣ: Ба ҳар ҳол, ин вазъият Тоҷикистонро дар пеши ҷомеаи ҷаҳонӣ ангуштнамо кардааст.

Зуҳуров: Дуруст, дуруст. Лекин ин “добровольцы” безор карданд.

Озодӣ: Ин одамоне, ки мегӯед, кистанд? Баъзеҳо шубҳа мекунанд ва мегӯянд, ки дар асл онҳо маъмурони сохторҳои амниятӣ ҳастанд.

Зуҳуров: Не-не, КГБ ба ин чиз тамоман марбут нест, ин ба корхонаҳои давлатӣ аслан вобаста нест. Инҳо одамоне ҳастанд, ки падару модару додару хоҳари худро дар ҷанг аз даст доданд ва онҳо сабабашро дар ахбори омма мебинанд. Мегӯянд, ки онҳо бизнеси худро давом медиҳанд. Ба ман онҳо занг мезананд, ман ба онҳо мегӯям, ки худатон ба Озодӣ, ба Азия-Плюс занг занед. Мегӯянд, ки не, ту намояндаи ин хадамот ҳастӣ, бояд ин чизро назорат кунӣ.

Озодӣ: Исми як-ду нафарашонро ба мо ҳам гӯед, мо барои тавозуни назарҳо аз онҳо ҳам пурсем.

Зуҳуров: Онҳо исмашонро намегӯянд. Онҳо мегӯянд, ки мо ба ту мегӯем, ту ба онҳо бигӯ, ки СМИ одамонро ҷанг меандозанд.






Озодӣ: Яке аз сайтҳои фаъоли Facebook сайти шарҳдорӣ аст, ки ба интиқоди мардум вокуниш мекунад. Оё Маҳмадсаид Убайдуллоев ё худи президент ба шумо муроҷиат накарданд, ки Facebook-ро боз кунед?

Зуҳуров: На, ягон муштарии Facebook то ҳол ба ман муроҷиат накардааст.

Озодӣ: Ман муштарии Facebook ҳастам, кай боз мешавад ин шабака? Мо посухи шуморо донистан мехоҳем

Зуҳуров: Мо масъалаҳои техникиро бинем.

Озодӣ: Яъне, пагоҳ ё фардо боз намешавад?

Зуҳуров: Не-не, мумкин шавад. Фардо қарор аст пеши мо намояндаҳои “добровольцы» биёянд, ман бо онҳо вохӯрам.

Озодӣ: Пас мо ҳам метавонем намояндаи худро ба ин мулоқот фиристем?

Зуҳуров: Майлаш, омаданд, ман шуморо даъват мекунам. Аммо онҳо худро ошкор кардан намехоҳанд

Озодӣ: Шумо мегӯед, ки Тоҷикистон як давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст, вале вақте назарҳои мухталифро мешунавед, сайтро мебандед. Ҳамин тавр не?

Зуҳуров: На, барои танқид не, барои дурӯғгӯӣ мебандем.

Озодӣ: Як-ду мисол оварда метавонед, ки мо манзури шуморо фаҳмем.

Зуҳуров: Як нафар занг задааст ва гуфтааст, ки “мо 50 ҳазор доллар додем ва онҳо дар хизмати мо ҳастанд, ҳам газета ва ҳам Facebook”.

Озодӣ: Пас, ба ин тартиб, таърихи дақиқи боз шудани Facebook кадом аст?

Зуҳуров: Рӯзҳои наздик. Ман пурсиданӣ ҳастам. Ҳамин Facebook ягон соҳиб надорад?

Озодӣ: Муассиси Facebook дар аз Амрико аст, шахсе бо номи Марк Зукерберг аст. Вай ин сайтро дар Амрико боз кардааст.

Зуҳуров: Ягон сайти тоҷкӣ дар Амрико кор мекунад?

Озодӣ: Суоли ман дар бораи рӯзи бозшавии Фейсбук буд

Зуҳуров: Даромади Facebook чӣ қадар кам шуд ин рӯзҳо?

Озодӣ: Кам нашудааст. Вай аз Тоҷикистон даромад надорад.

Зуҳуров: Хуб, мо фикр мекунем, аммо мо бояд фикри ҷамъиятро ба инобат гирем.
Мо хизматии давлатӣ ҳастем, дар хизмати давлат ҳастем. Мурдум аз мо илтимос мекунанд ки масъаларо бинем.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG